22.4 C
Душанбе

Қурбони Собир: Ҳунарпеша низ бояд зиндагӣ кунад

Бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбони Собир дар бораи ҳамкориҳояш бо синамогарони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, истиқболи гарму самимии ҳаводорони театр аз намоиши “Хунхори Торросӣ” ва силсилафилмҳои ютубӣ суҳбат кардем, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР СИЛФИЛАФИЛМИ ЧИНӢ

– Устод, чун дар аввали сол қарор дорем, мехоҳем дар ин суҳбат аз чӣ гуна сипарӣ шудани соли гузашта бигӯем. Соли 2024 аз ҷиҳати ҳунарӣ барои шумо чӣ гуна буд?

– Барои нақшофарӣ дар филмҳо ба Чину Эрон сафар намудам, дар театр ҳам дар намоиши хубу диданӣ бо номи “Хунхори Торросӣ” нақши марказиро иҷро кардам, дар филмҳои тоҷикӣ иштирок намудам ва умуман, аз ҷиҳати эҷодӣ барои ман соли бобарор буд.

– Дар Ҷумҳурии мардумии Чин дар кадом филм нақш офаридед ва умуман кор бо синамогарони он кишвар чӣ гуна буд?

– Аввали соли гузашта маро барои нақшофарӣ дар силсилафилми “Личӣ” ба Чин даъват карданд. Охири моҳи март сафар намудам. Наворбардорӣ се моҳ тӯл кашид ва ман хеле хаставу афгор шудам. Як моҳи охир чунон душвору бад гузашт, ки ногуфтанӣ, аммо ҳар кореро, ки оғоз кардӣ, бояд то охир расонӣ ва ман ҳам сабр кардам.

– Чаро кор кардан душвору тоқатфарсо буд?

– Майдони наворбардорӣ ва муносибат бисёр хуб буд, аммо муҳити бегона, дурӣ аз Ватану оила ва фосилаи зиёд дар навбати наворбардорӣ маро ба чунин хулоса овард. Яъне, дар 4-5 рӯз як рӯзи корӣ доштам.

– Дар силсилафилми “Личӣ” нақши киро бозидед, он аз чанд қисм иборат аст ва кай ба экранҳо мебарояд?

– Силсилафилми “Личӣ” аз 40 қисм иборат буда, дар он воқеаҳои асри VI–VII мелодӣ нишон дода мешаванд. Ман дар ин силсилафилм нақши тоҷири форсро иҷро кардам. Умед дорем, ки ҳамин сол филми мазкур пешкаши мардум мегардад.

– Дар вақти наворбардорӣ шумо бо кадом забон суҳбат мекардед?

– Чун нақши тоҷири форсро, ки тоҷик буд, бозидам, дар вақти сабт ба забони тоҷикӣ ҳарф мезадам. Албатта, ба забони чинӣ зернавис мегузоранд.

«ХУНХОРИ ТОРРОСӢ» ВА КАШФИ ҲУНАРИ ПИНҲОНӢ

– Ба фикри инҷониб, яке аз намоишҳои хубу дидании соли гузашта “Хунхори Торросӣ”-и Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буд. Чӣ хел шуд, ки шумо дар ин намоиш нақши марказиро иҷро кардед?

– Тавре ки гуфтам, се моҳи кор дар Чин маро хеле афгор кард ва пас аз бозгашт ба Ватан тасмим доштам, ки муддате истироҳат кунам ва дар театру синамо пайдо нашавам. Аммо Султон Усмонов, коргардони хушном, маро ба театр даъват карданд. Он кас пешниҳод намуданд, ки дар намоиши «Хунхори Торросӣ» (асари драматург Азиз Несин) нақш офарам. Вале дар аввал рад кардам, зеро мехостам хумори истироҳатам бишканаду хумори кори театр пайдо шавад ва бошавқ ба кори театр баргардам, аммо коргардон, ки бар ҳафт пушташ раҳмат бод, исрор намуд, ки бояд ба кор баргардам. Он кас дарк намуда буд, ки истироҳати ман кори театр аст. Ҳамин тавр, дар ин намоиши хуб нақш офаридам.

– Устод, намоиши «Хунхори Торросӣ» шуморо барои алоқамандони ҳунаратон аз сӯйи дигар шиносонд. Ба ибораи дигар, мардум шуморо бештар бо нақшҳои фоҷиавӣ, барои мисол, Юсуф аз “Юсуфи гумгашта”, Даҷҷол аз “Даҷҷол”, Тартюф аз “Тартюф” мешиносанд, аммо дар ин намоиш нақши мазҳакавиро бозидед. Оё ба ин фикр розӣ ҳастед?

– То ин вақт ман нақшҳои мазҳакавӣ доштам, аммо то ин ҳад нақши калон надоштам ва ба фикри шумо розиям, зеро барои худам ҳам аҷиб буд, ки чӣ гуна аз уҳдаи иҷрои чунин нақши калони мазҳакавӣ мебароям. Асосан намоиши мазкур дар бораи вазъи иҷтимоии як оила аст, ки дар ҳолати бади рӯҳӣ қарор дорад. Онҳо иҷорашинанд ва имкон надоранд, ки пули хонаро диҳанд ва бо ин мушкилашон тамом намешавад. Хулоса, як ҳолати риққатовар аст. Дар умум, интизор набудам, ки чунин ҳолат ба ман рух медиҳад ва як паҳлуи дигари ҳунари ман муаррифӣ мешавад. Хушҳолам, ки ин намоишро мардум хеле хуб қабул кард.

“ПОЙТАХТ” БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД?

– Фикр мекунем, яке аз корҳои арзишманди шумо дар соли гузашта нақшофариатон дар мавсими нави силсилафилми машҳури эронӣ бо номи “Пойтахт” буд. Бигӯед, ки чӣ гуна ин ҳамкорӣ сурат гирифт?

– Замоне ки созандагони силсилафилми “Пойтахт” ба кишвари мо омада буданд, ман ҳоло хастагиву мондагии дар Чин гирифтаамро набароварда будам. Рӯзе тасодуфан аз назди Театри давлатии ҷавонон мегузаштам, ки ногаҳон бо меҳмонон рӯ ба рӯ шудам. Онҳо ба суҳбат даъват карданд, аммо ман гуфтам, ки агар даъвати корӣ бошад, ман наметавонам, зеро ба наздикӣ аз хориҷа омадам ва ҳоло боз рафтан намехоҳам. Вале исрор карданд, ки бояд суҳбат кунем. Аз ину он суҳбат кардем ва онҳо ба ватанашон баргаштанд. Муддате аз миён гузашт ва занг зада хабар доданд, ки шумо ҳамчун иҷрокунандаи нақши падари хонавода, ки аз Тоҷикистон ба Эрон хостгорӣ меравад, интихоб шудед. Ҳамин тавр бо Моҳпайкар Ёрова, Таҳмина Раҷабова ва Манучеҳр Ҳабибов ба Эрон рафтем.

– Дар Эрон муҳити кор чӣ гуна буд ва шумо чанд муддат он ҷо мондед?

– Воқеан ҳам, силсилафилми “Пойтахт” дар Эрон бисёр маъруф аст ва дар ду сол як мавсимаш мебарояд. Мо дар мавсими 7-уми он иштирок кардем. Сужаи мавсими мазкур ҳамин аст, ки мо – тоҷикон ба Эрон хостгорӣ меравем. Ин филм ҳам мазҳакавист ва лаҳзаҳои ҷолиби зиёд дорад.

Муҳити кор ва бархурд бо ҳунармандон дар сатҳи олӣ буд. Мо 12 рӯзи корӣ доштем ва даҳ рӯзашро шаб сабт кардем. Аз намози шом наворбардорӣ оғоз шуда, аксаран субҳ ба охир мерасид.

Ҳамчунин мардум ба ҳунармандон самимияту муҳаббати зиёд зоҳир мекарданд. Барои мисол, вақте ки бо ҳамкорон фурудгоҳ меомадем, ронандаи таксӣ аз мо пурсид, ки чӣ касбу коре дорем. Чун гуфтем, ки ҳунарпеша ҳастем ва дар силсилафилми “Пойтахт” нақш бозидем, мошинро нигоҳ дошта, бо мо акс гирифт.

– Оё ин филм ҳам имсол ба намоиш мебарояд?

– Чанд рӯз пеш хабар доданд, ки наворбардорӣ ба охир расидааст ва насиб дар ҷашни Наврӯз пешкаши мардум мешавад.

– Иштироки шумо дар ин филм дар мавсимҳои оянда давом дорад?

– Мувофиқи маслиҳат, мавсими ҳаштумро бояд дар Тоҷикистон ба навор бигиранд ва албатта, қиссаи хешутабории оилаи тоҷик бо оилаи эронӣ давом меёбад.

“ХУСУРИ МАН”, ЭРОДҲО, НАҚШИ ГОНОРАР ВА АҲАММИЯТИ ТАҲСИЛИ КАСБӢ

– Чандест, ки дар шабакаи “Ютуб” силсилафилми “Хусури ман” нашр мешавад. Ҳар қисми филми мазкурро дар фазои маҷозӣ дар як шабонарӯзи аввал зиёда аз як миллион нафар мебинанд. Шумо ҳам дар ин филм яке аз нақшҳои асосиро иҷро мекунед. Бигӯед, ки чаро дар баробари ин қадар тамошобини зиёд доштан, ба ин гуна филмҳо эродҳо зиёданд?

– Чанд сол пеш як шогирдам сенарияе пешниҳод намуд, аммо ман қабул накардам. Баъд, ӯ гила кард, ки чаро ҳамчун устод болои сарашон намеистам, то ки сатҳи корашон беҳтар шавад. Ман фаҳмидам, ки ба он гуна филмҳо низ рафтан даркор, зеро шояд кумаке расонида тавонам, роҳе нишон диҳам ва аслан рисолати ҳунарманд ҳам ҳамин аст. Дар мавриди силсилафилми “Хусури ман” бояд бигӯям, он чизе дорад, ки мардум интизораш мешаванд, вале то куҷо ҳирфаист, ин мавзуи дигар аст. Дуруст аст, ки то имрӯз онҳо сенария надоранд ва идеяро мегӯянду мо ҳамон ҷо саҳнаҳоро месозем, аммо он ҷое, ки як муҳити эҷодӣ сохта мешавад ва чанд кас заҳмат мекашад, ман ҳамроҳ мешавам, зеро ҷое, ки эҷод ҳаст, хайр ҳам ҳаст. Дар бобати эродҳо ман чанде пеш гуфта будам, ки агар ба саҳнаҳои бозикардаи ман эрод дошта бошед, ман эътироф мекунам ва ҳатто дар сурати камбудҳои дағал доштан омодаам, ки дигар кор накунам, аммо дар умум ман масъулияти коргардонро надорам, ки ба тамоми филм ҷавобгар бошам.

Ба ҷуз “Хусури ман” боз ҳастанд филмҳое, ки танҳо барои гонорарашон иштирок мекунам. Ҳатто мешавад ҳолате, ки барқасд гонорари бисёр мегӯям, то ки филмсозон ҳамкорӣ кардан нахоҳанд, аммо, мутаассифона, розӣ мешаванд.

– Ба фикри шумо, чаро ҳамин филм барои мардум шавқовар аст?

– Ҷое хонда будам, барои одамизод шавқовар аст, ки дар хонаи ҳамсояаш чи гапҳост. Чунин силсилафилмҳо ҳамин гуна ҳолатҳоро инъикос мекунанд ва аз ин сабаб, таваҷҷуҳ ба онҳо зиёд мешавад. Барои мардум аҷиб аст, ки як марди хасису дилёб чӣ гуна бо як бонкдори сахӣ риштаи хешутаборӣ мебандад.

– Оё чунин эродҳо ба ҳунарпешагони дигар кишварҳо ҳам гирифта мешаванд?

– Албатта, дар ҳама мамлакатҳо ин масъала ҳаст. Масалан, як ҳунарманд, ки сатҳаш аз рӯи баҳо 10 аст, вақте ки ӯро дар коре мебинанд, ки сифаташ 7 аст, албатта, эрод мегиранд. Вале набояд фаромӯш кард, ки ҳунарманд ҳам ниёзҳои худро дорад ва бояд зиндагӣ кунад. Аз ҷониби дигар, вақте ки бисёр рад мекунӣ, дигар таваҷҷуҳ ба ҳунарат кам мешавад.

– Устод, нақши таҳсилу дипломро дар филмсозиву ҳунарпешагӣ чӣ гуна мебинед?

– Нақши таҳсили касбӣ бисёр муҳим аст. Аз ҳазор якест, ки бидуни омӯзиш истеъдоди Худододро дар худ рушд диҳад. Дар филм нақш бозидан хеле сода аст. Масалан, дар кадр мебинем, ки як асп, як оҳу, як фил мегузарад, оё онон бояд таҳсил кунанд? Албатта, не. Яъне дар филм коргардон месозад, мегӯяд, ки чӣ кор кардан даркор. Вале оне ки месозад, бояд тафаккури баланд дошта бошад. Хондану нахондан дар ин маврид маълум мешавад ва фарқ хеле зиёд аст. Онҳое, ки нахондаанд ва намехонанд, мисли як реквизитанд ва ҳунарашон лаҳзаина аст. Ин гуфтаҳои ман маъноеро надорад, ки нахондаҳо дар филмҳо нақш наофаранд, балки кӯшиш кунанд, шояд муваффақ гарданд.

ХОНДАНУ НАВИШТАН

– Ин шабу рӯз берун аз корҳои ҳунарӣ чӣ кор мекунед?

– Мехонам ва менависам.

– Чӣ мехонеду чӣ менависед?

– Пеш аз ин суҳбат “Шекспир ва Толстой”-и Ҷорҷ Оруэллро, ки дар он эродҳои Толстой ба Шекспир оварда шудааст, хонда, лаззат бурдам. Навиштан бошад, ҳам ҳикоя менависам ва ҳам дар тараддуди омода кардани китобе дар чор боб, ки ҳоло номашро намондаам, ҳастам. Ман 80 дарсади “Шоҳнома”-ро дар театр бозидаам ва ба хулосае омадам, ки хуб мешавад, аз шиносоиям бо ин асари безавол то иҷро кардани нақши Ҳаким Фирдавсӣ таассуротамро рӯйи коғаз биёварам. Ҳоло китоб омода аст, дар ҷустуҷӯи муҳаррирам.

– Ба шумо дар ҳама корҳоятон барор мехоҳем.

– Ташаккур.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо