4-уми декабр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоми эҷодии адибони руси забони узви маҳфили адабии ба номи Масъуд Муллоҷонов сурат гирифт. Муовини аввали раиси ИНТ Толиби Луқмон, гардонандагони маҳфил сар муҳаррири фаслномаи “Помир” Саид Сангин ва Мусаллама Саидова андешаҳояшонро дар бораи эҷодиёти шоирону нависандагони русзабони Тоҷикистон чанд сухан гуфтанд. Сафири Русия дар Тоҷикистон С. В. Григорев ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар нишаст иштирок карда, аз фаъолияти қаламкашони русзабони Тоҷикистон ва робитаҳои адабии Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ кард. Номбурда саҳми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дар нашри маҷмуаи дастҷамъии “Ба номи пирӯзӣ”, ки фарогири навиштаҳои гуногуни аҳли қалами Тоҷикистон дар мавзуи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст, зиёд дониста, вежаномаи маҷаллаи русзабони “Помир”-ро таҳти унвони “Бо пирӯзӣ мефахрем” (1945-2025) саривақтӣ ва муҳим донист. Сипас шоирони русизабон шеърҳо қироат карданд ва аз ҷониби саро яндагон сурудҳо пешниҳод гардиданд. Дар охир гуфта шуд, ки сафорати Русия дар Тоҷикистон эҷодкорони русзабони кишвари моро ба таври пайваста дастгирӣ хоҳад кард.
МАҲФИЛИ АДИБОНИ РУСЗАБОН
Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.





