21.4 C
Душанбе

Маҷмуаи  шоир ва тарҷумони тоҷик дар Миср ба чоп расид

Маҷмуаи “Шазарот” (Заррарезаҳо)-и шоир ва тарҷумони арабизабон Назруллоҳи Назар дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии арабии Миср чоп шуд. Дар ин бора сафҳаи фейсбукии нашриёти “Шамс”-и ин кишвар хабар додааст.

Ба иттилоъи ин манбаъ, маҷмуаи мазкур фарогири шеърҳои тозаэҷоди муаллиф ба забони арабӣ бо номи “Армуғон”, ҳамчунин дар тарҷумаи ӯ баргузидаи ашъори шоир Мағфират Юсуфӣ бо номи “Кӯҳи носуфта” ва шоир Сурайё Ҳакимова бо номи “Одам бош!” мебошад.

Гуфтанист, нашриёти “Шамс”-и Қоҳира соли 2018 низ маҷмуаи ашъори арабӣ ва тарҷумаҳои Назруллоҳи Назар аз эҷодиёти шоирони муосири Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои пасошуравӣ таҳти унвони “Авроқун мутафарриқа” (Парокандабаргҳо) чоп карда буд.

Дар баробари ин маҷаллаи “ал-Баён”-и муассисаи “Робитаи адибони Кувайт” ду шеър аз устод Бозор Собир ва шоири ҷавон Нодира Назарӣ дар васфи барф дар тарҷумаи Назруллоҳи Назарро дар шумораи апрелии худ (№657) нашр кардааст.

Бояд гуфт, Назруллоҳи Назар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, аз овони донишомӯзӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ шеър мегӯяд. Ӯ мутарҷими арабии Суруди миллии Тоҷикистон буда, асарҳои «Насиҳату-л-мулук»-и Абуҳомиди Ғазолӣ, «Ҳафтяки шариф» (ҳамроҳи Муҳаммадҷон Умаров), “Садои дард”-и Низор Қаббонӣ, «Хаймаи қудусии сухан»-и Суод ас-Сабоҳ  Гулчини ашъор ва монанди инро аз забони арабӣ ба форсии тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Ба василаи тарҷумаҳои вай ҳавзаи адабии арабизабон бо осори адибони муосири тоҷик ошно гаштаанд, аз ҷумла асари намоишии «Се саҳна аз Тоҷикистон»-и Сотим Улуғзода, Меҳмон Бахтӣ ва Ҷумъа Қуддус (дар ҳамкорӣ б о тарҷумони сурӣ Ғассон Муртазо), маҷмуаҳои ашъори «Гули рухсор ва гули назар», “Зи рахшанда кавкаб ёздаҳ” ва «Диёрам Тоҷикистон»-и Гулназарро аз забони форсии тоҷикӣ ба арабӣ баргардон кардааст.

Ҳамзамон рисолаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» (дар 3 ҷилд) дар зери назар ва таҳрири ӯ ба забони арабӣ тарҷума ва ду маротиба (солҳои 2009 ва 2011) дар Қоҳира мунташир гардидааст. Маҷмуаи мақолаҳои Сарвари давлат «Назаре ба мероси Имоми Аъзам» дар зери назари ӯ ба арабӣ тарҷума ва соли 2009 дар ар-Риёз ба чоп расидааст.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо