24 C
Душанбе

Муҳаррама Шарифова: “Майдони ҳунари асил холӣ намемонад”

КАТИБАИ ЯКУМ:

САҲМИ НИГИНА РАУФОВА

– Муаллима, шумо расо 40 сол пеш ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шудед. Маълум аст, ки он солҳо барои як духтар дар соҳаи сарояндагӣ таҳсил кардан чандон осон набуд. Оё волидон барои таҳсилатон зид набуданд?

– Ҳанӯз аз замони мактабхонӣ аҳли оила медонистанд, ки ман дар оянда ҳунарманд мешавам ва ба ҷуз ҳунарманд шудан дар дилам меҳри касбе набуд. Замоне ки тасмими ҳуҷҷатсупорӣ гирифтам, аҳли оила хуб қабул карданд ва бо дуои онҳо ман донишҷӯ шудам. Ногуфта намонад, ки имтиҳони қабулро назди устод Ҷӯрабек Муродов супурдам, ки, албатта, барои ман ифтихор аст.

– Медонем, ки бо шодравон Нигина Рауфова бисёр муносибати наздик доштед ва он касро дар ҳунар устоди худ мешуморед. Оё дуруст аст, ки шумо сурудҳои он касро аз радио ва телевизион гӯш карда, дар дафтаре менавиштед?

– Бале, чунин аст. Шояд барои насли шумо гуфтаҳои мо афсона намоянд, аммо бовар кунед, аз телевизион радио сурудҳои апаи Нигинаро рӯбардор кардан бароям бисёр лаззатбахш буд. Он замон дар ҷумҳурӣ танҳо як телевизион буд ва ҳар вақте ки сурудҳои апаи Нигинаро пахш мекарданд, ман дар дафтари махсусам онро навишта мегирифтам. Ҳатто мешуд ҳолатҳое, ки сурудро пурра навишта наметавонистам ва боз интизор мешудам, ки он сурудро тариқи радио нашр кунанд, то давомашро нависам.

– Дар ин кор касе шуморо роҳнамоӣ мекард?

– Роҳнамоям шавқу завқи беинтиҳо ба ҳунар ва муҳаббати зиёд ба апаи Нигина буд.

– Оё ҳамон дафтар ҳоло ҳам ҳаст?

– Замоне он дафтарро ба дафтари дигар кӯчонда, ба апаи Нигина додам. Он чандин сол дар дасташон монд ва пас аз вафоташон боз дафтар ба ман баргашт. Ҳоло бо ман аст. Дафтари мазкур бӯйи ҷавониҳоям мекунад.

– Дар он дафтар танҳо сурудҳо ҳастанд ё хотираву навиштаҳои дигар ҳам ҷой доранд?

– Не, танҳо сурудҳои апаи Нигина дар он навишта шудаанд.

– Маълум аст, ки онро варақ мезанед, ҷавониҳоятонро ёд мекунед ва шояд сурудҳои Нигина Рауфоваро замзама менамоед. Бигӯед, ки боз ба чӣ кор меояд?

– Чун солҳои зиёд мешавад, ки ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекунам, дафтари сурудҳои апаи Нигинаро гоҳ-гоҳ ба шогирдонам нишон медиҳам ва онҳоро ба қадр кардани ҳунари ҳунармандони асил ва заҳмат кашидан талқин мекунам. Метавонам бигӯям, ки дафтари мазкур ҳамчун намуна дар фаъолияти омӯзгориам истифода мешавад.

– Агар хато накунем, дар пайвастанатон ба Ансамбли давлатии «Дарё» ҳам Нигина Рауфова саҳм доранд. Оё дуруст аст?

– Албатта, саҳм доранд. Вақте ки дар Ансамбли давлатии «Дарё» озмуни қабули сарояндагон эълон шуд, ман бовар надоштам, ки дар қатори ҳунармандони асил дар чунин ансамбли овозадор кор карда метавонам. Дар яке аз дидорҳоямон бо апаи Нигина он кас роҳнамоӣ карданд, ки бояд дар озмун иштирок варзам. Ман гапашонро дар замин намонда, иштирок кардам ва аз озмун гузашта, шомили ансамбл шудам.

