6.1 C
Душанбе

МАРҲАЛАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БО ЮНЕСКО

Сарчашмаҳои таърихӣ ва мадракҳои бостоншиносӣ далолат бар он мекунанд, ки мардуми тоҷик яке аз куҳантарин ва мутамаддинтарин миллатҳо дар Осиёи Миёна буда, тули ҳазорсолаҳо ба бунёди шаҳрҳо ва фарҳангу тамаддун машғул буданд. Ин нукта аз нигоҳи илмӣ низ исботи худро ёфтааст. Аз ҷумла акаде мик Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасари худ “Тоҷикон” паҳлуҳои таърихии миллати тоҷикро бо далелҳо ва такя ба ёдгориҳои таърихӣ исбот намудааст. Соли 2026 аллакай 33 сол мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комили Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (минбаъд ЮНЕСКО) мебошад. Дар охири соли 2023-юм 30-солагии ҳамко риҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар сатҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд. Агар давраи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ЮНЕСКО ба се марҳала тақсимбандӣ на моем, марҳалаи аввал марҳалаи шомил шавӣ ва барқарор кардани муносибатҳо, марҳалаи дуюм марҳалаи омӯзиш ва муайян кардани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо ва марҳалаи сеюм, марҳалаи инкишоф ва рушди ҳамкориҳои Ҷумҳу рии Тоҷикистон бо созмони мазкур дар бахши мероси фарҳангӣ арзёбӣ карда мешаванд. Зикр кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳу рии Тоҷикистон дар самти муносибатҳои байналмилалӣ пас аз иҷлосияи XVIII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он нуктаҳои бунёдии сиёсати хориҷӣ баён гардида буданд, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва тибқи сиёсати «дарҳои боз» равобит ва ҳамкории гу стурда ва мутақобилаи судмандро бо ҳамаи мамлакатҳои ҳавзаҳои марбута ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон ба роҳ мон дааст. Натиҷаи чунин сиёсати ҳамгироӣ ва мутавозин аст, ки имрӯз Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, бо зиёда аз 140 мамлакати дунё ҳамкориҳои иқтисодию технологӣ ва фарҳангӣ дорад. Бояд тазаккур дод, ки солҳои 2021 2023 ва шашмоҳаи аввали соли 2024 нуқтаи авҷ ва рушди ҳамкориҳои Ҷумҳу рии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО мебошад. Дар ин марҳала таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба меро си фарҳангӣ (мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ) бештар гардида, зери назорати ҷиддӣ ва қатъии роҳбарияти олии мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Пре зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ко миссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт. Шахсан сафар намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои мил лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ва мулоқоту вохӯриҳо бо Даби ри кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса ҷаноби Эмануэл Макрон далеле аз ин гуфтаҳо мебошад. Танҳо дар соли 2023 якбора 15 унсури фарҳангӣ ва ёдгориҳои таъри хии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи асосии мероси ҷаҳонӣ ва Рӯйхати ре презентативии ЮНЕСКО ворид шуданд, ки заминаи асосии он маҳз бо талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузо шта шудааст. Ҳамчунин, дар ин давра парвандаи номинавии 11 адад ёдгории таърихии моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони миллӣ ва бай налмилалӣ ба Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардид. Хушбахто на, он ба рӯзномаи Иҷлосияи дахлдори ЮНЕСКО ворид шуда, моҳи июли соли 2025 ҷиҳати ворид шудан ба Феҳристи асосии ЮНЕСКО мавриди баррасӣ қарор гирифт. Лозим ба зикр аст, ки парвандаи номинавии ин ёдгориҳо таҳти унвони “Хуттали Қадим” дар Иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО аз ҷониби ҳайати кумита қабул гардида, ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги уму мибашарии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Намунаи дигари дар маркази та ваҷҷуҳ қарор гирифтани соҳаи мазкур татбиқи амалии “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025” мебошад, ки муво фиқи банди 22-и нақша-чорабиниҳои Барномаи мазкур, ворид намудани ёдго риҳои таърихию фарҳангӣ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва тибқи бан ди 23-и он, тарғибу ташвиқи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар сатҳи шоиста (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 майи соли 2020, №253) пешбинӣ шудааст. Таъсиси Намояндагии доимии Ҷумҳу рии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО ва таъйин намудани намояндаи доимӣ аз ҳисоби мутахассиси соҳаи мероси фарҳангӣ иқдоми шоистаи дигар барои рушди ҳамкориҳо арзёбӣ мешавад, ки ин иқдомот охири соли 2023 ва аввали соли 2024 рӯйи кор омаданд. Баргузории чорабиниҳои сатҳи бай налмилалӣ бахшида ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар қароргоҳи марказии ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса аз санаи 03 то 10 июни соли 2024 маҳз бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон саҳифаи тоза боз намуд. Дар ҳамоиши мазкур мероси хаттии мутааллиқ ба эҷодиёт ва осори Мавлоно, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст, ба шаҳри Париж муваққатӣ бурда шуда, ба намоиш гузо шта шуд. Ин иқдом диққати оламиёнро ба мероси гаронбаҳои хаттии ниёгони мо бештар ҷалб намуд. Тоҷикон бори дигар ҳамчун миллати соҳибфарҳангу соҳибта маддун ва соҳиби шахсиятҳои барҷаста дар соҳаҳои адабиёт, илм ва тамаддун қабулу эътироф шуданд. Далели дигари таваҷҷуҳи умдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва ҷаҳоникунонии унсурҳои фарҳангӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлисии Олии кишвар дар соли 2023 зоҳир мегардад. Зеро дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат баҳри рушд додани соҳаи ҳифзи ёдгориҳои таъри хию фарҳангӣ ва ҷаҳоникунонии мероси фарҳангии тоҷикон пешниҳод намуданд, ки Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар ҳамин росто, ташрифи босама ри Дабири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Конфронси сеюми байнал милалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз 10 то 13 июни соли 2024 ба вуқуъ пайваст. Дар ҳошияи ин чорабинӣ мулоқоти хонум Одри Азуле бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Дар мулоқот паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифта, мавзуъ ва масъалаи мероси фарҳангӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар меҳвари мулоқот қарор гирифтанд. Дар мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор до штанд: “Тавсеаи робитаҳо бо ЮНЕСКО дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок муайян гар дида, сатҳу муҳтавои имрӯзаи он боиси қаноатмандии мост”. Ҳамчунин, барои пуштибонии доимии ЮНЕСКО аз иқдомҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои илму маориф, ҳифзи мероси моддӣ ва ғайримоддии фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки “Шашмақом”, “Фалак”, “Гулдӯзӣ”, санъати бофтани атласу адрас, ҷашнҳои “Наврӯз”, “Сада”, “Меҳргон”, “Тиргон”, ёдгориҳои зиёди таърихӣ аз ҷумлаи мероси гаронбаҳои моддиву маънавии арзишманди тоҷиконанд, ки эътирофу эътибори ҷаҳонӣ пайдо намудаанд. Дар ин зимн саҳм ва дастгирии ЮНЕСКО дар ҳифзи фарҳангу анъанаҳои ниёгони мо ва таҳвили онҳо ба наслҳои оянда амри муҳим шумурда шуд. Дар мулоқот ёдоварӣ гашт, ки кишва ри мо ба ҳамкории судманди минбаъда бо ЮНЕСКО дар арсаи нигоҳдорӣ ва пешгирӣ аз нобудшавии мавзеъҳои таърихӣ ва ганҷинаҳои фарҳангии мил лӣ манфиатдор мебошад. Дар ин ҷода истифодаи зарфиятҳои фанноварию тех никии созмони мазкур дар доираи барно маи “Таҳкими иқтидор барои мудирияти мероси таърихӣ” зарур шумурда шуд. Дабири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле аз изҳороти мавқеъ, таклифу пеш ниҳодҳо ва қадамҳои устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра вобаста ба мероси фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки Ҷумҳу рии Тоҷикистон аллакай пурра дар марҳалаи рушди ҳамкориҳои густурда, махсусан ҳамкориҳо дар самти мероси фарҳангӣ ва ҷаҳоникунии он, қарор ги рифтааст. Яке аз самтҳои асосие, ки дар марҳа лаи нави рушди Тоҷикистон метавонад мавриди диққат ва корбарӣ қарор гирад, ин зарфиятҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ-фарҳангии ЮНЕСКО мебошад. Барои ин моро зарур аст, ки ҷанбаҳои иқтисодӣ ва иқтидории ЮНЕСКО-ро омӯхта, барои рушди соҳа пешниҳодҳои мушаххас манзур намоем, зеро ки дар ин раванд нақши муҳаққиқони соҳа ва олимон калидӣ аст. Номзади илмҳои таърих Сайҳомид Ҷаъфаров дар рисолаи илмии хеш аз ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг маълумот манзур кардааст. Аз ҷумла, дар рисолаи ӯ зикр гардидааст: “Ба хотири таъмини пойгоҳи моддиву техникии мактабҳои кишвар дар доираи ҳамкориҳои судманд бо ЮНЕСКО як қатор кумакҳои башардӯстона расони да шуд. Вазорати маорифи ҷумҳурӣ тавассути ЮНЕСКО 200 комплекти мизу курсии талабагӣ бо арзиши 13040 дол лари амрикоӣ, 100 дона тахтаи синф бо маблағи 4320 доллар, 400 дона журнали синф бо нархи 540 доллар, 30 ҳазор дона дафтари талабагӣ бо арзиши 1980 доллар, 20 ҳазор дона худкор бо маблағи 1320 доллар, 1100 дона куртка (бона) ба миқдори 1100 доллар, 1100 дона курта бо арзиши 2200 доллар, 1100 дона шим бо маблағи 4400 доллар, 1100 ҷуфт пой афзор бо арзиши 11200 доллар ва дар маҷмуъ, ба миқдори 50 ҳазор доллари ИМА кумаки башардӯстона гирифт.” Ҳамчунин, дар давраи фаъолияташ ЮНЕСКО ба Тоҷикистон дар соҳаи мао риф ва илм кумакҳои зиёд кардааст, ки дар он ин матлаб дарҷ шудааст. Аз рисола маълум мешавад, ки зар фиятҳои иқтисодии ЮНЕСКО-ро кишва ри мо бештар дар самту соҳаи маориф истифода намудааст. Гарчанде айнан ҳамин хел зарфиятҳо ва имконотро ба рои ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ истифода бурдан мумкин аст, вале то имрӯз аз он истифода нашудааст. Чу нончи, зимни таҳқиқи бойгонии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бастаҳои ҳисоботӣ, гузоришӣ, ахборӣ ва дигар доир ба кумакҳои иқтисодӣ, моли явӣ ва техникии ЮНЕСКО ҳеҷ маълумоте пайдо нашуд. Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин бора ҳеҷ иттилое дар ихтиёр надорад. Дар ин масъала муаллиф ду омили асосиро мебинад, ки сабаби асосии бебаҳра мондани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имконият ва имтиёзҳои молиявии ЮНЕСКО гаштааст: — Коҳилӣ ва бетаваҷҷуҳии мутахасси сони идораҳои масъули соҳа;- Норӯшан будани мавзуъ, масъала ва надонистани зарфиятҳои иқтисодӣ. Омили якум ба мушкилот вобаста ба салоҳияту масъулиятдории мутахасси сону кормандони вазорату идораҳо, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳу рии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷики стон ва дар маҷмуъ, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иртибот дорад. Дар омили дуюм, масъала ё мушкилот аз ҷониби мо, муҳаққиқон аст, ки то имрӯз дар сатҳи ил мӣ-таҳқиқотӣ ҷанбаҳо ва зарфиятҳои мо лиявии ЮНЕСКО ва роҳҳои истифодаи мақсадноки онҳоро мавриди омӯзиш ва арзёбӣ қарор дода, пешниҳоде накарда ем. Ба ин хотир мавриди таҳлил ва баҳс қарор гирифтани ин мавзуъ саривақтӣ арзёбӣ мегардад. Бояд қайд кард, ки яке аз имконот ё имтиёзи ЮНЕСКО – “Фонди мероси ҷаҳонӣ” мебошад. Ин Бунёд (Фонд) дар асоси моддаи 15 ва 16 Конвенсия оид ба мероси ҷаҳонӣ (16 ноябри соли 1972, Вена) таъсис дода шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Конвенсияи мазкур буда, имкони бевоситаи иштирок дар лоиҳаҳо ва дастрас кардани сармо яҳои Бунёдро доро мебошад. Буҷети Бунёд аз ҳисоби маблағҳои ҳаққулузви яти кишварҳои аъзо ва маблағгузориҳои кишварҳои тавоно, инчунин, ташкило тҳои байналмилалӣ ғанӣ гардонида мешавад. Ҳаққулузвияти кишварҳои аъзо аз рӯйи 8 категория пардохт карда меша вад. Ҳаҷми пардохт аз 500 доллари ИМА оғоз ёфта, то 999,999 ҳазор доллар дар як солро ташкил медиҳад. Албатта, барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ба мо нанди Ҷумҳурии Тоҷикистон, пардохтҳои болозикр имконпазиранд, ки он дар ду сол як маротиба сурат мегирад. Барои иштирок дар барномаи дастрасии ма блағҳои Бунёд шарти асосӣ пардохт кардани ҳаққулузвият мебошад. Боиси таассуф аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чандин сол ҳаққулуз вияти худро на ин ки ба Бунёд, балки ҳаққулузвияти худи Созмони ЮНЕСКО ро пардохт накардааст. Тавре тавассути бойгонии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маълумоти дастрасгарди да аз санадҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуд, дар нақшаи солонаи Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021, 2022, 2023, 2024 ва 2025 яке аз бандҳо мушаххасан ба мавзуи пардохт кардани ҳаққулузвияти кишвар ва ҷустани роҳҳои ҳалли масъа лаи мазкур бахшида шудааст. Яке аз сабабҳои пардохт нагардида ни ҳаққулузвият то ҳол вуҷуд надоштани суратҳисоби махсуси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин дар ҳолест, ки дигар кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ суратҳисо бҳои дахлдори махсуси худро кайҳо боз кушодаанд ва аз он босамар истифода мебаранд.

Мирзошариф АБДУСАЛОМОВ

муҳаққиқ

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо