31.8 C
Душанбе

Меросбар

Мисраи гумгаштаи девони саргардониям,

Номаи нохондаи дунёи носомониям.

Қисса андар қиссаи асрори таърихам, агар

Чашми хат дориву бо чашмони дил мехониям.

Тан ба тан бо лашкари дарди замон ҷангидаам,

Доғи шамшери замон бошад хати пешониям.

Гар зи кор афтод дастам, ман ба дандон доштам

Парчами номуси миллат, иззати инсониям.

Ман ҳамон Золи Зарам, Соми далерам, Рустамам,

Ман ҳамон Фирдавсиам, Исмоили Сомониям.

Ман Каюмарсам, Ҳушангам, Ардашерам, Бежанам,

Аз нажоди ориёнам, тоҷикам, эрониям.

***

МАРГРО БЕЧОРА КУН

Вақти давон ба табъи равонам намерасад,

Ҳар кас ба умқи сабки баёнам намерасад.

Сабзидаам чу арчаи кӯҳӣ зи мағзи санг,

Дасти дарози боди хазонам намерасад.

Омӯхтам ба шеваи шаҳбоз пар задан,

Санги парону тири камонам намерасад.

Бар номи зоти поки ӯ то мебарам паноҳ,

Ҳаргиз зиён зи деву дадонам намерасад.

Бечора марг, мекушадам, зинда мешавам,

Дасташ дигар ба каштали ҷонам намерасад.

***

ШОИР

Гарчи як танга таги киса надорад шоир,

Бар дари хонаи Ҳотам ба гадоӣ наравад.

Бораш андохта бар шонаи хушки қаламаш,

Дасташ, ар хушк шавад, сӯи асое наравад.

Ҳарф дар риштаи андеша чу гавҳар бикашад,

Ончуноне ки дар он ҳарфи хатое наравад.

Дили ӯ хонаи дар раҳгузари сели ғам аст,

Нест рӯзе, ки дар он сели балое наравад.

Лавҳи аъло варақи дафтари табъаш бошад,

Шоири ҳақ зи пайи сифласитоӣ наравад.

***

ТЕЗАЛОБ

Ба зери тобаи дил тезалоби дард гирён аст,

Аё дида, мазан обаш, ки тоба сахт тафсон аст.

Миёни кӯчаҳои зиндагӣ кулхида мечархад,

Хаёлам пири бекасмондаи хотирпарешон аст.

Ҷаҳонро чашми хушбинам баҳори сабз мебинад,

Ба чашми ақл мебинам, ки дунё боғи урён аст.

Касе дар чашми бегона худӣ ҳаргиз нахоҳад шуд,

Гадо дар хонаи бечорагияш шоҳу султон аст.

Умеди дар сафар, бар шаҳри армони худат баргард,

Ки шаҳри бечароғ аз чашми бехобам чароғон аст.

***

РӮҲАТ ҚАВӢ БИДОР

Нашкан дилат, ба поят хоре агар шикаста,

Парвоз мекунӣ боз, эй мурғи паршикаста.

Шохи пунавҷ* аз бод хам зад агар, шавад рост,

Сад навда мекашад сар аз шохи таршикаста.

Сангов роҳи умр аст, дилҳо шикастаборанд,

Бисёр шишаи дил дар ин сафар шикаста.

Пое, ки каҷ бигирад баъди шикастабандӣ,

Ночор мешавад он бори дигар шикаста.

Дар муштҷанги қисмат кай мард ғолиб ояд,

Аз зарбае, ки хӯрдаст, рӯҳаш агар шикаста.

***

ДУШВОРТАҲРИР

Дилам дар кӯчаи андешаҳоям пешпоӣ мехурад ҳар дам,

Саманди пирро монад.

Хаёлам меравад аз сар ба дунболи ҳавасҳое,

Ки ҷасти тирро монад.

Китоби зиндагиям ин қадар душвортаҳрир аст,

Хати тақдирро монад.

***

АРВОҲ

Мард танҳо буду дар кӯчаи шаб

Музтарибҳолу хаёлӣ мерафт.

Бефараҳ раҳ мегашт,

Раҳ ба як ҳоли муҳоле мерафт.

Нигаҳи хаста ба ҳар сӯ мекард,

Ин қадар шаҳр чаро нобалад аст?

