Бисёр хуб аст, ки яке аз шоҳкорҳои адабиёти муосири ҷаҳон, қиссаи «Молхона»-и нависандаи маъруфи англис Ҷорҷ Оруэл аз сӯйи Усмоналӣ Латифӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шуд. Аз ин нависанда то кунун асаре ба забони мо тарҷума ва чоп нашуда буд. Бинобар ин, ибтикори тарҷумони тоҷик бисёр хубу хушҳолкунанда аст. «Молхона» китобест, ки дар баробари романи «1984»-и Оруэл ба аксари забонҳои дунё тарҷума шуда ва хонандагону ноқидони бисёреро шефтаи худ кардааст.
Номи аслии «Молхона» ба забони англисӣ «Animal Farm» («Анимал Ферм») аст, русҳо онро «Скотный двор» ва эрониҳо «Қалъаи ҳайвонот» тарҷума кардаанд. Воқеаҳо дар дохили қалъа сурат мегиранд ва арсаи амали ҳайвонотро, ки қаҳрамонони асаранд, намешавад бо калимаи «хона» (молхона) маҳдуд кард. Ин қалъа мисли кишвари кӯчакест, ки дар дохилаш кору пайкори бисёр ба вуқуъ мепайвандад ва бо калимаи «хона» ифода кардани он дур аз тасаввур аст. Вусъати доираи амалиёт ва сужаи асар иҷозат намедиҳанд, ки онро «Молхона» бигӯем.
Азбаски «Қалъаи ҳайвонот» ба назари мо – хонандагони тоҷик андаке ғариб менамояд, шояд номи ин асарро ба тоҷикӣ «Сарои ҳайвонот» гуфтан дурусттару муносибтар бошад. Ба ҳар сурат «Саро» вусъати бештар дорад, ба ҳадде, ки дунёро ҳам маҷозан «саро» мегӯйем. Ғайр аз ин, калимаи «саро» дар тафовут аз «қалъа» (дар ҳамин маврид) барои мо наздиктару ошнотар аст. Бинобар ин, сазост, ки номи асар дар нашрҳои баъдии он ба «Сарои ҳайвонот» ё чизи мусонибтари дигар иваз бишавад.
“АС”