Дар Душанбешаҳр маҳфили «Ҳумоюн» бо ширкати ду Шоири халқии Тоҷикистон – Фарзона ва Озарахш барпо мешавад. Дар ин бора дастандаркорони ин нишаст ба adab.tj иттилоъ доданд.
Қарор аст, ин рӯйдод рӯзи 30-юми май дар Намоишсарои опера ва балети Садриддин Айнӣ сурат гирад.
Гуфта мешавад, дар маҳфили мазкур гуфтугӯ бо шоирон дар назар буда, асарҳои “Сетор”-и Фарзона ва “Ба баҳонаи баҳорон”-и Озарахш, ки тоза дар Эрон ба зевари табъ ороста шудаанд, муаррифӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин шоирону овозхонҳои хушном шеърхонию ба таври зинда мусиқӣ иҷро хоҳанд кард.
Ин манбаъ меафзояд, ки ширкат дар маҳфили мазкур озод буда, хоҳишмандон метавонанд дар он ҳузур ёбанд.
Гуфтанист, дастандаркорони маҳфили «Ҳумоюн» адибон Озарахш ва Фарзона ҳастанд, ки маъмулан дар вилояти Суғд баргузор мегардад. Он ба гиромидошти ягона писари ин ду шоир – Ҳумоюн Каримзодаи 21-сола, ки рӯзи 13-уми апрели соли 2023 дар натиҷаи ғарқ шудан дар Сирдарёи Хуҷандшаҳр даргузашта буд, роҳандозӣ шудааст.
Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш дар Эрон китоби «Сетор»-и Фарзона бо кӯшиши Муҳсини Фараҳбар аз тариқи интишороти «Хирадгон» чоп шуд. Ин асар аз сӯйи духтари ин шоир, номзади илми суханшиносӣ Шоҳонаи Озарахш гирдоварӣ шуда, гулчини ғазалиёти Фарзонаро дар бар мегирад. «Сетор» дар соли 2024 барандаи озмуни “Китоби сол” дониста шуд.