Китоби «Меҳру Муштарӣ»-и Ассори Табрезӣ дар таҳия ва бо муқаддимаи олими ҷавон Шоира Олимова омода гардида, дар нашриёти «Хуросон» ба зевари табъ ороста шуд.
Матни асар пурра аз рӯйи дастнависи муътабари китобхонаи миллии Фаронса ба нашр омода шуда, нуктаҳои заъфи он аз рӯйи чанд нусхаи дигари китоб такмил гардидаанд.
Гуфтанист, маснавии «Меҳру Муштарӣ» бори нахуст дар Фаслномаи илмӣ-адабии Камоли Хуҷандӣ манзури хонандагон гардида буд.
Китоби мазкур барои суханшиносону алоқамандони соҳаи адабиёт муфид аст.