Рӯзи 5-уми май баробар бо зодрӯзи Рустам Ваҳҳобзода, Шоири халқии Тоҷикистон аст. Матлаби зерро ба муносибати 65-умин солгарди таваллуди устод пешкаши хонандагони гиромӣ мекунем.
Шамоли тунду харобиовари ҷанги бародаркуш ҳама чароғҳоро хомӯш карда буд. Аз ҳеч гӯшаву канори пойтахт нафаси зиндагӣ ва садои умедбахше намерасид. Устодону донишҷӯён ҳаросону бимзада ба донишгоҳ мерафтанду меомаданд. Аз ҷӯшу хурӯши пешинаи донишгоҳ нишоне намонда буд. Садои тир ба чаҳор сӯ даҳшат мепароканд ва дигар садоҳоро пахш мекард. Дар ин гуна фазои тираву андӯҳбор шеърхониву таронасароӣ дар дили касе намегунҷид. Агар шеър буд, марсия буд ва агар тарона буд, нолиши ҷонхароши мусибатзадагон буд.
Бо мурури вақт, андак-андак захмҳои тани маҷруҳи кишварамон шифо ёфтанду фарзандони дурафтодааш ба оғӯши вай баргаштанд. Устод Рустами Ваҳҳоб низ баъди чандин соли дуриву мусофират ба Ватан, ки «ҳар субҳу шом ба сӯи ӯ саҷда мекард», бозгашт ва накҳати ҷонпарвари гулу гиёҳи Ватан ва ҳавои рӯҳполои он шоири ғурбатдидаву заҷркашидаро дигарбора ба марзи шодобиву шукуфоӣ кашонданд.
Устод дар коргоҳи пешинаи худ – факултаи филологияи Донишгоҳи миллӣ ба тадрис пардохт ва бо фароҳам шудани шароити муносиб чароғи маҳфили адибони ҷавонро, ки аз шамоли ҳодисаҳои замон як муддат хомӯш шуда буд, фурӯзон кард ва парвонаҳоро ба даври он ҷамъ овард ва ҳамон суннати некӯи маҳфилро, ки қаблан устодони дигар ба роҳ андохта буданд, ба шоистагӣ идома бахшид.
Маҳфили адибони ҷавон «Чароғи адабӣ» ном дошт ва аввалҳо дар толори Шарифҷон Ҳусейзодаи Донишгоҳи миллӣ баргузор мешуд ва донишҷӯёни факултаҳои гуногун дар он иштирок мекарданд.
Мо ба дарсҳои якнавохту якмаром ва қолабии устодони донишгоҳ хӯ гирифта будем ва боре гӯшамон бод бурд, ки дар толори Ш. Ҳусейнзода маҳфили адабие амал мекарда ва дар он навқаламон ширкат меварзидаанд. Рӯзи баргузории маҳфилро муайян намуда, дарҳол ба толор шитофтем. Бачаҳои зиёде ҷамъ омада буданд. Дар пешгоҳ устод Рустами Ваҳҳоб бо ҳамон тамкину виқори барозанда менишаст. Мо – чанд донишҷӯи факултаи дигар (журналисика), аз тарзу шеваи бурдани маҳфил ҳайратзада шудем. Устод як-як аз донишҷӯён хоҳиш мекард, ки шеъре бихонанд ва баъди шунидани шеър ба аҳли толор рӯй меовард, ки бифармоед, назаратонро дар бораи ҳусну қубҳи он баён кунед. Яке рӯйросту беибо танқид мекард ва дигаре нарму ором таъриф. Дар маҳфил истиқлоли комил ҳукмфармо буд. Ба ҳар донишҷӯ ҳақ ва имкон дода мешуд, ки сарфи назар аз хато ё дуруст будан, озодона андешаҳояшро иброз намояд. Устод ба ҳар донишҷӯ ба диққати тамом гӯш медод ва дар охир андешаҳоро хулоса мекард, нуқтаҳои заъфи шеърро ба соҳибаш тавре нишон медод, ки ӯ дарҳол пай мебурд ва дар маҳфили дигар ҳатман шеъри беҳтаре меовард.
Баъди ворид шудан ва ошноӣ бо ин маҳфил дар дили мо ончунон оташи шавқу иштиёқ забона зад, ки фаро расидани рӯзи маҳфилро бо ташнагиву беқарорӣ мунтазир мешудем. Он чи бештар аз ҳама моро ба ин маҳфил мекашид, маслиҳатҳову раҳнамоиҳои ҳакимонаи устод ва ошкорбаёниву озодие буд, ки дар фазои он ҳукмронӣ дошт. Фазои маҳфил тавре буд, ки касе аз танқиду хӯрдагириҳо намеҳаросид ва кӯшиш мекард, ки навиштааш бо мадади устод ва аъзои маҳфил ҳарчи бештар тарошхӯрдатару пухтатар шавад. Дар ин ҷо дар баробари сайқал ёфтани маҳорати суханвариву шоирӣ тафаккури интиқодии донишҷӯён низ шакл мегирифт ва аз такаллуфҳову баҳбаҳгӯиҳои дурӯғин, ки бинои ҳунару истеъдодро халалпазир мекунанд, нишоне набуд. Ҳама навиштаҳо ба андозаи арзишашон нақду баҳогузорӣ мешуданд ва гоҳе баъзе он қадар зери чаккуши танқид мемонданд, ки то дергоҳ ба худ намеомаданд ва аммо баъд мефаҳмиданд, ки ин ҳама ба суди эшон будааст.
Устод бо шунидани баъзе шеърҳо эродашро хеле кӯтоҳу муассир ва дар айни замон зарофатомез баён мекард. Масалан, чунин мегуфт: Аҷаб коре кардаӣ. Ҳамин эроди мухтасар кофӣ буд, ки соҳиби шеър камбуду нуқсони шеъри худро дарёбад. Ба ҳарфи дигар ниёзе намемонд.
Боре дар яке аз маҳфилҳо донишҷӯе шеъре хонд, ки дар он фақат ҷирмҳои осмонӣ тасвир мешуданд ва шоир зӯр мезад, ки бо устурлоби тахайюл осмон ва аҷроми онро нағз мушоҳида кунад ва чизҳои тозаеро кашф намояд. Аммо ин зӯр заданҳояш бесамар буд.
Устод шеъри ӯро бадиққат гӯш карду сипас оромона гуфт: «Медонед, осмон мисли хони густардаест, ки ҳама ба он даст дароз мекунем, то осон нозу неъматҳоро ба даст орем. Аммо фаромӯш мекунем, ки дар замин, дар ҳамин гирду атрофамон он қадар чизҳои илҳомбахш ва шеърофарин зиёданд, ки барои ҳамеша кофиянд. Ба замин ҳам нигоҳ кунед».
Ин барои мо навқаламони ноогоҳу хомкор сабақи дар воқеъ бузурге буд, ки аз ҳеч китоби дарсию назарии адабиёт наметавон пайдояш кард. Ҳамин кӯтоҳсухан кофӣ буд, то бифаҳмем, ки асли матлаб чист. Устод ин суханони пурҳикматро тавре мегуфт, ки нафаҳмидан ҳам имкон надошт. Он сухан дар баробари маънии аслӣ маънии маҷозӣ ҳам дошт, ки бо мурури вақт ба даркаш расидем. Манзури устод ҳамзамон ин буд, ки шеъри зиндаву заминӣ ва пур аз зиндагӣ бояд гуфт, аз тасвирҳои болохонадору безамина ва ба истилоҳ пуртамтароқ парҳез бояд кард, ба давру бари худ, ки пур аз шеъри ногуфта аст, назар бояд андохт.
Шеваи дигари кори устод дар маҳфил чунин буд, ки агар ҷарақаи истеъдоду қареҳаи шоириро дар вуҷуди касе медид, ҳатман ба ӯ муносибати ҷиддӣ ва сахтгирӣ мекард, то сахткӯш бошаду камари ҳимматро сахттар бибандад. Ва аммо касеро, ки тасодуфан гузораш ба маҳфил афтодааст ва ҳавову ҳаваси шуҳратхоҳӣ водораш кардааст, то чизеро рӯи варақ бирезад, мекӯшид, ки аз вартаи гумроҳӣ ба роҳи дуруст раҳнамоӣ кунад. Роҳи дуруст ин буд, ки мегуфт, ба коре машғул бишав, ки дар он қобилияту лаёқатат зоҳир шавад, агар на вақту умри худро зоеъ хоҳӣ кард.
