Рӯзи 3-юми май дар дар чаҳорчӯби Ҷашнвораи байналмилалии театри «Наврӯз» намоиши «Одоби шикори рӯбоҳ» аз Ҷумҳурии Исломии Эрон манзури тамошобин гардид.
Намоишномаи мазкур аз ҷониби Иброҳим Одилниё навишта шуда, он дар коргардонии Муҳамади Шокирӣ рӯи саҳна омадааст. Нақши шоҳро Озода Ҳайдарзода, нақши Аббосро – Эҳсон Камолӣ ва нақши Худодоро – Ҳикмати Шердил офаринидаанд.
Ин намоиши равониву таърихӣ бозгӯйӣ аз он мекунад, ки ду тан аз муҳофизони шоҳ Муҳаммадхони Қоҷор – Аббос ва Худодод, ки озору ситами зиёд дида ва бо гуноҳи шоҳ аз лаззату маънии зиндагӣ маҳрум гаштаанд, қасди куштани ӯро мекунанд. Ин ду ходим ба ҳам омада, барои анҷом додани ин амал омодагӣ мебинанд ва бо навбат нақши шоҳро бозида, худро нафрин мехонанду ба захмҳои куҳан чанг мезананд. Аз ин нақшофаринӣ дар ботинашон ғазабу танаффур ҷӯш мезанад ва ин ду навкарро ба хуни шоҳ ташна мегардонад. Аммо чун шоҳро дар баробари худ мебинанд, ҳолу ҳавояшон дигаргун мешавад ва тарс ҷойгузини нафрат, ҷасорат ва қудрат мегардад. Саранҷом Худодод аз ақлу ҳуш бегона гашта, Аббосро ба қатл мерасонад ва даст ба худкушӣ мезанад.
Намоиши мазкур тамошобинро ба тафаккури он мебарад, ки ғуломӣ аз куҷо сарчашма мегирад ва чигуна тарс метавонад рӯҳу ботини инсонро дар панҷаи хеш бифишорад. Ин ду навкарди рӯҳшикаста ончунон дар ботлоқи тарс ғӯтидаанд, ки ҳар замон жарфтар ба умқи он мераванд. Намоиш ҳам аз ҷиҳати бозии ҳунармандон ва ҳам аз лиҳози ороиши саҳнаву мусиқӣ дар сатҳи хеле хуб буд. Саҳна рамзҳои зиёд дошт, масалан фарши қирмизӣ намоди қудрати шоҳ буду сиёҳии сандуқ ва либосҳои ҳунарпешаҳо нишони бадбахтӣ ва нагунбахтии онҳо.
Коргардони намоиш Муҳамади Шокирӣ паёми намоишро чунин арзёбӣ кард:
Яке аз нуктаҳои муҳими намоиш ахтагии шоҳ, яъне муханнас будани ӯст, аммо паёми ин намоиш ахтагии иродаи одамҳост. Ин ду навкар аз шоҳ нафрат доранд, зеро ӯ зиндагияшонро гирифт, аммо бибинед, ки иродаи куштани ӯро надоранд. Яъне агар хоҳӣ, ки зиндагиятро тағйир бидиҳӣ, аз ин чолишҳо раҳо бошӣ ва бидуни азоби виҷдон зиндагӣ кунӣ, бояд натарсӣ ва иродаи анҷоми корро дошта бошӣ. Шарти раҳоӣ қудрати ирода аст ва одамҳое ки иродаашон ахта шудааст, на қудрати гирифтани интиқомро доранд ва на метавонанд кореро пеш баранд.
Мунтақиди номвари театр Муҳаммадуллоҳи Табарӣ намоишро хеле хуб арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, рисолати асосии театр аз дардҳои ҷомеа сухан гуфтан аст:
Ин ҷо як чизи бисёр мукаммалу мушкилеро дидем, ки дар муҳити хурди саҳна масоили бисёр фарох – аз муқаддасоти оила то озодии фикрию озодии имони инсониро дар худ таҷассум мекард. Баъзе мутахассисони мо ин намоишро ба театри абсурд рабт доданд. Барои дарку тааммул хеле мушкил буд, аммо ҳарчанд қаҳрамонҳо фавтиданд, боз ҳам тамошобин бо ҳисси яъсу навмедӣ берун намеояд, зеро онҳо бо орзуе ҳалок шуданд, ки бо зану фарзандҳояшон озод зиндагӣ хоҳанд кард. Нақшофаринӣ хеле олӣ буд ва ҳунарпешаҳо кӯшиш накарданд, ки доду фарёд бизананд мисли оне ки дар театри мо имрӯз роиҷ аст. Хеле нозукона аз иҷрои нақшҳо баромаданд.
Ёдоварӣ мекунем, ки “Одоби шикори рӯбоҳ” дар ҷашнвораи “Фаҷр” ҷавоизи зиёдро дарёфт карда ва барандаи “Паноми тилоӣ” шудааст.
Сайидо ШАРАФӢ, «АС»