Рӯзи 17-уми март дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода маҳфили эҷодии шоир ва адабиётшинос Салими Хатлонӣ баргузор гашт.
Жило Гулназарзода, ректори ин донишгоҳ маҳфилро оғоз бахшид. Шоирони халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир, узви вобастаи АМИТ Аламхон Кӯчарзода дар бораи эҷодиёт ва шахсияти Салими Хатлонӣ суханронӣ карданд.
Сурудхониҳои овозхонҳои номошно Файзалӣ Ҳасан, Хосияти Зарафшонӣ, Моҳрухсор Сафиева, Сангалӣ Мирзоев, Бунафша Муқимова, Кароматулло Абдуллоев хотири ҷамъомадагонро болидатар гардонд.
Гуфта шуд, ки Салими Хатлонӣ ҳам дар эҷоди шеъри суннатӣ ва ҳам шеъри нав муваффақ буда, дар рушди пажӯҳиши адабӣ, бавежа мавлавишиносӣ саҳми худро дорад.
Бузургмеҳри Тоҷиддин,
“АС”