Боре як донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ бо мактубе шеърҳояшро ба устод мефиристад ва андешаву раҳнамоӣ мехоҳад. Овардани посухи устодро ба он нома лозим мешуморем:
«Салом, бародари гиромӣ! Ин муроҷиати шумо баҳонаест, то ончиро дербоз дар хотир дорам ва гоҳе ҳам ба ҳасби зарурат ҷое гуфтаам, батакрор бигӯям, ки аксар ҷавонони мо гумон мекунанд, ки танҳо ба василаи шеъру шоирӣ ва сарояндагӣ метавонанд бар қуллаҳои ифтихор пой ниҳанд. Шояд дар шароити имрӯз ин як амри табиист, чун ин чизҳо бештар ба назари умуми мардум мерасанд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки ҳама ҳунарҳо шарифанд, хусусан агар дар хидмати инсон қарор доранд ва ба ифтихору шарофат расидан дар ҳар ҳунаре ба василаи ба ҳадди камол фаро гирифтани он ва ба кор бастан мебошад. Шоирӣ ҳам ҳунарест бо ҳазорон рамзу румуз ва барои хуб омӯхтани он машаққати зиёд мебояд, ба ҷуз он ки нишонаҳои авали сириштии он, ки завқу табъ ва эҳсоси вазну оҳанг аст, боястӣ дар вуҷуди сароянда ба сурати табиӣ вуҷуд дошта бошад. Ин чиз дар баъзе аз навиштаҳои шумо падидор аст, аммо ба камоли матлуб расондани он бояд солҳо ба ҷиддият заҳмат бикашед. Шеъри зиёд бихонед, чундон ки ҳазорон байтҳои хуб аз шеъри қадиму муосир дар зеҳни шумо нақш бибандад ва наср ҳамчунин, ба изофа китобҳои муҳимтаринро дар фанни шеър. Дар ибтидо барои шумо китоби «Санъати сухан»-и Тӯрақул Зеҳниро тавсия менамоям, ки ба забону баёни сода муҳимтарин лавозими шеърро баён кардааст.
Яке аз шартҳои муҳими муваффақият дар ҳар заминае эҳсоси ватандӯстӣ ва орзуи хидмат ба он мебошад, ки вуҷуди ин орзуро дар қалби худ эҳсос кардаед. Кишвари мо имрӯз ба табибони хуб на камтар аз шоирони хуб ниёз дорад. Ман худам борҳову борҳо зимни мушоҳидаи аҳволи баъзе беморони бечорамонда дар дил орзу кардам, ки эй кош, табиб мешудам ва он лаҳзаҳо омода будам, ки тамоми қобилияти ночизи шоирии худро ба камтарин донишҳои тиббӣ иваз намоям. Хулоса, шуғли шумо ба шеъру адаб набояд аз ҳисоби он вақту имконоте бошад, ки барои такмили донишҳои тахассусии асосии шумо зарур аст ва хуб аст, агар шеър василаи ташвиқу илҳоми бештари шумо дар кори аслӣ гардад. Аммо дар ин сурат ҳам он бояд хому ноқис набошад. Пандҳое дорад дар ин мавзуъ Ҳаким Низомӣ чандон муносиби ҳол, ки наметавон аз иқтибоси он сарфи назар кард. Вай хитоб ба фарзандаш мегӯяд:
Гарчи сари сарварит бинам
В-оини суханварит бинам,
Дар шеър мапечу дар фани ӯ,
Чун акзаби ӯст аҳсани ӯ.
З-ин фан маталаб баландномӣ,
К-он хатм шудаст бар Низомӣ.
Дар ҷадвали ин хати қиёсӣ
Мекӯш ба хештаншиносӣ.
Ташреҳи ниҳоди худ даромӯз,
К-ин маърифатест хотирафрӯз.
Пайғамбар гуфт, илми илмон
Илмаладён ва илмалабдон.
Дар нофи ду илм бӯи тиб аст
В-он ҳарду фақеҳ ё табиб аст.
Мебош табиби исавиҳуш,
Аммо на табиби одамикуш.
Мебош фақеҳи тоатандӯз,
Аммо на фақеҳи ҳиллатомӯз.
Гар ҳарду шавӣ, баланд гардӣ,
Пеши ҳама арҷманд гардӣ.
Аз шеваҳои дигари кори устод дар маҳфил овардани ривояту ҳикоёт аз рӯзгори қадимиён ва муосирон барои равшан нишон додани моҳияти масъалае буд, ки иштирокдорони маҳфилро шавқманду маҷзуб мекард. Боре роҳбари маҳфил нақл кард, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзе барои санҷиши табъ ба шогирдаш Ҳотифӣ мефармояд, ки ба ин пораи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ҷавоб бигӯяд:
Дарахте, ки талх аст ӯро сиришт,
Гараш барнишонӣ ба боғи биҳишт,
Гар аз ҷӯи хулдаш ба ҳангоми об
Бе бех ангубин резию шаҳди ноб,
Саранҷом гавҳар ба кор оварад,
Ҳамон меваи талх бор оварад.
Ҳотифӣ чунин ҷавоб мегӯяд:
Агар байзаи зоғи зулматсиришт
Ниҳӣ зери товуси боғи биҳишт,
Ба ҳангоми он байза парварданаш
Зи анҷири ҷаннат диҳӣ арзанаш,
Диҳӣ обаш аз чашмаи Салсабил,
Бар он байза гар дам дамад Ҷабраил,
Шавад оқибат байзаи зоғ зоғ,
Кашад ранҷи беҳуда товуси боғ.
Устод баъди хондани ин шеъри Ҳотифӣ ба аъзои маҳфил рӯй овард: – Ба назари шумо кадоме беҳтар гуфта, Фирдавсӣ ё Ҳотифӣ?
Ҳама лаҳзае дам ба дарун кашидем. Ба назарамон чунин намуд, ки Ҳотифӣ беҳтару нишонрастар гуфта ва ба устод фикрамонро ба як овоз гуфтем. Устод табассум карду гуфт: Медонед, Ҷомӣ баъди навиштани ҷавобия ба Ҳотифӣ чӣ мегӯяд, – ҳама саропо гӯшу ҳуш шудем, – Ҷомӣ мегӯяд, бузургии Фирдавсӣ ин аст, ки танҳо дар байти аввал як бор калимаи дарахтро ба кор бурда, вале ту дар ҳар байтат байзае (тухме) ниҳодаӣ.
Ин сухани Ҷомӣ, ки аз забони устод бо маънову зарофати аҷиб баён шуд, моро сахт дар шигифт гузошт ва ҳайрон мондем, ки чӣ гуна ин нуктаи нозукро дар аввал пай набурдем.
Устод ба мо нагуфт, ки такрори беҷову бемаврид айби шеър аст, балки мисоли зиндае овард, то амиқтар дарку эҳсос кунем ва он ҳам чи мисоли ҷолибу омӯзандае!
Маҳфили «Чароғи абадӣ» ҳоло дар идораи маҷалаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» низ, ки сардабири онро устод Рустами Ваҳҳоб ба уҳда дорад, амал мекунад. Бемуболиға метавон гуфт, ки идораи «Садои Шарқ» ба баракати ҳузури равшанибахши устод ҳоло ба конуни бузурги шеъру адаб табдил ёфтааст ва ҷавонон ба он рафтуомади доимӣ доранд. Таълимоти мактаби адабии устодро шояд метавон бо ин байти худи ӯ хулоса кард:
Қулзум ба даруни сина парвардан,
Як чашмаи сода бар лаб овардан.
***
Ҳар гоҳ ки устод Рустами Ваҳҳоб аз саҳни донишгоҳ бо ҳамон ҷиддияту тамкини хос ва қомати баланду симои нурбор мегузашт, гапногиртарин ва гарданшахтарин донишҷӯ низ, бе он ки аз сӯи устод ҳаракати коҳишомезе зоҳир шавад, даст пеши бар гирифта, арзи адабу эҳтиром мекард. Мо ҳам то даме ки аз сабақҳои инсонсози ӯ ҳаззе набурда будему аз наздик намешинохтем, аз шаҳомати пахшкунандаи ӯ бим доштем. Аммо баъд фаҳмидем, ки ин ҷиддияту виқори зебанда чӣ рамзу румуз ва ҳикматҳое дар таҳи худ ниҳон дошта, дақиқан мисли кӯҳе, ки дар дили худ ҳам чашмасор ва ҳам кони тило дорад. Ин чашмасор ва ин кони тило барои шодобу ғанӣ кардани ҳазорон ташнагон ва ғано бахшидан ба фақирони даргоҳи ҳикмату маънавият басанда аст.
Виқору сарбаландии устодро ин байти ӯ ба хубӣ тафсиру тавзеҳ мекунад:
Аз ин баланднигоҳӣ нишони кибр маҷӯй,
Назар зи қулла ҳамон одати куҳистонист.
Бо наздикӣ ва ошнотар шудан ба шахсияти тобноки устод зарофаткориҳои ӯ низ ошкорамон шуд ва дарёфтем, ки ин шоиру донишвари латифтабъ зарифтабъ низ будааст. Оғози солҳои ҳаштодум дар рӯзномаи девории факултаи суханшиносии Донишгоҳи миллӣ шеъре чоп мешавад, ки ба қалами донишҷӯи навқалам Рустами Ваҳҳоб тааллуқ дорад ва он шеър чунин аст:
Бо ёри забоншинос гуфтам:
Қурбони забони хушбаёнат.
Бо ҳоли замон чӣ кор дорӣ?
Чун банда шавам ба ҳар замонат.
Баҳри чӣ аломати ҷудоӣ?
Чун нест зарурате бар онат.
Дар сиғаи амр гуфт бар ман:
«Ҷим шин, ки тузук шавад забонат».
Ин шеъри ҳаҷвомез дарзамон ба забони донишҷӯён ҷорӣ ва нуқли суҳбату нишастҳои онҳо мешавад.
***
Бо тааммуқ перомуни шахсият ва осори гаронсанги устод Рустами Ваҳҳоб истилоҳҳои маъмули суннат ва навовариро ҳатман бояд зикр кард. Устод бисёр борикбинона ин ду риштаи нозукро дар ашъори хеш гиреҳ задааст, ба тавре ки намешавад онҳоро ба ҳеч ваҷҳ аз ҳам гусаст. Ӯ мисли баъзе шефтагони гузарои шеъри ба истилоҳ «мудерн», ки аз суннатҳои дерина ва писандидаи адабиёти классикӣ иҷтиноб меварзанд, навовариро танҳо баста ба беназмӣ ва корбасти вожаҳо, таъбирҳо ва образҳои навбаромад намедонад, балки дар баробари суд ҷустан аз вежагиву ҷилваҳои шеъри нав бо ихлосу эҳтиром ба анъанаву суннатҳои шоирони бузурги пешин ба дарёи пургавҳари осори онҳо низ ғӯта мезанад. Ба таъбири дигар, ҳини ба пеш ҳаракат кардан ба қафо низ назар меандозад. Роҳу шеваи амали шоирони бузургу асил ҳамеша чунин будааст. Ба қавли Нодири Нодирпур инсон барои он ки аз ҷӯе ҷаҳида гузарад, аввал ночор барои суръат гирифтан ба қафо меравад. Роҳи дигаре нест.
Ман чунин пайванди зебои суннат ва навоваририро ҳатто дар пиндору гуфтор ва ва рафтори устод Рустами Ваҳҳоб низ бармало мебинам. Шинохт ва дарёфти эътидол дар ҳама масъалаҳо тарзи асосии кори ӯст. Дарахти андеша ва маърифати ӯ аз рӯдборони фарҳанги деринаи гузаштагон обишхур дорад ва ҳам аз чашмасорони софу шаффофи муосирон об мехурад. Ин пайванди мустаҳкам дар вуҷуди нуронии устод таҷассуми зебо ёфтааст.
Тоҷик, ки нангу ор дар дил дорад,
Чун санг басе шарор дар дил дорад.
Зинҳор мапиндор, ки сахт асту дурушт,
Кӯҳест, ки чашмасор дар дил дорад.
Толиб Луқмон,
соли 2020