САЙМУМИН ЯТИМОВ
Солҳои навадум барои муҳтаво ва мундариҷаи тафаккури миллии тоҷикон имтиҳони бузург буд. Вазъи буҳронии саросарии давлат, ки дар он як миллат аксариятро ташкил медиҳад, мавзуи таҳқиқоти академӣ аст. Ба хотири муайян кардани омилҳо, оқибатҳои фоҷиабарангез ва эҳтимоли минбаъд бартараф кардани он. Дар ин маврид бояд дар назар дошт, ки ҳолати носолими вазъи ҷаҳонбинӣ, маънавиёти миллат касалии силро мемонад: дар аввал ошкор кардани он душвор, аммо чун муайян шуд, табоба таш осон аст. Вақте ин касалӣ рӯй зад, ошкор шуданаш осон, аммо табобати он мушкил мегардад. Гоҳе оқибати кор ба мусибат анҷом меёбад. Муддати ҳазор соли бедавлатӣ, тоҷи кон дар ҳолати ғуломигарии воқеӣ ва маънавӣ қарор доштанд. Дар ҳафтод соли Ҳокимияти Шуравӣ, номи тоҷик тавассути ҷумҳурии мустақил доштан бо аломатҳои сиёсӣ маъруфи ят пайдо карда бошад ҳам, ба хотири кӯтоҳии замонӣ имкони ташаккули маф кураи миллиро надошт. Қишри муайяни дорои эҳсоси худшиносии миллӣ дар ақаллият буд. Бояд донист, ки сохтор ва муҳтавои генетикии одамизод дар аксар вақт, ҳатто садсолаҳо бетағйир мемонад. Эволютсияи ҳақиқии захираи муҳтавоии нейронҳо, устувортарин ҷузъи организ ми инсонанд. Гарчанде аккамулятсияи дониш ва таҷриба асрҳо ба ин ҷузъиёти майнаи инсон таъсиргузоранд, бояд до ниста бошем, ки доираи фарогирии онон вобаста ба муҳити маънавӣ, дин, оин, иқлим, хосияти физиологӣ, дар маҷмуъ, генетикӣ, фазилати ҳамагонӣ надорад, балки интихобист. Ва барои ҳамин дар ақаллият қарор дорад. Дар ин маврид, сухан дар бораи си фат, мундариҷа ва дар ниҳоят муҳтавои ақаллият меравад. Оё он метавонад аксариятро, яъне ҷомеаро соҳибӣ кунад. Ё баръакс, мисли баъзе ба ном зиёиёни муайяни тоҷики солҳои навадум думрави таассубу хурофот гардад. Ин фоҷиа, «сӯзи дил, ашки равон, оҳи саҳар, нолаи шаб»-ро (Ҳофиз) буҳрони солҳои навадуми асри гузашта рӯйи саҳна баровард. Ворисони Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ Сино, Носири Хусрав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Тошхӯҷаи Асирӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуров дар танҳоӣ мон данд. Аз дасти онҳо кори шоиста наомад. Қисмати муайяни олимон, ки солҳо дар бағал санг доштанд, бо аҳли хурофот якҷо, аниқтараш думрав ва балегӯйи онон гаштанд. Дар байни ин тоифа шахсиятҳои гуногун буданд. Яке сидқан, бо душма нигарии яқин ба сохти Ҳокимияти Шу роҳо ба муллоҳои мутаассиб якҷо шуд. Дигарҳо дар ақидаи ниҳоии мансабта лошӣ муътақид буданд, ки ифротиҳо бо идеологияи дар назар ҳамашумул ва пуштибонии геополитикӣ метавонанд қудратро ба даст оранд. Бад ин минвол, онҳо низ соҳибмансаб мегарданд. Узви қудрати сиёсӣ хоҳанд шуд. Як қисмати равшанигароён олимони ҳақиқӣ, аммо аз лиҳози сиёсӣ ниҳоят сода ва барои ҳамин ҳам осебпазир буданд. Онҳо дар андак муддат, чун дуди хона ба порисаи хона расид, хатои худро фаҳмиданд. Пушаймон шуданд. Аммо аз рӯйи нангу номусе, ки хосси ин зумра буд, натавонистанд ваҳшати раҳгумии худро эълом доранд. Ба зиндагии одӣ ва оини пешин баргарданд. Дар ҳоле ки «тозиёни бо онҳо бударо дигар ғами аҳволи гаронборон намонда буд». Яке аз ҳамин қабил олимон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Раҳими Мусулмониён ба шумор мерафт. Ман ба таҳқиқоти ин олими пухтакор аввали солҳои ҳафтодум, ҳангоми до нишҷӯйӣ шинос будам. Махсусан, моно графияи ӯ оид ба санъатҳои бадеӣ дар адабиёти классикӣ ва асари машҳураш «Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ ва баъзе масъалаҳои тафсири истилоҳоти ада биётшиносӣ дар асрҳои X–XV» (1973), дар байни мо, донишҷӯён аз маъруфияти хос бархӯрдор буд. Миёнаи солҳои ҳаштодум, замоне ки ман сарпарастии мактабҳои олии мам лакатро аз лиҳози салоҳияти хизматӣ ба дӯш доштам, бо меҳру муҳаббате, ки ба Раҳими Мусулмониён дар дил мепарва ридам, ӯро суроғ кардам. Дар кафедраи адабиёти советии тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон эшонро ёфтам. Худро шиносондам. Эътиқод ва эҳтироми хешро нисбат ба ин шахсияти бузург иброз намудам. Баъдан, чанд муддат бо Раҳими Мусулмониён суҳ батҳои сарироҳӣ, аммо сидқӣ доштем. Ӯ марди тахмин 50 — 55 сола, миё нақад, лоғарандом буд. Каме моил ба ха мидагии қомат дошт. Ниҳоят хоксор, одӣ, суҳбаторо ва он чизе, ки эҳсос мекардам, аз худ як навъ содагии бар дилсофӣ ва покии инсонӣ асосёфта нишон медод, ки дар замири ӯ ҷойгоҳи зудбовариро заминагузорӣ намуда буд. Профессор намегуфт, аммо ман ит минон доштам, ки мисли ҳама инсонҳои пок ӯ дигаронро низ бофта аз матои худ гумон мекард. Иштибоҳи ӯро ҳам асос ҳамин буд. Мусулмониёни сарсупурдаи илм ва адабиёт, ҳама вақт дар банди хаёлот ва таҳқиқоти илмӣ мегашт. Чунин хислати олимона, бекина ва беғарази ӯ меҳру муҳаббати маро нисбат ба ин шахсият ва устоди камназир меафзуд. Бо ӯ суҳ бат кардан, маънии хондани як китобро дошт. Ҳангоми табаддулоти давлатии иф ротгароҳо (моҳи майи соли 1992), Мусул мониён зери таъсири бархе аз зиёиёни воқеан дурӯя ва ғаразкор, ки боз чандин навъ бозиҳои пасипардагӣ доштанд, бо як содадилӣ гирифтори фитнаи онҳо шуд. Боре баромади ӯро тариқи телевизон, ки акнун ба дасти ифротгароҳо афтода буд, тамошо ва бодиққат гӯш кардам. Медидам, ки чанде «ҳамкасбон»-и зи раки муаллим худро паси шонаҳои ин содадил пинҳон карда, устоди номварро ба сифати «Плешнер» (образи бадеии содадилонаи профессори олмонӣ дар филми «Ҳафтдаҳ лаҳзаи баҳор», ки боиси марги худи ӯ шуда буд) истифода мекунанд. Чун таҳти фишори Ҷабҳаи халқӣ ҳо кимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор мегардид, ифротиёни ғосиб бо ҳар роҳу восита аз қаламрави Тоҷи кистон ба хориҷа, аниқтараш ба Эрон фирор карданд. Исломгароҳо аз асли мақсади гурех тан ба Эрон хуб огоҳ буданд. Зиёиёни тоҷик, аз рӯйи эҳсоси эроният – таърих ва фарҳанги муштарак, умумияти забонӣ ва тамаддунӣ, ки намунаи олии он барои мардуми форсизабон аҳаммияти уму минажодӣ доштани Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигар бузургон маҳсуб мегардид, умед баста буданд ва ин ки шварро қиблаи худ мешумориданд. Маҳз бо ҳамин ҳиссиёт як зумра аз зиёиён роҳи Эронро пеш гирифтанд. Раҳими Мусулмониён аз ҷумлаи ҳамин фирефташудаҳо буд.
ГАВҲАРИ ВОЛОИ ВАТАНПАРВАРӢ
Тавре ишора шуд, мақсади аслии Сафорат дар Эрон ҳарчи тезтар алоқа барқарор кардан бо ҳамватанон ба шу мор мерафт. Роҳбарияти олии мамлакат дар назди дипломатҳо вазифагузорӣ карда, мехост ҷараёни сулҳро суръат бахшад. Эълон намояд, ки ҳокимияти конститутсионӣ ҳокимияти кулли мардуми тоҷик аст. Аз ҳамватаноне, ки новобаста аз кадом са бабе, аз ҷумла, дар алоқамандӣ бо ҷанги шаҳрвандӣ ба хориҷи мамлакат фирор кардаанд, пуштибонӣ мекунад. Омода аст бо онҳо муколама барқарор намояд, то мушкил миёни тоҷикон бо гуфтушунид ва якдигарфаҳмӣ ҳаллу фасл гардад. Мо дар Теҳрон вазъиятро меомӯхтем. Аммо намехостем барои мухолифин ва кишвари иқомат масъала эҷод кунем. Бар ин ақида будем, ки бояд худи ра ванди воқеаҳо ва шароити зиндагӣ дар хориҷи мамлакат ҳамватанони моро ба хулосаи нек, ба тавофуқ биёрад. Дари Сафорат барои ҳамватанон боз буд. Амалкарди намояндагӣ дар кулли самтҳо сурат мегирифт. Бо гузашти се моҳи фаъолият дар Сафорат, профессор Раҳими Мусул мониён, ки акнун дар сафи мухолифин ба ҳисоб мерафт, ногоҳ ба навбатдори намояндагӣ занг зада, хоҳиши вохӯрӣ бо мушовирро кардааст. Аз ин иттилоъ ман хурсанд шудам. Эҳсоси дӯстӣ ва ҳамватанӣ барои ҳар як нафаре, ки худро тоҷик ва тоҷики стонӣ мешуморад, аз Ватани худ умед дорад, волотарин ҳиссиётест, ки як умр инсонро пайгирӣ мекунад. Барои он ки одам хушбахт бошад, сарфи назар дар кадом нуқтаи олам зиндагӣ мекунад, бояд соҳибватании худро эҳтиром ва аз ин ҳиссиёт ифтихор намояд: Ватан дар ҳар куҷо омад, ба сар форам ҳавои ту, Ман аз он сӯйи уқёнус бишнидам садои ту, Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд, Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту. Ҳамеша бо Ватан будан, ҳамеша бо Ватан масрур, бузургтарин хислати ниё гону ҳамасрони мо буд ва ҳаст. Тавассути телефон бо Р. Мусулмо ниён дар алоқа шудам. Ҷойи вохӯрӣ Сафоратро пешниҳод кардам. Ростӣ, таклифи ман эҳтимолӣ буд. Нафароне, ки худро мухолифи ҳукумат медонистанд, аз Сафорат ва тамос бо кормандони он канора меҷустанд. Албатта, сабабҳояш маълум. Аммо Мусулмониён:– Ҳар ҷо Шумо салоҳ донед, он ҷо вомехӯрем, – гуфт ҷавонмардона. Суҳбати мо дар Сафорат, дар ҳуҷраи кории ман қариб ду соат давом кард. Дар аввал ман пурсидам:– Домулло, дар Сафорат вохӯрданро ман бо шӯхӣ пешниҳод кардам. Шумо наметарсед, рафиқонатон, ки ҳамагӣ мухолифи ҳукумат ҳастанд, баъд аз ин чӣ гумон мебаранд? Ҳукумати кишвари иқомат, ки ҳар қадами ману Шуморо, тибқи вазифаашон, пайгирӣ мекунанд, чӣ хулоса мебароранд? Ҳолу аҳвол ва иқомати ояндаи Шумо баъд аз ин чӣ мешавад? Мусулмониён:– «Ҳар киро ҳисоб пок аст, аз муҳосиб чӣ бок аст?» – гуфта, бо масал посух дод. – Ба ҳар ҳол муаллим, ба манзалати «мухолиф» будани худатон шубҳа ворид кардед. Шояд дар ягон ҷойи номаълум вохӯрӣ мекардем, – гуфтам ман, санҷи ши худро идома дода. Воқеан, ман набояд фаромӯш мекар дам, ки ин «ташриф» эҳтимол супоришӣ ҳам бошад. Ин сухан ба Мусулмониён қатъиян хуш наомад. Аз зермаънои сухани ман огоҳ шуд. Барошуфт: – Шумо маро санҷида истодаед. Бояд бидонед, ки ман маҳз барои он ҷойи вохӯрӣ Сафоратро интихоб кардам, то ба шумо кормандони намояндагӣ фаҳмонам: ман ҳеҷ вақт хоини миллат набудам ва нестам. Лекин дар байни шумо ҳукуматиҳо, ки бовар мекунанд, мансаб медиҳанд, маоши калон таъйин ва ҳатто ба хориҷа равон мекунанд, то давлатро, манфиатҳои миллиро ҳимоя кунед, хоинон кам нестанд. Инро гуфта, ба ман нигоҳи ҷиддии омӯзишӣ кард. Ман чизе нагуфтам. Зеро ҳангоми кор дар шуъбаи илми Кумитаи давлатии бехатарии замони Шуравӣ, бо чанде аз дӯстон, устодони донишгоҳ ба ҳамин лаҳн гоҳе суҳбати «унвонҷӯ – оппонент» ро мегузаронидем. Оқибат, якдигарфаҳ мии мо боз ҳам мустаҳкам мешуд. Ҳамин шакли баҳс бо муаллимон Худойназар Асозода ва Абдулҳай Маҳмадаминов, ки аз дӯстони қарини ман шуданд, хос буд. Чун Мусулмониён дид, ки ман дар ин мавзуъ вориди баҳс шуданӣ нестам, ором шуд. Бо ҳамон ҷиддият суханашро идома дода, гуфт: – Рӯзе, ки Шуморо дар мансаби мушо вир — кордори Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон таъйин карданд, як нафар одами масъул аз ҳамин Сафорат, бо баҳонае мо, мухолифинро дар қаҳвахонае ҷамъ кард. Ман фаҳмидам, ки ӯ «гуфтании муҳимме» дорад. Мо чанд нафар будем. Оқибат ӯ гирди миз ҳамаи моро наздик, калла ба калла карда, гӯё бо овози паст изҳор дошт:– Ҳамин субҳ вазири мо фармонеро имзо ва дар Сафорат мушовир – кордор таъйин кард. Донед, ки ӯ полковники КГБ аст. Аз ин пас эҳтиёт бошед. Ба дигар рафиқон ҳам гӯед. Мусулмониён баъди каме таваққуф идома дод:– Аз мо, мухолифин касе чизе нагуфт. Ва баъд ҳам нафаре ин мавзуъро муҳо кима накард. Ман ба сухани Мусулмониён гуфтание надоштам. Ин маълумотро намедони стам. Аммо фаҳм, дарк ва таҳлилҳои ман ба чунин изҳорот наздикӣ дошт. Хомӯширо халалдор карданӣ шуда, Раҳим Мусулмониён бо ҳамон содагии покдилона ва боҷуръатонаи худ суханашро идома дод:– Ана, акнун донистед, ки ман барои чӣ маҳз дар Сафорат бо Шумо вохӯрӣ таъйин кардам. На дар ҷойи дигар. Дар акси ҳол, шояд гумон мекардед, ки ман хабаркашӣ ва ё бадгӯйӣ карда истодаам. Ҳис кардам, он нафаре, ки ман ӯро ҷосус мешуморам, айни замон дар ҳамин Са форат аст. Бо Шумо кор карда истодааст. Акнун даъват кунед он шахсро, то ман ин гапро дар рӯяш ҳам гӯям. Лозим бошад, боз шоҳид ҳам меорам. Даъват кунед! Худи ҳозир даъват кунед! – оқибат, ба рошуфт ва фармон дод муаллим. Ман хомӯш меистодам. Кӯшиш мекар дам ба меҳмон ягон посух ва вокуниш ҳам нишон надиҳам. Инро дида, ғазаби профессор зиёдтар гашт:– Чаро хомӯшед?!!! Биёред! Биёред, рӯ ба рӯ кунед, ки мухолифин хоин аст ё корманди давлатӣ? Ман аз ғазаби муаллим завқ бурда, каме табассум кардам. Ва дидам, ки профессор ором намешавад: – Муаллим, ман инро медонам. «Моро фурӯхтанд ва мефурӯшанд. Муҳим он аст, ки аксарият содиқ ҳастанд», – гуфта, сухани як муаллифи ҳакимро бе исти фодаи ному насабаш иқтибос овардам. – Ҳа, бале, – каме ором шуда, гуфт оқибат профессор, – «изои муъмин ҳаром» мегӯед. Ин ҳам дуруст. Шуморо муътақид карда бошам, бас аст. Кифоя, – суханашро хулоса кард Мусулмониён.
Ман мавзуи суҳбатро тағйир доданӣ шуда:– Устод, ин ҷо ҳолу аҳволатон чӣ тавр аст? Гоҳе ёди Ватан, ёру ошноҳо меку нед? – гуфта, хостам маҷрои суҳбатро ба самти аслӣ барам. Раҳими Мусулмониён ба андеша фурӯ рафт. Аз эҳсоси зиёд чашмонаш нам гирифт. Каме таваққуф кард. Ба худ омад. Устод ва муҳаққиқи забардасти назми тоҷик ин ғазали Ҳофизро бо овози ҳазин хонд: Гар аз ин манзили вайрон ба сӯйи хона равам, Дигар он ҷо, ки равам, оқилу фарзона равам. З-ин сафар гар ба саломат ба Ватан боз расам, Назр кардам, ки ҳам аз роҳ ба майхона равам.
То бигӯям, ки чӣ кашфам шуд аз ин сайру сулук,
Ба дари савмаа бо барбату паймона равам.
Ошноёни раҳи ишқ гарам хун бихӯранд,
Нокасам, гар ба шикоят сӯйи бегона равам…
Гар бубинам хами абрӯйи чу меҳробаш боз,
Саҷдаи шукр кунам в-аз пайи шукрона равам.
Албатта, аз рӯйи одоб ва тартиби хизматӣ набошад ҳам, ман маълумоти хиёнатро на ба сафир ва на ба Вазора ти корҳои хориҷии мамлакат ва на ба идораи амнияти Тоҷикистон нагуфтам. Тамоми умр оини кори мо буд, дар ҷойе, ки фаъолият ба сар мебарем ва аз он нон мехӯрем, камбудро шино сем, бояд андеша ва таҳаммул кунем. Оқибати корро то ҳади имкон бо сабр саришта намоем. Тадбир пеша кунем. Гапи хонаро ба бозор, ба худиву бегона набарем. Чун надидам, ки баръакси ин амал қимати касе афзуда бошад. Аз ин оин ман зарар надидам.
НАЗДИ МАН ҶАВОНМАРД ОН БУВАД
Ҳамин тариқ, бо профессор Раҳими Мусулмониён вақт ба вақт дар тамос мешудем. Ӯ дигар аз дому дон, фитнаву шар, зеру забар, ҷангу ҷадал ва гулобу қанди мухолифин батамом канда буд. Дар Донишгоҳи улуми адабиёти форсӣ ба таҳқиқот шуғл меварзид. Бо меҳнати ҳалол рӯзгор мебурд. Р. Мусулмониёнро ҳар сари вақт ба Сафорат даъват мекардам. Ӯ ҳам, сарфи назар аз масруфият, ба идораи намоян дагӣ ташриф меовард. Мо дар сари як чойник чой соатҳо суҳ бат мекардем. Гарчанде байни мо гоҳо баҳсҳо сурат мегирифт. Онҳо бештар мавзуъҳои адабиёти классикиву муосир ва сиёсатро дахл мекарданд. Ман аз ин шахсияти бузург дарси илму адаб ва назокати муошират меомӯхтам. Ҳамин тариқ, риштаи дӯстиву ра фоқати ман бо профессор Раҳими Му сулмониён мустаҳкам гардид. Замоне ки бекортар мебудам, мошин фиристода, ӯро барои сайругашт ба боғи Ниёварон ва ё ба боғи Тахти Сангин, дар наздикии Сафорат даъват мекардам. Гоҳе, чун ба ягон самти Эрон танҳо сафар медоштам, устодро ҳамроҳ меги рифтам, ки раҳ «кӯтоҳ шавад» ва сафар хуш гузарад. Албатта, профессор аз чунин таклиф хушаш меомад. Тамоми роҳ мо дар ягон мавзуъ суҳбат мекардем. Ман доим суолҳои зиёд доштам. Шунидани ҷавоби онҳо аз забони шахси донишманд, шеърхону шеърдон, нуктафаҳму соҳибмуҳокима ва дидаву дониста ниҳоят ҷолиб буд. Боре нияти сафари шаҳри Ҳамадонро кардам. Шом бо Раҳими Мусулмониён дар тамос шудам. Таклифи ҳамроҳиро бо хушнудӣ қабул кард. Дар роҳ ман дар бораи шаҳри Қазвин, ки аз Теҳрон дар масофаи яксаду панҷоҳ километр қарор дошт, нақл кардам. Аз Убайди Зоконӣ ёдовар шудам. Устодро «Худо дод». Ӯ тез гапи маро бурида, риштаи суханро дар атрофи ин шоири тавонои асри XIII бурд. Мусулмониён бо як завқи баланд дар бораи адиби тавонои миллати тоҷик нақлҳо мекард.
Аз ҷумла, гуфт, ки агар имкон бошад, мо аввал ба деҳаи Зокони Қазвин рафта, ақаллан, зодгоҳи ин марди рӯйинтанро зиёрат кунем, баъд сафарро идома диҳем.
Ман аз профессор пур сидам, аз куҷо маълум аст, ки дар ҳақиқат Зокон макони таваллуди шоир аст. Муаллим гуфт:– Инро худи шоир дар як байташ та сдиқ кардааст: Гар кунӣ бо дигарон ҷабру ҷафо, Бо Убайдуллоҳи Зоконӣ накун! Сипас суханашро идома дода, хотир нишон кард:– Чандин шеъру қитъаву достонҳои шоир чунон сароида шудаанд, ки гӯё ҳолу аҳволи маро тасвир мекарда бо шад. Масалан, дар як рубоияш мегӯяд: Нест дар дастам кунун аз хушку тар, З-он чӣ вақте дар шуморе омадӣ, Ғайри ман дар хонаам чизе намонд, Ҳам намондӣ гар ба коре омадӣ. Аммо чун Убайд бузургмард буд ва аз касе тамаи ноне надошт, дар ҷойи дигар гаштаву баргашта таъкид кардааст: Эй дил, пас аз ин андуҳи беҳуда махӯр, З-ин беш ғами будаву нобуда махӯр. Ҷон медеҳу доди тамаъу ҳирс мадеҳ, Ғам мехӯру нони миннатолуда махӯр. Инро гуфту Раҳими Мусулмониён яку якбора сахт маъюс гашт:– Ман профессор. Дар замони Шуравӣ ҳафтсад сӯм маош мегирифтам. Бо он се оила, агар шабу рӯз мехӯрданд, зиёдатӣ мекард. Ба фикрам, ношукрӣ аз дасти худамон гузашт, – гуфт. Ман, ки доим бо муаллим дар «сите за» будам, шӯхӣ кардам:– Домулло, Шумо дар бораи Убайди Зоконӣ гап занед, на дар бораи худа тон. Набошад, ман тарҷумаи ҳоли ин «шаккок»-ро худам ба Шумо нақл меку нам, – гуфтам. Профессор ба ҳуш омад, табассум кард ва гуфт:– Воқеан, Убайди Зоконӣ шахсияти ҷасуру далер ва марди фозил, ҳаҷв нигор ва соҳибмуҳокима будааст. За моне ӯ ба Бағдод сафар мекунад. Дар он ҷо аз танҳоӣ азият мекашад. Аммо намехоҳад пеши касе фазлфурӯшӣ ва сар хам кунад. Чанд мухлиси Убайд ба Салмони Соваҷӣ, шоири тавоно, аммо тамаллуқҷӯйи дарборӣ дар бобати меҳ мон шудани Зоконӣ дар ин шаҳр хабар мерасонанд. Салмони Соваҷӣ аз эҷодиёти Убайд хуб огаҳ буд ва аз ҳаҷву мутоибаҳои ӯ эҳсоси малолӣ карда, дар ҳаққаш қитъа месарояд: Ҷаҳаннамиву ҳиҷогӯ Убайди Зоконӣ, Муқаррар аст ба бедавлативу бединӣ. Агарчи нест зи Қазвину рустозодаст, Валек мешавад андар ҳадис қазвинӣ. Ин қитъа ба гӯши Убайд мерасад. Рӯзе шоир ҳангоми сайругашт дар соҳи ли дарёи Даҷла Салмони Соваҷиро бо ҷамъи хушомадгӯёнаш мебинад. Наздик меравад. Арзи салом ва бо онҳо мусоҳи ба мекунад. Чун ҳозирин ҷавонмарди хушқадду қомат ва бо фазлу донишро мебинанд, ӯро ба маъракаи худ даъват мекунанд. Салмон аз ӯ мепурсад:– Бародар бо ин хушсуханӣ аз куҷоӣ?