15.1 C
Душанбе

МО ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОНЕМ!

Озарахши замину кайҳонем,

Нурбахшои роҳи ёронем,

Вориси фитрати ниёгонем,

Қудрати бозувони давронем,

Мо ҷавонони Тоҷикистонем!

Насли мо вориси ниё бошад,

Ҷадди мо қавми кибриё бошад,

Майли мо ҷониби зиё бошад,

Донишандӯзи шеъру девонем,

Мо ҷавонони Тоҷикистонем!

Мо равонем рағми ҳар зиллат,

Мо давоем рӯйи ҳар иллат,

Дар раҳи сарфарозии миллат

Ҳомии тоҷу тахти Сомонем,

Мо ҷавонони Тоҷикистонем!

САФАРМУҲАММАД АЮБӢ

мақолаи гузашта
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо