Бо Муҳиддини Музаффар, коргардони шинохтаи тоҷик доир ба рӯзгору корҳои эҷодӣ, истеҳсоли филм, ҷоизаҳои байналмиллалии филмҳои тоҷикӣ, харидору бозори филм дар кишвар ва мушкилоти синамои миллӣ суҳбат кардем.
НАҚЛИ ЯКУМ. “ДУРУД БА КОРГАРДОНҲОИ ТЕАТР, ОНҲО ҚАҲРАМОНАНД”
– Бешак, шумо аз ҷумлаи ҷавонони сарсупурдаи ҳунар ҳастед. Чун ҳоло дар остонаи солрӯзатон қарор доред, аз худфидоиву сарсупурдагӣ пушаймон нестед?
– Ростӣ, ин соҳаро дӯст медорам. Худамро бидуни он тасаввур карда наметавонам. Вақте ки дӯст медоред, дигар зарару манфиатро фикр намекунед. Бовар мекунед, вақте ки лоиҳае ба анҷом мерасад, худамро бисёр бадбахт эҳсос мекунам. Берун аз майдони навор ва умуман бидуни кор ҳеч касам, худамро дар ин олам нодаркор ҳис мекунам. Аз ин рӯ кӯшиш мекунам, ки ҳамеша пойбанди коре бошам ва ба воситаи маҳсули эҷодам ба ҷомеа каме ҳам бошад, нафъ расонам.
– Барои мисол агар журналист, муаллим, табиб ё муҳандис мешудед, оё то ин ҳад фидоӣ мегаштед ё не?
– Дар наврасӣ ба футбол бисёр шавқ доштам ва узви дастаи наврасони ноҳия будам. Он вақт агар дастаи мо мағлуб мешуд, бисёр ғам мехӯрдам ва худро бадбахт ҳис мекардам. Яъне чунин касам, ки мағлубиятро намеписандам ва ба ҳар коре даст занам, худамро пурра ба он мебахшам. Фикр мекунам, соҳибкасб бояд чунин бошад.
– Шумо Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзодаро бо ихтисоси ҳунарпешаи театр ва синамо хатм карда, чандин сол ҳамчун ҳунарпешаву коргардон фаъолият намудаед. Чӣ сабаб шуд, ки пурра ба синамо гузаштед?
– Барои басаҳнагузории як намоиш вақти зиёд сарф мекардам. Барои мисол намоиши “Қорӣ ишкамба”-ро дар тӯли шаш моҳ таҳия кардам, аммо онро дар умум 5 ҳазор одам тамошо кард. Ҳамон вақт ба хулосае расидам, ки бояд коре кунам, ки маҳсули эҷодамро ҳарчи бештар бибинанд. Дуруд ба коргардонҳои театр, онҳо қаҳрамонанд. Вале ман дар даруни театр нагунҷидам. Аз ҷониби дигар фаҳмидам, ки ба синамо даркорам. Фаҳмидам, ки барои ҳунармандоне, ки чандин сол боз образи зиндагиашонро интизоранд, даркорам. Дарк кардам, ки барои синамо ва дӯстдоронаш хидматам зиёдтар мерасад…
НАҚЛИ ДУЮМ. “БЛОГЕР”, “ҶОСУС”, “МОҲӢ ДАР ШАСТ”
– Шумо роҳбари эҷодии киностудияи “Довфилм” ҳастед. Бигӯед, ки аз рӯи нақша имсол кадом филмҳо ба экран мебароянд?
– Аз рӯи нақшаамон, насиб бошад, се филм – “Блогер”, “Ҷосус” ва “Моҳӣ дар шаст” ба намоиш гузошта мешавад. Моҳи май ба муносибати Рӯзи ҷавонон нахустнамоиши “Блогер” сурат мегирад, сипас дар охири моҳи август филми “Ҷосус” ба экран мебарояд ва охири октябр, яъне пас аз нахустнамоишҳо дар хориҷи кишвар филми “Моҳӣ дар шаст” дар кинотеатрҳои ҷумҳурӣ нишон дода мешавад.
– Овозаи филми “Моҳӣ дар шаст”-ро бисёр шунидем, аммо доир ба “Блогер” ва “Ҷосус” маълумоте нест. Бигӯед, ки онҳо аз чӣ қисса мекунанд?
– Ин ду филм бозгӯйкунандаи вазъи кунинии ҷомеа ҳастанд. Ба ибораи дигар дар “Блогер” ва “Ҷосус” мавзуъҳое баррасӣ шудаанд, ки мушкили рӯз ҳастанд ва умед дорем, ки диққати бештари ҷавононро ҷалб мекунанд.
– Филмро дар кинотеатр намоиш додан душвор аст?
– Дар кишвари мо филмро дар кинотеатр гузоштан душвор аст, зеро мо шабакаи ягонаи кинотеатрҳо надорем. Масалан дар Қазоқистон чанд “дистрибюторе” ҳастанд, ки ба онҳо филмро медиҳед ва онҳо дар кинотеатрҳояшон ба намоиш мегузоранд. Фоида 50 бар 50 мешавад ва дар ивази фоидаи гирифтааш таблиғи филмро ба роҳ мемонад, ки барои созандагони филмҳо бисёр осон мешавад. Яъне эҷодкор танҳо дар фикри эҷод аст, на дар фикри сарпараст, фурӯш ё кинотеатру тамошобин. Аз сабабе, ки мо ҳамаи корро худамон мекунем, бисёр сахт аст.
– Филмҳои шумо ҷоиза зиёд мегиранд. Масалан филми “Дов” дар 33 ҷашнвораи синамоӣ ширкат намуда, 25 ҷоиза ба Тоҷикистон овардааст. Бигӯед, ки ҷоиза барои филм ё ҳайати корӣ то кадом андоза муҳим аст?
– Пеш аз ҳама ба ҷашнвораҳо рафтани филмҳои тоҷикӣ ба фоидаи давлату миллат аст. Кино тарғибгар аст ва ҳар ҷоизаву унвоне, ки филмҳои тоҷикӣ мегиранд, қабл аз ҳама ба имиҷи кишварамон таъсир мерасонад. Аз ҷониби дигар, сазовор шудани филм ба ҷоизаҳо ба эътироф шудани коргардон ва албатта ҳайати корӣ бетаъсир намемонад.
НАҚЛИ СЕЮМ. НАМЕХОҲАМ ФИЛМҲОЯМ ПЕШ АЗ ХУДАМ БИМИРАНД
– Метавонед бигӯед, ки мо барои таҳияи филмҳои хубу таъсиррасон ба афкор чӣ кор бояд кунем?
– Нақшаи дурнамо надорем. Масалан кадом мавзуъҳо барои ҷомеаи мо муҳиманд, ки соли оянда филм созем? Ман фикр мекунам, ки бояд дар бораи «Роғун», чӣ гуна ба даст овардани Истиқлол, муносибати хонандагон бо омӯзгор ва умуман дар бораи масъалаҳои ҷомеа филмҳои ҳунарӣ таҳия кунем. Аслан дар синамои мо образи омӯзгор, пизишк, милиса ва намояндагони касбу кори гуногун, ки дар ҷомеа хидмат мекунанд, норӯшан аст.
– Оё филмҳои тоҷикӣ харидор доранд?
– Филмҳои тоҷикӣ харидор доранд, аммо бозор надоранд. Мардуми мо бисёр филмдӯст ҳастанд, вале набудани бозор аст, ки филмҳо хароҷотро намепӯшонанд ва барои тамошои мардум дар манбаъҳои боз дастрас намегарданд. Масалан мо бисёр кӯшиш карда истодаем, ки филми “Дов”-ро ба ҳама дастрас кунем, вале наметавонем. Зарур аст, ки бозор ташкил кунем ва фурӯшандаву харидорро рӯбарӯ намоем.
– Оё заҳмату машаққати коргардон имрӯз ба таври кофӣ қадр карда мешавад?
– Ман дар ин бора умуман фикр намекунам, зеро барои қадр шудан ё чизе тамаъ кардан кор намекунам. Ба ҷойи ин бештар дар андешае ҳастам, ки худам ба ҷомеа чӣ медиҳам, барои рафъи мушкилоти мавҷуда чӣ кор карда метавонам?
– Ҳоло дар бахши тоҷикии Ютуб силсилафилм таҳия кардан муд шудааст. Шумо фикри таҳияи филм ё силсилафилмеро махсус барои Ютуб надоред?
– Баъзан фикрҳо пайдо шуданд, вале ба хулосае омадам, ки чунин филмҳоро таҳия карда наметавонам. Намехоҳам филмҳоям пеш аз худам бимиранд.
– Ин ки бозори моро филмҳои хориҷӣ, махсусан филмҳои туркӣ гирифтаанд, айби кист?
– Айби мо, айби онҳое, ки масъуланд, аз он ҷумла ман. Ягона роҳи пеши филмҳои хориҷиро гирифтан, ин аст, ки тавлиди филмҳои худиро зиёд кунем. Барои истеҳсоли филми миллиро зиёд кардан нақша, идея, бозор ва сармоя лозим аст.
НАҚЛИ ЧОРУМ. ХЕЛЕ ХУШБАХТАМ
– Бархеҳо ба фикре ҳастанд, ки дард ба эҷодкор илҳоми изофӣ медиҳад ва барои беҳтар эҷод намудан мусоидат мекунад. Оё шумо ба ин андеша розиед?
– То андозае розиям, зеро маҳз ҳамон дард, яъне ҳис кардани рӯҳияи ҷомеа ва барои беҳтар шудани вазъ коре кардан сабаби тавлиди маҳсули эҷод мешавад. Эҷодкорон дар навбати худ мекӯшанд, ки бо маҳсули эҷодашон ҷомеаро тағйир диҳанд ва умуман бадиро маҳкуму некиро талқин кунанд.
– Ба чӣ бовар доред?
– 15 сол аст, ки дар синамо кор мекунам ва умеду бовар дорам, синамои тоҷикӣ ба бозори ҷаҳонӣ роҳ меёбад, бовар дорам, ки кишвари мо барои рушди соҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Муҳаббату самимияти мардум ин умеду боварро медиҳад.
– Аз чӣ метарсед?
– Метарсам, хеле тарси зиёд дорам. Метарсам, ки идеяҳоям амалинашуда мемонанд, метарсам, ки барои бозидани нақши орзуҳои як ҳунарманди солхӯрда мусоидат карда наметавонам, метарсам, ки вазифаву рисолатамро иҷро карда наметавонам.
– Шумо хушбахтед?
– Бале, хеле хушбахтам.
– Аз чӣ ифтихор мекунед?
– Аз тоҷик буданам.
– Аз худатон розиед?
– Аз рӯзгору корам шукр мекунам, аммо аз худам розӣ нестам.
– Орзуи “Оскар” гирифтанро доред?
– Аз кӯдакиям ин орзуро дорам ва ҷое навиштаам, ки бояд кай онро ба даст орам.
– Ин суҳбатро чӣ гуна ҷамъбаст мекунед?
– Аз ҳар касе, ки ин суҳбатро мехонад, хоҳиш дорам, ки агар барои рушди синамо аз дасташ коре биёяд, бетараф набошад!
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