– Аз Қазвинам, ҳазрат! – ҷавоб ме диҳад Убайд. – Боракалло, боракалло! Аз Қазвин, ки бошӣ, бародар, бигӯй, ки аз эҷодиёти мо магар дар ватани Шумо чизе маълуму машҳур аст?– Албатта, ҳазрат. Шумо яке аз шои рони шинохтаи он диёр эътироф шудаед. Аммо аз кулли ашъоратон як порае вир ди забони хоссу ом аст, – мегӯяд Убайд. – Офарин, он пора кадом будааст, меҳмон? Убайди Зоконӣ бо риояти ифоданокии қироати шеър мегӯяд: Ман хароботияму бодапараст, Дар хароботи муғон ошиқу маст. Мекашандам чу сабу дӯш ба дӯш, Мебарандам чу қадаҳ даст ба даст. Ва илова мекунад:– Ин фақир медонам, ки устод Салмон шахси хирадманду доност. Мардуми Қазвин ба ин боваранд, ки шояд шеъри мазкурро завҷаи эшон сароида бошанд. Салмони Соваҷӣ ба дурустӣ дарк мекунад, ки ҳамсуҳбати ӯ ҳамон Убайди Зоконист, ки дар лутфу мутоиба ӯро ҳамто нест. Эҳсос менамояд, ки ба эшон қитъаи ӯ расидааст. Ва ин пораи шеърӣ посух ба ҳамон қитъаи дар ҳаққи Убайд навиштаи ӯст. Ман аз ин суҳбат хеле ҳаловат бур дам. Чун ба Қазвин расидем, дар суроғи деҳаи Зокон шудем. Мақсад – зиёрати макони тавлиди бузургвор Убайдуллоҳ буд, ки номи он деҳро ба исми худ пай васта, машҳури олам карда. Мутаассифона, дар шаҳри Қазвин на ягон кас номи ин шоири оламшумулро медонист ва на мавзееро бо номи Зокон. Профессор Мусулмониён бо тааҷҷуби зиёд ва содагии олимона аз ҳар каси роҳрави Қазвин, агар ӯро босалобат дарёфт мекард, мепурсид. Вақте онҳо ба саволҳои марбут посух дода наме тавонистанд, бо ҳаяҷон:– О, бародар! Наход шумо Убайдул лоҳи Зокониро нашиносед, наход макони зиндагии ӯро, ки ҳамшаҳрии шумост, надонед, – мегуфт. Гоҳе аз ин шоири номвар пораҳои шеърӣ мехонд. Гоҳе латифаҳо мегуфт. Аммо ҳайҳот. Гӯё қазвиниҳо қасам хӯрда бошанд, ки сар раваду сир наравад. Дар посухи суол китф дарҳам мекашиданд. Оқибат, Раҳими Мусулмониён маъюс гашта, омада бо сари хам дар мошин нишаст. Фармон дод:– Ба сӯйи бинои шаҳрдор ҳай кун! Касеро пурсидам. Нишони маъмури яти шаҳрро гуфт. Дар он тарафи шаҳр, аз мавзеи истодагии мо дар масофаи тахмин 3-4 км будааст. Мо ба он самт ҳаракат кардем. Муаллим аз ин мукола маи бенатиҷа сахт ошуфта шуда, чанд маротиб худ ба худ: «афсус, бехирадӣ, бедонишӣ, бехабарӣ, ҳазор ҳайф, ҳазо рон ҳайф», – гуфта монд.
ҶОН МИСОЛИ ШИША АСТУ ИЛМ МОНАНДИ ЧАРО
Аммо ман аз чунин вокуниш ҳайрон нашудам. Дар тааҷҷуб ҳам намондам. Ин дам аз пеши назарам як лаҳзаи са фари худам ба шаҳри Исфаҳон гузашт. Мақсади ташриф, вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷик буд. Аз фурудгоҳ як мошини кирояи «Пайкон»-ро гирифта, ба ронандаи он, ки марди тахмин 50 – 55 сола буд, ҳа дафро гуфтам. Ронанда бахши донишгоҳи байналми лалиро намедонистааст. Тибқи харита, кӯшиш кардам хатсайрро фаҳмонам. Чун роҳ тулонӣ афтода буд, дар хусуси аз Исфаҳон будани падари Ҳофизи Ше розӣ, бо ҳамроҳии завҷааш ба Шероз рафтан ва дар он ҷо таваллуд шудани Шамсиддин, ки баъдан бо номи Шамсид дин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ машҳур гаштааст, нақл кардам. Ба умеди он ки шояд сокини шаҳри Исфаҳон чизе ило ва намояд ба гуфтаи мо, хатсайр кӯтаҳ шавад ва ҳамраҳӣ «маънӣ» пайдо кунад. Аммо аз ронанда сару садое наме баромад. Пурра машғули кофтукови макони манзури мусофир буд. Ман хостам абёте ба тафсири халқия, мисли пиёдачақчақ аз Ҳофиз ёдовар шавам, то хотири марди исфаҳониро, ки падари паёмбарони шеъри тоҷикӣ – форсӣ ҳамшаҳрии ӯст, шод гардад: Ба шеъри Ҳофизи Шероз мехонанду мерақсанд, Сиёҳчашмони кашмириву туркони самарқандӣ. Аз ронанда вокунише берун наомад. Шеъри дигареро наздик ба аҳволи мар думи одӣ хондам: Шоҳидон дар ҷилваю ман шармсори кисаам, Бори ишқи муфлисӣ ҳайф асту мебояд кашид. Аммо аз сокини шаҳри Исфаҳон ишо рае ба дарки маънӣ шунида нашуд. Ахи ран, як байти ғазали машҳурро хондам: Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро, Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро. Ронанда, гӯё ки ҳамаи инро намешу нид. Баръакс, хавотир буд. Оқибат, ба ман гуфт:– Бе фекрам, ма роҳру гом кардим. Шома бо хате форсӣ баладид? Ун ҷа че навиште шоде? – гуфта, ба як иморати баланд, ки дар болои он ба андозаи якметрӣ ҳарфҳо сабт шуда буд, ишора намуд ва аз ман пурсид. Навиштаҷот мушкил надошт. Тез онро хондам.– Ваҳ, воғиан, ма дер ун месир нистим, – гуфт ба ошуфтагӣ ронанда. – Оғо, биноии Шумо чӣ тавр аст, ки ҳарфҳои бузургро намебинед, аммо иҷозати ронандагӣ доред? – бо хавотирӣ пурсидам ман. Ронанда дар як кунҷи роҳ мошинро нигоҳ дошт ва оромона ба ман:– Оғо, моли куҷастӣ? – гуфта пурсид.– Тоҷикистон, – посух додам ман.– Бебин, эзизи делам, мотеваҷеҳ шодам, ки Шома таҷек ҳастид. Ашъори Ҳофизру ғироет кардид. Аммо маро гунгу кар дарёфтид. Оре, ҳамин ҷуре. Ман не мишонавам ва не мибинам. Омри мен дар ғеми йек бориде нон гозашт. Аз ба чегӣ то ҳол. Ман хатту севод недорам. Аге бе ҷайи ман мебудид, Шома ҳам ҳеминҷӯрӣ мешодид дигэ. Кетобру бе шеками сир мехунанд. Дорост?!!! Шони де бодам, ке кешвари Шома шуроҳо ко фармиҷозе, аммо одампервере. Нетиҷаи онру Шома доред нешун мидид. Моро дар дилетун мазаммат наконид. Экнун, шеърхунӣ бас! Ҳар эсми хиёбану эмора тру бихунед, ке ман мотаваҷеҳ шавам, то коҷа ҳастим ва коҷа дорем мирим. Баъдан ин ронанда тафсир намуд, ки барои ҳадди ақал ҷойи кор пайдо кардан, ҳукумат барои мардуми бес авод, давраҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ мекушодаанд. Дар онҳо на савод, чаро ки омӯзонидани он мушкил аст, замону макон ва маблағ мехоҳад, балки тарзу усули ронандагӣ ва аломатҳои роҳро нишон медода будаанду халос. Бо ин хаёлот ману профессор Мусул мониён ба бинои ҳукумати шаҳри Қазвин расидем. Он ҷо ба суоли мо посух доданд, ки чунин деҳа бар асари хушк шудани чаш маҳое, ки боиси зист дар он маҳал буда аст, тақрибан дусад сол қабл мавҷудияти худро аз ҷабри табиат қатъ кардааст. Ноилоҷ ба масири худ идома додем.
(Давом дорад)