Шаҳр гӯё ки ҳамон шаҳри ҷавонияш буд,

Як замон таркаш кард,

Рафт аз пушти ҳавову ҳаваси сарвату мол

Ба диёри мардум

Ва ҷавонияшро

Кард дар ғурбат гум.

Мард молид сарашро, шояд

Пурсу посе зи ҷавонияш кард.

Марди чун халтаи дард,

Хамзада навдаи зард.

Ногаҳон дид ҷавонияшро,

Лек онро нашнохт.

Ин қадар беғам буд,

Ин қадар бардам буд,

Ин қадар буд гулафшон чу баҳор,

Нигаҳаш оташвор.

Аз ҷигар оҳ кашид,

Оҳи ҷонкоҳ кашид марду поён андохт

Сари чун шохаи пурбарф сафеди худро,

Дар сияҳлои шаби тира даромад, гум шуд.

***

ВАРЗИШГОҲИ САБЗИ ФАЛАК

Шаб асту осмон майдони варзиш,

Дар он ҷо ахтарон чун тӯббозон.

Ба рӯи сабзаи майдони бозӣ

Ба сони тӯби заррин моҳ ғелон.

Ба варзишгоҳ монад синаи ман,

Дилам дар синаам чун тӯби футбол.

Хурад ҳар лаҳза аз пойи ғаме зарб,

Шавад чун сабзаи майдон лагадмол.

***

ПУШАЙМОНИИ ДЕРШУДА

Модари чашмбараҳ, шодӣ кун,

Баччаи гумшудаат пайдо шуд.

Ин ҳама солу маҳу рӯз гузашт,

Зиндаи мурдагумон эҳё шуд.

Бори сангини хиҷолат бар дӯш,

Истодаст малӯлу хомӯш

Бар дари манзили вайронаи ту,

Хонаи бомии бомаш хаспӯш.

Шаҳр бар шаҳри ғарибӣ мегашт,

Солҳо дар ба дару хок ба сар.

Омада, сӯхта, афтобзада,

Дур аз сояи меҳрат, модар.

Бой додаст ҷавонияшро,

Омада дасттиҳиву шалпар.

Баччаат дер пушаймон гаштаст,

Мекунад гӯри туро ашкаш тар.

***

Аз хок бухори ашки сӯзон хезад,

Дуди ҷигарам чу боди афғон хезад,

Гӯянд:

– Ғамат ба гӯр бар, чун гузарӣ,

Тарсам, ки дар он диёр тӯфон хезад.

Моро ғаму дарди зиндагонӣ нашикаст,

Номардии ёрони забонӣ нашикаст.

Чун шохаи пурбарф таги барфи баҳор

Хам хӯрд, вале дил аз гаронӣ нашикаст.

Ғамдор будем ё ки беғам будем,

Саргарм ба гирумони олам будем.

Эй шефтаи карашмаҳои дунё,

Хушдор ба ин аҷуза мо ҳам будем.

Аз тори ҳаво барги хазон мерезад,

Монанди пари мурғи парон мерезад.

Борон ба раги буридае мемонад,

Хуни дили осмон аз он мерезад.

Бозори замонаро пур аз ғавғо бин,

Андар сари ҳар саре дусад савдо бин.

Ғам бо ману ман ба ғам зибас тан надиҳем,

Кашмокашии ману ғами дунё бин.

То чанд кунӣ сиёҳ рӯзи моро,

Хомӯш чароғи шабфурӯзи моро?

Афтоб паси абр намонад пинҳон,

Бин сӯзи алови абрсӯзи моро.

Бигзор гапу калочаи дунёро,

Нодида бигир олами пурғавғоро.

Овозаи шеъри мо ҷаҳонгир шудаст,

Ҳамсояи мо намешиносад моро.

Ин қадр хазон чӣ дидаи нам дорад,

Ранги рухи пуркидаи пурғам дорад?

Куштаст баҳорро ба як бераҳмӣ,

Бар куштаи худ нишаста мотам дорад.

Бас ханда, ки гиряҳои пинҳон дорад,

Хокистари сард алови сӯзон дорад.

Ин хоки сияҳ, ки ин қадар ором аст,

Оромии пеш аз дами тӯфон дорад.

Алимуҳаммад МУРОДӢ

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо