Садои як пирамарди лоғари мурданӣ аз миёни анбӯҳи ҷамъият ҳамҳамаи дохили толорро дарҳам шикаст: «Мо одам намешавем!» Билофосила дигарон низ ба ҳолати тасдиқи «албатта, комилан саҳеҳ аст, дуруст аст, намешавем» сарашонро такон доданд. Аммо дар ин миён яке даромад ва гуфт:
«Ин чӣ тавр ҳарф задан аст, оқо… шумо ҳамаро бо худатон қиёс мекунед! Чӣ хуб гуфтаанд: «Кофар ҳамаро ба кеши худ пиндорад», хоҳиш мекунам, ҳарфатонро пас бигиред».
Ман, ки ун вақтҳо ҷавоне биступанҷсола будам, бо ин яке ҳамсадо шудам ва дар ҳоле, ки хунам ба ҷӯш омада буд, бо эътироз гуфтам:
– Охир ҳаё ҳам барои одамизод хуб чизест!
Пирамарди мусофир, ки ҳамон тарз аз зӯри асабоният дик-дик меларзид, дубора дод зад:
– Мо одам намешавем!
Мусофирони дохили қатор низ тасдиқ карда, сарашонро такон доданд.
Хун ба сарам давид. Аз асабоният рӯйи поям набудам, дод задам:
– …Марди ноҳисобӣ! Аслан каллаат маразе гирифта, охир мехоҳам бидонам, аслан чаро одам намешавем. Хеле хуб ҳам одам мешавем… мусофирон дар қатор ба ҳолати эътироз ба ман ҳамлавар шуданд, ки:
– На, хайр, мо одам намешавем… инсоният ва маърифат хеле бо мо фосила дорад…
Садои ҷамоати дохили қатор ва доду бедоди онҳо оташи пирамардро хомӯш кард, ба ман гуфт:
– Бубин, писарҷон, мо ҳамаамон одам намешавем! Дубора садояшро кулуфт (ғафс) кард: «Мешавад баҷуръат гуфт, ки ҳатто то охири умрамон ҳам одам нахоҳем шуд».
Гуфтам:
– Зӯр, ки нест, мо одам мешавем…
Пирамард табассуме карду гуфт:
– Мо одам мешавем, вале ҳоло одам нестем, ин тавр нест?
Садоямро даровардам, аммо аз он рӯз ба ин рӯз солҳост, ки аз худам мепурсам: охир чаро одам намешавем?..
Зиндон рафтани ман дар ин солҳо бароям шонси бузурге буд, ки маъно ва мушкили чандинсолаамро ҳал кард ва аз рӯйи ин роз парда бардошт. Дохили толори бузурги зиндон бо панҷоҳ нафар зиндонии сиёсии кишвари худам, бо ашхоси барҷаста, соҳибони вазифаҳои муҳим, шахсиятҳои маъруф ва машҳур, аз қабили ҳукком, руасои давоири давлатӣ, вакилон, мардони сиёсии кобинаи собиқ, маъмурони олирутбаи муҳандисӣ ва дуктурҳои машҳур ошно шудам. Ағлаби онҳо аз таҳсилкардаҳои мамлакати Аврупо ва Амрико буданд, ағлаби кишварҳои мутамаддин ва мамолики тавсеаёфта ва ҳатто ақибмондаро низ аз наздик дида буданд. Ҳар як чандин забони хориҷӣ балад буданд. Маҷолиби баҳс ва интиқод пеш меомад ва бо ин ки бо онҳо таносуби фикрӣ надоштам, хеле чизҳоро аз эшон ёд гирифтам, аз ҳама муҳимтар муваффақ ба кашфи роз ва маънои қадимии худ шудам. Рӯзҳои мулоқоти зиндониҳо, ки хонаводаам ба дидорам меомаданд, хуб медонистам, ки хабари хуше бароям надоранд, кирояи манзилро пардохт накардаем, талаби баққоли сари кӯча рӯз ба рӯз зиёдтар мешуд ва аз ин қабил ҳарфҳо, хабарҳои нохуш ва касалкунанда… Намедонистам чӣ кор кунам, сардаргум будам, умедам аз ҳама ҷо қатъ шуда буд. Бо худ гуфтам, достоне менависам. Шояд яке аз маҷаллот харидораш бошад, бо ин тасмим қалам ба даст гирифтам, рӯйи тахтихоби зиндон нишастам. Аслан моил набудам бо пурҳарфӣ вақтгузаронӣ кунам, бо ёвагӯӣ вақтамро талаф кунам. Ҳанӯз чанд сатре нанавишта будам, ки яке аз рафиқони зиндон пешам сабз шуд, канори тахт нишаст. Аввалин ҳарфе, ки зад:
– Мо одам намешавем…
Ман бо собиқае, ки доштам, чун мехостам достон нависам, аз ӯ напурсидам чаро? Аммо ӯ мисли касе, ки муваззаф аст барои ман тавзеҳе бидиҳад, гуфт:
– Хуб диққат кунед, медонед чаро одам намешавем?
Ва баъд бидуни он ки боз ман саволе карда бошам, бо асабоният шуруъ кард:
– Ман таҳсилкардаи кишвари Суисам, шаш сол дар Белжик ҷон кандам.
Ҳамзанҷири ман шуруъ кард ба гуфтан ва моҷароҳо ва ҷараёноти даврони таҳсил ва кори худро дар Суис ва Белжик бо шарҳу басти тамом таъриф кардан. Ман хеле дилвопас будам, вале чорае набуд, наметавонистам ҳарфе бизанам… Дар байни суҳбатҳояш худро бо коғаз саргарм кардам. Қаламро рӯйи коғаз гузоштам, мехостам ба ӯ бифаҳмонам, ки кори фаврӣ дорам, шояд достонашро бо чанд ҷумла хулоса кунад ва ман аз шарраш халос шавам. Аммо ба ҳеч ваҷҳ на мутаваҷҷеҳ мешуд, на дастбардор буд. Агар ҳам фаҳмида буд, худашро ба нодонӣ зада буд!
– Он ҷоҳо касеро намебинӣ, ки дар дасташ китоб набошад. Агар ду дақиқа ҳам бекор бошанд, китобашонро во мекунанд ва шуруъ ба хондан мекунанд. Дохили автобус, қатор, ҳама ҷо китоб мехонанд. Ҳоло фикр кунед дар хонаашон чӣ мекунанд! Агар бубинед, аз тааҷҷуб шох дармеоред, ҳар кас баста ба маълумоти худаш китобе дар дасташ гирифта мехонад, аслан он одамҳо аз пурҳарфӣ ва ёвагӯӣ гурезон ҳастанд…!
Гуфтам:
– Баҳ-баҳ, чӣ қадр хуб, чӣ қадр олӣ…
– Гуфт: Бале, табиаташон ин аст. Ба миллати мо назар кунед. Оё нафаре маълум мешавад, ки китоб бихонад? Оқоҷон, мо одам намешавем, намешавем.
Гуфтам:
– Комилан саҳеҳ аст.
То гуфтам «саҳеҳ аст», дубора асабонӣ шуд, боз ҳам аз тарзи китоб хондани белжикиҳо ва суисиҳо суҳбат кард. Чун мавқеъи ғизо хӯрдан наздик буд, ҳарду баланд шудем, гуфт:
– Ҳоло фаҳмидӣ, ки чаро мо одам намешавем?
Гуфтам: Бале!
Ин мард нисфи рӯзи маро бо таъриф кардан аз тарзи китоб хондани белжикиҳо ва суисиҳо талаф кард.
Ғизоямро тунд-тунд хӯрдаму баргаштам. Боз ҳамон достонро шуруъ кардам. Коғазу қалам ба даст омодаи шуруъи достон будам, ки яке аз дигар руфақои зиндонӣ омад ва рӯйи тахт нишаст.
– Ба чӣ кор машғулӣ?
– Мехоҳам достон нависам…
– Эй бобо! Ин ҷо, ки намешавад достон навишт. Бо ин сару садо намешавад чизе навишт. Магар ин сарусадоро намешунавӣ? Шумо Аврупо рафтед?
– Поямро аз Туркия берун нагузоштаам…
– Оҳ, оҳ, оҳ, бечора. Хеле майл дорам, ки шумо саре ба Аврупо бизанед. Диданаш воҷиб аст. Зиндагии онҳо ғайри зиндагии мост. Ахлоқи махсус доранд. Ман тамоми Аврупоро зери по гузоштам. Ҷойи нарафта боқӣ намондааст. Пеш аз ҳама ҷо Донморк, Ҳоланд ва Суис будам. Бибинед, он ҷоҳо чӣ тавр аст, мардум нисбат ба ҳам ба дидаи эҳтиром нигоҳ мекунанд. Касеро бехуд, хатто бо кӯчактарин садое нороҳат намекунанд. Нигоҳе ҳам ба авзоъи мо бикунед, ин сарусадоҳо чист… ин тавр нест… шояд ман майл дошта бошам бихобам ё чизе бинависам ё чизе бихонам ё ин ки аслан кори дигаре дошта бошам… шумо бо ин сарусадо магар метавонед достон бинависед? Одамро озод намегузоранд…
Гуфтам:
– Ман дар ин сару садо ҳам метавонам чизе нависам, вале вуҷуди як нафар кофист, ки ҳавосамро парешон кунад.
Гуфт:
– Ҷони ман, дар ин сарусадо намешавад чиз навишт. Беҳтар нест сарусадо ҳам набошад? Чӣ ҳақ доранд шуморо нороҳат кунанд? Метавонанд оҳиста ҳам суҳбат кунанд.
– Ба ҷони худат, дар Донморк, Суис ва Ҳоланд чунин чизе муҳол аст. Мардуми ин мамлакат дар камоли озодӣ ва хушӣ зиндагӣ мекунанд, касе музоҳимашон нест, чунки он ҷоҳо мардум ба ҳамдигар эҳтиром мегузоранд.
Дар иваз дар ин харобшуда мо ҳамдигарро одам ҳисоб намекунем. Тасдиқ мекунед, ки хеле бетарбиятем, аммо чорае нест. Ӯ ҳарф мезад ва ман сарамро пойин андохта, чашмамро ба коғаз дӯхта будам, наменавиштам. Вале мисли одамҳое, ки машғули навиштан бошад, худамро саргарм карда будам. Гуфт:
– Бехуд худатонро хаста накунед, наметавонед, наметавонед чизе бинависед, ҳарчи навиштед, пок кунед. Аврупо ҷои дигаре аст… аврупоӣ – инсон ба тамоми маънӣ аст. Мардум ҳамдигарро дӯст доранд, ба ҳам эҳтиром мегузоранд. Аммо дар иваз мо чӣ тавр… ба ин далел, ки оқо, мо одам намешавем…
Ҳанӯз мехост рӯдадарозӣ бикунад, шонс овардам, садояш карданд, аз шарраш халос шудам. То рафта буд, бо худ гуфтам: Худо кунад дигар касе ин ҷо наояд. Сарамро пойин андохтам. Тоза ду хат навишта будам, ки зиндонии дигаре болои сарам нозил шуд ва гуфт:
– Чӣ тавр?
– Гуфтам, зинда бошӣ, бад нестам.
Рӯйи тахт нишаст ва гуфт:
– Ҷони ман, аз инсоният хеле дурем…
– Эй бечора… агар чанд моҳе Амрико мебудӣ, иллати ақибмондагии нафринкардаро мефаҳмидӣ. Дар Амрико мардум мисли мо беҳуда вақташонро талаф намекунанд, чарту парт намегӯянд, пурҳарфӣ намекунанд, вақтро тило медонанд…
Дар Амрико вақте бо одам ҳарф мезананд, ки воқеъан коре дошта бошанд, тоза он ҳам ду ҷумлаи мухтасари кӯтоҳ, ҳар кас машғули кори худаш аст… Оё мо ҳам ҳамин гунаем? Масалан вазъи ҳамин ҷоро бибинед, моҳҳост мо ғайр аз пурҳарфӣ ва ёвагӯӣ кори дигаре надорем. Ҳарфҳое, ки дар қуттии ҳеч атторӣ пайдо намешавад. Ин аст, ки Амрико ин қадр пешрафт кардааст. Иллати тараққии рӯзафрӯзашон ҳам ҳамин аст.
Ҳеч чӣ нагуфтам. Бо худ фикр кардам, ҳоло ин оқо, ки ин қадр аз сифоти хуби амрикоӣ ҳарф мезанад, ки музахраф намегӯянд, музоҳими касе намешаванд, фаҳмидааст, ки ман кор дорам, пояшро кашидаву рафтааст. Аммо ӯ маро ба осонӣ раҳо намекард.
Уфу пуф кардам, аслан таҳвил нагирифт.
Мавқеъи шом шуд, вақте мехост биравад, гуфт:
– Ҷони ман, мо одам шуданӣ нестем, то ин пурҳарфиҳо ва вақтгузарониҳои бехудӣ ҳаст, мо одам намешавем.
Гуфтам:
– Комилан дуруст аст…
Ғизоямро бо шитоб хӯрдаму шуруъ ба навиштан кардам.
«– Беҳуда худатро азоб надеҳ. Ҳарчи заҳмат бикашӣ, фоидае надорад…»
Ин садо аз болои сарам буд. То сарамро боло кардам, яке дигар аз рафиқони зиндонро дидам гӯшаи тахт нишаста ва гуфт:
– Хуб, рафиқ, чӣ корҳо мекунед?
Гуфтам: Ҳеч чиз.
Аммо ҷавоби ин ҷумлаи ман ин буд, ки:
– Ман тақрибан тамоми умрам дар Олмон будам.
Буғз гулӯямро гирифта буд, кам монда буд, ки аз шиддати асабоният дод занам, медонистам ин муқаддима чӣ муъҷизае ба дунбол дорад, ӯ идома медод:
– Донишгоҳи Олмонро тамом кардаам, ҳатто таҳсилоти мутавасситаамро ҳам он ҷо хондам, солҳои сол он ҷо кор кардам. Шумо дар Олмон касеро намебинед, ки кор накунад. Мо ҳам ҳамин гунаем? Масалан, вазъи моро бубин, на, на, мо одам намешавем, аз инсоният хеле дурем…
Фаҳмидам, ҳар коре бикунам, нахоҳам тавонист достон бинависам, бехуд заҳмат мекашам ва ба худ фишор меоварам, коғазу қаламро гузоштам замин, фикр кардам вақте ки зиндониҳо ба хоб мераванд, шуруъ мекунам.
Оқои таҳсилкардаи Олмон ҳанӯз олмониҳоро муаррифӣ мекард:
– Дар Олмон бекорӣ айб аст. Ҳарки мехоҳад бошад, олмониҳо ҳеч бекор намемонанд. Агар бекор монанд, барои худашон коре метарошанд, мудом заҳмат мекашанд. Ту дар ин чанд моҳ, ки ин ҷой ба ҳайси намуна касеро дидаӣ, ки коре бикунад? Ҳамин худи ту то ҳол дар зиндон коре анҷом додаӣ? Олмониҳо ин тавр нестанд, роҷеъ ба аҳволи худашон чиз менависанд, китоб мехонанд. Аммо мо чӣ тавр? Ҳарчи бикунем, парту балост, мо одам намешавем…
Вақте аз шарраш халос шудам, ки ними шаб буд. Мутмаин будам, ки дигар касе намондааст, ки роҷеъ ба одам нашудани мо конфронс бидиҳад, тоза бо умедворӣ достонро шуруъ карда будам, яке дигар нозил шуд. Ҳазрати эшон ҳам солҳое дар Фаронса будааст, ба маҳзи вуруд гуфт:
– Оқо, мувозиб бошед! Мардум хобанд, бедор нашаванд, музоҳимашон нашавед.
Хеле оҳиста суҳбат мекард. Ин оқо, ки хеле ҳам боадаб буд ва ин наҳваи тарбиятро аз фаронсавиҳо ёд гирифта буд, мегуфт:
– Фаронсавиҳо мардумони боадаб ва бошахсият ҳастанд, мавқеъи кор ҳеч кас музоҳимашон намешавад.
Бо худ гуфтам, Худо ба хайр кунад, ман бояд имшаб аз нимаи шаб ба ун тараф кор кунам. Оқои Фаронсарафта гуфт:
– Ҳоло бихобед, то фардо субҳ озод кор кунед, фаронсавиҳо бештар субҳҳо кор мекунанд, мо аслан вақти кор карданро ҳам балад нестем, мавқеъи кор мехобем ва вақти хоб кор мекунем. Ин аст, ки ақибмондаем, иллати ин ки одам намешавем, ҳамин аст. Мо одам шуданӣ нестем.
Оқои фарангӣ мавқеъе аз паҳлуям рафт, ки дигар рамақе дар ман намонда буд, чашмҳоям худ ба худ баста мешуд. Хобидам.
Субҳ зуд, қабл аз ин ки руфақо бедор шаванд, ба достоннависӣ машғул шудам. Яке аз руфақо дар ҳоле, ки об аз сару сураташ мечакид, гуфт:
– Медонӣ, инглисиҳо воқеъан одамони аҷибе ҳастанд. Шумо вақте дар Лондон ё ягон шаҳри Инглистон савори қатор ҳастед, соатҳо мусофирони ҳамкӯчаи шумо ҳатто як калима ҳам суҳбат намекунанд. Агар мо бошем, ин чизҳо ёдамон намеояд, на адаб, на назокат, на тарбият, хулоса аз ҳама чиз маҳрумем. Ҳамин тавр аст, ё на? Чаро шуморо ин ҷо нороҳат мекунанд? Худӣ ва бегона, ҳамаро нороҳат мекунанд. Дигар фикр намекунем, ки ин бандаи Худо кор дорад, гирифтор аст, на хайр… ин аст, ки одам намешавем ва нахоҳем шуд…
Коғазро қат кардам, қаламро ҳам зери миз гузоштам. Аз навиштани достон чашм пӯшидам. Хулоса, достон навиштан натавонистам, аммо дар иваз беш аз чанд достон чиз ёд гирифтам ва иллати ин матлабро фаҳмидам, ки чаро мо одам намешавем…
Ҳоло ҳар ҷо пеши ман асабонӣ бишавад ва бигӯяд «мо одам намешавем», фавран дастамро баланд мекунам, дод мезанам:
– Оқо, иллат ва сабабашро ман медонам!
Танҳо самаре, ки аз зиндон ба даст овардам, дарки ин матлаб буд.
Азиз Несин
Тарҷумаи Аҳмади ШОМЛУ
Таҳияи Н. ҚУРБОНЗОДА