– Шумо панҷ рӯз пеш аз маргашон бо он кас дидору суҳбат доштед. Он суҳбат чӣ гуна буд ва чӣ мондааст дар лавҳи хотиратон?

– Замоне ки ман ба дарки сурудҳоям расидам, ба хулосае омадам, ки бояд пурра бо либосҳои миллӣ ҳунарнамоӣ кунам, зеро дар баробари суруду мусиқӣ, ҳамчунин сару либос ҳам тарғибгари фарҳангу тамаддун аст. Дар суҳбате, ки панҷ рӯз пеш бо апаи Нигина доштам, яке аз мавзуъҳоямон ҳамин сару либоси миллӣ буд. Он кас таъкид намуданд, то рӯзе, ки дар саҳна ҳастам, бо сару либоси миллӣ сурудхонӣ кунам.

КАТИБАИ ДУЮМ:

РИСОЛАТ, ТАҚЛИД, БОЗХОНӢ ВА ФАЗОИ МАҶОЗӢ

– Шумо аз ҷумлаи сарояндагони маҳбуби мо ҳастед, ки солҳост дар аксари рӯйдодҳои фарҳангии саросарӣ фаъолона иштирок мекунед. Бигӯед, ки оё душвор нест?

– Барои ман ҳамчун сароянда боиси ифтихор аст, ки дар рӯйдодҳои фарҳангӣ дар дохилу хориҷи кишвар ҳунарнамоӣ мекунам ва бо сурудҳои халқӣ фарҳангу тамаддуни тоҷикро муаррифӣ менамоям. Иштирок дар маҳфилҳо барои ман пеш аз ҳама иҷрои вазифаву рисолат ҳамчун ҳунарманд аст. Яъне мо барои ҳамин гуна маҳфилу рӯйдодҳо доиман омодагӣ дида, сурудҳои нав таҳия мекунем.

– Ҷое хондам, ки шумо гуфтаед: “Ман аз бо фонограмма хондан шарм медорам”. Воқеан ҳам, ҳамеша бидуни фонограмма мехонед?

– Бархе маҳфилҳое ҳастанд, ки он ҷо ғайри бо фонограмма хондан дигар илоҷе нест, зеро шароити лозим фароҳам оварда нашудааст. Аммо дар аксар ҳолат, ки шароит бошад, ман зинда иҷро карданро авло медонам.

– Ҳоло тақлиду бозхонӣ хеле зиёд аст, чаро?

– Фикр мекунам, ҳамаи ҳунармандон аз тақлид оғоз мекунанд ва агар дар давоми фаъолияташон кӯшиши худро ёфтан кунанд, ҳеҷ бадие надорад. Дар ин масъала ман назари манфӣ надорам, зеро хоҳу нохоҳ дар қадамҳои аввал, албатта тақлиду бозхонӣ ҳаст.

– Барои муаррифии ҳунаратон ба насли нав бояд дар интернет фаъол бошед, аммо чаро дар фазои маҷозӣ фаъол нестед?

– Ростӣ, ҳеч хуши фаъол будан дар интернетро надорам ва ҳар суруде, ки дар интернет гузошта шудааст, худам намондаам. Вале бо вуҷуди ин оҳиста-оҳиста дарк карда истодаам, ки насли наврас камтар ба телевизиону радио таваҷҷуҳ доранд ва бояд барои онҳо ҳам дар майдонҳои мувофиқу дастрас сурудҳоямонро нашр кунем.

– Дар мавриди он ки бархе сарояндаҳои ҷавон сурудҳои пешинро бозхонӣ мекунанд, чӣ фикр доред?

– Назари нек дорам, зеро аксари онҳо бори дигар сурудҳои чанд сол пешро зинда мекунанд. Боз хубии кори онҳо он аст, ки корашон босифат аст ва мусиқиро ба таври мудерн ва техникаи муосир бисёр хуб такмил медиҳанд.

КАТИБАИ СЕЮМ:

“МАЙДОН ХОЛӢ НАМЕМОНАД”

– Муаллима, фаъолияти омӯзгориятон низ назаррас аст. Чанд сол дар Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов дарс гуфтаед ва инак солҳои зиёд мешавад, ки дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба сарояндаҳои оянда дарс мегӯед. Чӣ гуна оғоз шуд ин роҳ дар ҳаёти шумо?

– Ман соли 1990 донишкадаро хатм карда, ба Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов рафтам. Солҳои бисёр вазнин буд, зеро ҳатто маош ҳам намегирифтем. Он ҷо тақрибан чор сол кор кардам ва бо сабабҳои мушаххас мураххас шудам. Ва пас боз рафтам ва 6 соли дигар кор кардам. Дар умум, даҳ сол дар он ҷо фаъолият намудам. Инак, 15 сол мешавад дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба шогирдон нозукиҳои ҳунари сарояндагиро меомӯзонам. Ин кор ба ман писанд аст ва бисёр хушбахтам аз он ки то қадри имкон ба ҷавонон кумак мекунам.

– Шумо ҳамчунин дар Ансамбли давлатии “Дарё” роҳнамои ҷавонон ҳастед. Ин корро чӣ гуна анҷом медиҳед?

– Ҳоло дар “Дарё” таваҷҷуҳи зиёд ба ҷавонон аст ва, албатта, то қадри имкон ба сарояндаҳои ҷавон нозукиҳои ин пешаи мушкилро меомӯзонам.

– Оё ба сарояндагони ҷавон умеди зиёд бастан мумкин аст?

– Бале, ба сарояндаҳои ҷавон умеду бовар кардан мумкин аст. Итминони комил дорам, ки майдони ҳунари асил холӣ намемонад.

– Ҳоло фаъолияти асосиатон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон аст. Он ҷо чӣ кор мекунед?

– Бале, ман ҳоло роҳбари бадеии гулдухтарони рубобнавози “Чаман”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон мебошам. Дар ин муддати кӯтоҳ сурудҳои пешини ҳунармандони асилро бозхонӣ кардем. Ҳамчунин нақшаи барпо кардани консерт ҳам дорем.

КАТИБАИ ЧОРУМ:

АРҶГУЗОРӢ

– То ҷое медонем, шодравон Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар бораи фаъолияти ҳунарии шумо видеофилме бо номи “Муҳаррама” гирифтаанд. Бигӯед, ки ин чӣ гуна тавлид шуд?

– Ман дар барномаи “Сафина”-и рӯзноманигор Нигинаи Муъмин чанд рубоии Маҳастиро суруда будам ва дар суҳбате Нигинабону дар ҳузури Сайф Раҳимзод номи маро ба забон меоранд, ки дар барномааш иштирок кардаам. Ҳамин тавр, бо муаллифии Нигинаи Муъмин ва коргардонии Сайф Раҳимзод дар ҳаҷми 35 дақиқа видеофилми “Муҳаррама” тавлид шуд, ки охирин кори коргардонии Сайф Раҳимзод буд.

– Арҷгузорӣ ба ҳунару ҳунарпеша то кадом андоза муҳим аст?

– Ман бисёр мешунавам, ки бархе мегӯянд, муҳим нест, аммо бовар кунед, хеле муҳим аст. Эҷодкор зуд меранҷад, вале вақте ки дар чунин лаҳзаҳо унвону ҷоиза ва дастовардҳояшро мебинад, албатта ҳамон афсурдагиву озурдагиро аз дил дур мекунад. Шукр, то имрӯз бо Ифтихорномаи Ҳукумати кишвар, унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ шудаам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо