25.4 C
Душанбе

Лабханди оина

Пар бикашад шопараки чашми ту,

То аташи боғи нигоҳам парад.

Хат бикашам фосилаҳоро зи нав,

Мерасӣ, аз дил ғаму оҳам парад.

Оина лабханд занад лаҳзае,

Бол кушоӣ нафасе сӯи ман.

Атри ҳузури ту пароканда шуд,

Рӯ зада ошӯби ҳаёҳуи ман.

Шаҳри Хуҷанд аз нафаси тозаат

Пур шавад аз вусъати зебоият.

Хотираи боғ, бубин, рӯшан аст

Бо нигаҳи сабзи аҳуроият.

Оҳ, муродиф ба сад африштаӣ,

Ҳай, чи хуш аст исми мубаррои ту.

Аз нафаси гарми ту рӯяд биҳишт,

Ҳарф хуш аст аз лаби гӯёи ту.

Нимаи ҷонам, нафасам, хуби ман!

Аз лаби ту шеър фақат дилкаш аст.

Ҳарф бизан бо лаби ололаат,

Мусиқии ноби садоят хуш аст.

***

Нафас аз сарди ҳаво мешиканад, мешиканад,

Дилам аз дасти шумо мешиканад, мешиканад.

Рӯҳи ман аз хабари фавту азо хаста шудаст,

Дилам аз ҳодисаҳо мешиканад, мешиканад.

Гиря мекардаму буғзам ба гулӯям мерехт,

Дар гулӯ, оҳ, садо мешиканад, мешиканад.

Чун касе мушкили худ ҳал накунад, айб магир,

Бо қазоват, ба Худо, мешиканад, мешиканад.

Дам ба дам муждарасон шав ба азизон, эй дӯст,

Қомати сонияҳо мешиканад, мешиканад.

Дар дили танги ту, эй ойина, ман ҷо шудаам,

Ҳар касе қалби туро мешиканад, мешиканад.

Родмеҳр СУЛАЙМОНӢ

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо