29.7 C
Душанбе

«Бо қалби пур аз дард шеър мегуфт». Муаррифии китобномаи Ашӯр Сафар дар Душанбешаҳр

Ба баҳонаи муаррифии китоби «Ашӯр Сафар. Китобномаи шарҳиҳолӣ», ки бо кӯшиши бахши китобшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон чоп шудааст, дар Душанбешаҳр маҳфили бузургдошти ин шоири равоншод баргузор гардид.

Дар ин маросим адибону муҳаққиқон, китобшиносон ва ҳаводорони ашъори Ашӯр Сафар ширкат ва суханронӣ карданд.

Ҷумъахон Файзализода, мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон гуфт, Ашӯр Сафар 28 сол қабл ҷамъи моро тарк кард, вале суханаш чун ганҷинаи маънавӣ дар қалбҳои мо нақш бастааст.

Ӯ афзуд, “Ашӯр Сафар дар айёми ҷанги шаҳрвандӣ бо қалби пур аз дард шеър мегуфт, то мардумро ба ваҳдат даъват кунад. Имрӯз дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ мо номи ӯро бо ифтихор ба забон меорем.”

Файзализода дар поёни суханронияш бар аҳамияти китоби «Ашӯр Сафар. Китобномаи шарҳиҳолӣ» барои пажӯҳишгарон ва донишҷӯён таъкид кард. “Ин китобнома на танҳо гиромидошти Ашӯр Сафар, балки даъватест барои арҷгузорӣ ба адабиёти миллӣ”, – хулоса кард мудири Китобхонаи миллӣ.

Таъкид шуд, ки китобномаи «Ашӯр Сафар. Китобномаи шарҳиҳолӣ» 232 саҳифа дошта, моҳи майи 2025 аз тариқи интишороти “Меҳроҷ Граф” дар Душанбешаҳр чоп шуд. Мураттибони он Наргис Валиева ва Моҳрухсор Сархатова буда, пажӯҳиши китобшинохтӣ ва гирдоварии мавод аз сӯйи Моҳрухсор Сархатова, Шаҳноза Садирзода ва Комрон Сафар анҷом шудааст. Пешгуфтори китобнома ба қалами Аламхон Кӯчарзода, узви вобастаи Фарҳангистони миллии илмҳои Тоҷикистон мансуб аст.

Дар идома шоири номдор Муҳаммад Ғоиб аз хотираҳои неки худ бо Ашӯр Сафар ёдоварӣ кард: “Вай на танҳо шоири бузург, балки дӯсти меҳрубон ва ҳамсуҳбати нағз буд. Мо дар солҳои ҷавонӣ бо ҳам шеър мехондем, аз зиндагӣ мегуфтем.”

Ба андешаи вай, шеъри кӯдаки Ашӯр Сафар ба ашъори Мирсаид Миршакар ҳамсонӣ дорад. “Масалан шеъри “Тоҷикистон” бо содагӣ ва самимияти худ дили кӯдаконро тасхир кардааст”, – таъкид кард Муҳаммад Ғоиб.

Кароматуллоҳ Олимзода, донишманд ва фарҳехтаи тоҷик аз сафарҳои муштараки хеш бо Ашӯр Сафар нақл кард ва варо ҳамсафари хуб хонд.

“Мо бо Ашӯр Сафар ба бисёр ҷойҳо – аз Кӯлоб то Душанбе ва аз Хоруғ то Хуҷанд сафар кардем. Дар ҳар сафар ӯ бо шеърҳояш моро руҳбаланд мекард”, – иброз дошт Олимзода.

Шоири хушном Давлати Раҳмониён ашъори Ашӯр Сафарро бо байти зебои классикӣ қиёс кард. Ӯ бо итминон гуфт, осори Ашӯр Сафар барои наслҳои оянда низ роҳнамо хоҳад буд.

Аз сӯйи дигар шоир Бузургмеҳри Баҳодур аз хислатҳои инсонии Ашӯр Сафар ёд овард: “Ашӯр Сафар бо шӯхиву ҳазлаш ҳамеша атрофиёнро хушҳол мекард. Ӯ падари 11 фарзанд буд ва ҳар яки онҳоро бо ахлоқи нек тарбия кард, ки имрӯз ҳама дар роҳи рост қадам мезананд.”

Маҳфили мазкур бо қироати шеърҳои шоир ба поён расид.

Бояд гуфт, Ашӯр Сафар 1-уми майи соли 1928 дар деҳаи Работингаки ноҳияи Маскан (кунун Мир Саййидалии Ҳамадонӣ) зода шуда, Донишсарои шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Ӯ солҳо ба унвони омӯзгор ва сарнозири бахши маориф кор карда, дар рӯзномаи “Ҳақиқати Кӯлоб”-у радиои марказӣ ҳамчун хабарнигор фаъолият доштааст.

Ашӯр Сафар соли 1967 ба узвияти Иттиҳодияи нависандагон пазируфта шуда, бо эҷод ва нашри асарҳои «Илҳом», «Хандаи гулҳо», «Фарзанди аср», «Самари умр», «Гули маҳтоб», «Базми садоқат», «Гапи подор», «Арзи меҳр», «Гулбоғ» ва монанди инҳо миёни дӯстдорони шеър номдор шудааст.

Вай дорандаи унвонҳои Шоири халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва “Корманди шоистаи маорифи Иттиҳодияи Шуравӣ” мебошад.

Ашӯр Сафар 10-уми январи соли 1997 дар Кӯлобшаҳр аз олам чашм пӯшид.

Фарҳоди Худойназар,

барои «Адабиёт ва санъат»

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо