29.5 C
Душанбе

Хунёгар (очерк)

Хунёгари солхӯрда, ки синнаш ба ҳаштод дакка мехӯрд, хаставу шалпар вориди ҳавлиаш шуд. Вале табъаш болидаву вақташ хуш буд. Ӯ аз мулоқот бармегашт. Мулоқот бо Сарвари давлат. Ин мулоқоти ҳафтуми ӯ бо Роҳбари давлат буд.

Субҳи ҳамон рӯз (охирҳои то бистони соли 2008), пас аз як моҳи бистарӣ шудан дар шифохонаи ноҳияи Шаҳринав, ки ҳарду гурдаашро ҷарроҳӣ карданд, дар боғчаи назди ҳавлиаш машғули кор буд, ки тақ-тақи дарвоза шунида шуд. Дарвозаро боз кард. Ронандаи ношинос пас аз адои салом гуфт:

– Муаллим, ман ронандаи раиси ноҳияи Ҳисор. Ҷаноби Олӣ ташриф овардаанд. Супориш шуд, ки шуморо ба мулоқотгоҳ бибарам.

Вориди хона гардиду тағйири либос кард.

Вақте ба макони баргузории мулоқот расид, ки Президенти кишвар сухан мегуфтанд. Чун чашмашон ба ӯ афтод, мавзуи суҳбатро дигар карда гуфтанд:

– Ассалому алайкум, пири кор. Хуш омадед! Чӣ ҳолу аҳвол доред? Чаро авзоатон парешону ноҷӯру лоғаред?

Ба ин суоли Сарвари давлат собиқ муншии аввали ҳизби коммунисти ноҳияи Ҳисор Уроқ Аловуддинов, ки дар паҳлуи Ҷанобӣ Олӣ қарор дошт, посух дод, ки як моҳ қабл ҳарду гурдаашро ҷарроҳӣ карданд.

Пас аз шунидани посух Президент бо чеҳраи ҷиддӣ ба раиси ҳамонвақтаи ноҳия Тӯхтаев гуфтанд:

– Чаро ба беморхонаи пойтахт, ки шароити хубтару беҳтар дорад, набурдед? Ин пирони хирад хазинаи тилоии ҷумҳурианду ҳамеша зери ҳимояи давлат қарор доранд ва аз имтиёзҳои зиёд низ бархӯрдоранд…

Аз ин суханони тасаллибахши Сарвари давлат рӯҳи хунёгар болида гардиду маризиашро низ фаромӯш кард ва торро бигрифту бетанаффус чанд тарона хонд.

Вақте таронаи охир – “Савти сувора”-и Саййидои Насафӣ:

Сад биёбон тай шуду аз корвон дурам ҳанӯз,

Киштии тӯфонии дарёи пуршӯрам ҳанӯз-ро

ба итмом расонд, Сарвари давлат хоҳиш карданд, ки ин ғазалро як бори дигар бихонад…

Зери айвон болои кӯрпа дароз кашиду худ ба худ гуфт: – Чӣ саодати бузургест барои ҳунарманд, ки Сарвари давлат хоҳиш мекунанд, ки фалон ғазалро такроран бихон. Ин саодат на ба ҳама ёр мегардад…

Чунин хоҳишро бори нахуст аз ӯ сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ карда буданд, ки дар ин маврид пасонтар муфассал ҳарф хоҳем зад.

Пас аз нӯши ҷон кардани чандин пиёла чойи кабуди талх хотироташ гул кард ва мулоқоти нахустинаш бо Президенти кишвар соли 1994, ки кашмакашҳои дохилӣ ҳанӯз идома доштанд, ба ёдаш омад.

Макони баргузории ин мулоқот хоҷагии ба номи Фрунзеи (ҳоло ба номи Наҷмиддин Айюбов) ноҳияи Шаҳринав буд.

Дар ин мулоқот Сарвари давлат бо ҳама роҳбарони ноҳия вохӯрӣ карданд, вале ӯро сахт ба оғӯш гирифта гуфтанд: – Ман шуморо тавассути телевизион ғоибона хуб мешиносам. Вале бо сабабҳои маълум хеле вақт шуд, ки сурудҳоятонро гӯш накардаам. Худо хоҳад, имрӯз аз таронаҳои дилангезатон баҳра мебардорем.

Воқеан ҳам ин мулоқот барои ӯ бисёр хотирмон буд. Чаро ки аз мулоқоти нахустин эҳсос кард, ки Ҷаноби Олӣ ӯро ғойибона хуб мешинохтаанд. Гузашта аз ин Сарвари давлат ба аҳли ҳунар эҳтироми хосса доштааанд.

Бинобар ин ӯ ҳангоми хайру хуш бо Роҳбари давлат гуфт:

На ба сарв такя дорам, на ба сояи санавбар,

Ба ту такя кардам эй шоҳ, ту сояи Худоӣ.

– Ташаккур, пири кор, – гуфтанд Сарвари давлат. – Худо барори коратонро бидиҳад…

Ин хунёгаре, ки мо дар борааш бо меҳр, муҳаббат ва самимият ҳарф мезанем, кист? Ӯ яке аз посутунҳои санъати кишвар, ҳунарманде, ки савту навояшро натанҳо дар Тоҷикистон, балки хориҷ аз он, дар шаҳрҳои Маскав, Оттава, Торонто, Монреал ва ғайра шунида, ҳаводорӣ ва кафкӯбӣ кардаанд, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи ҷумҳурӣ, идомадиҳандаи ҳунари классикии ниёгон устод Ҳусейн Насриддинов аст.

Ҳусейн Насриддинов шогирди Мулло Абдуҷаббори танбӯрии Қаратоғӣ буда, аз устодони бузурге чун Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул – ака Файзуллоев, Акашариф Ҷӯраев сабақ гирифтааст.

Кулли овозхонҳои маъруфи ҳисорӣ, минҷумла Комилҷон Ғаниев, Тоҷиддин Муҳиддинов, Шамсиддин Муҳиддинов ва дигарон, ки пас аз ӯ ба арсаи ҳунар омадаанд, шогирдони ӯянд.

Бо устод Ҳусейни Насриддин ба шарофати рӯзноманигори хушқалам Файзалӣ Шукур, ки зодаи деҳаи Шунуки ҷамоати Қаратоғ асту бо нигорандаи ин сутур дар шуъбаи кишоварзии Радиои Тоҷикистон ифои вазифа мекард, шинос шудам.

Ба ростӣ, он лаҳзаи гуворо то ба ҳол аз ёдам нарафтааст. Он рӯз суҳбати мо воқеан ҳам тафсид ва қариб панҷ соат идома ёфт. Ва ман аз забони устод шунидам, ки ӯ бо ҳама бузургони миллат, аз ҷумла бо аллома Садриддин Айнӣ мулоқот кардааст. Ин мулоқоти тасодуфӣ тобистони соли 1953 ба вуқуъ пайваста буд. Як гурӯҳ адибон бо сарварии устод Айнӣ ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Орҷоникидзеобод (Ваҳдат) ташриф оварда, бо хатмкунандагони ин даргоҳи маърифат, ки Ҳусейни Насриддин низ шомили ин гурӯҳ буд, мулоқот мекунанд. Дар ин мулоқот устодон Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Пӯлод Толис ва Суҳайлӣ Ҷавҳаризода низ ҳузур доштанд.

Дар оғози мулоқот адибон дар бораи эҷодиёт ва нақшаҳои хеш маълумот дода, шеърҳои тозаи худро қироат мекунанд. Сипас байни донишҷӯёни хатмкунанда ва адибон мубодилаи афкор сурат гирифта, навбат ба суруду мусиқӣ мерасад.

– Дар қатори дигарон, – нигоштааст Файзалӣ Шукур аз забони устод Ҳусейни Насриддин, – банда низ ба саҳна баромада, бо рубоб як шеъри устод Садриддин Айниро замзама кардам:

Ид шуд, аммо накард он бемурувват ёди ман,

З-ин алам андӯҳу ғам омад муборакбоди ман.

Ид шуд, ҳар ҷо мураттаб гашт асбоби тараб,

Аз ғаму андӯҳ гашт обод ғамободи ман…

Шояд аз Айнӣ зи рӯи лутф ёде оварад,

Эй сабо, бар гӯши ёри ман расон фарёди ман.

Ҳамин, ки суруд поён ёфт, ҳозирин кафкӯбӣ карданд ва баъд як манзараи аҷибе рух дод. Устод Садриддин Айнӣ бо аҷала, таҳайюромез аз ҷой бархостанд ва ба камина нигоҳ карда гуфтанд.

– О, ин шеърро ҳоло ман ба чоп надодаам, шумо аз куҷо ёфтед?

Аҳли толор ҳама хомӯшона ба устод менигаристанду ҳайрати он кас меафзуд.

– Ҷавоб диҳед, гӯед охир, – айнакро аз чашмашон гирифта, бо дасти росташон ҷониби ман ишора карданд Айнӣ.

Ин лаҳза муаллими фанни таърихи омӯзишгоҳамон Иброҳим Юсуфии Қаратоғӣ аз ҷой бархоста гуфт:

– Устод, ба ин саволатон ман ҷавоб медиҳам.

– Марҳамат!

– Устод, агар ёд дошта бошед, як ҳафта қабл ба аёдати Шумо, ба ҳуҷраи кориатон рафта будам. Баъди салому алейку ҳолпурсӣ Шумо чанд лаҳза аз ҳуҷра берун шудед. Дар болои мизи кориатон чашмам ба як варақи дастнависатон афтид. Шеър бисёр маъқул шуд, басо самимию аламнок буд. Бинобар ин, ҳамон ҷо шеъри тозаэҷодатонро бе иҷозаи Шумо ба ҳуруфи кириллӣ баргардонда, бо худ гирифтам ва рӯзи дигар ба шогирдам Ҳусейн Насриддинов додам, то ки ба оҳанг дарорад.

Устод Айнӣ аз посух қаноатманд шуданд. Дар чеҳраашон андак хушҳолӣ падид омад ва ба ман рӯ оварда гуфтанд:

– Писарам, ҳамин шеърро як бори дигар хон!

Рубобро ба даст гирифта, боз як бори дигар замзама кардам:

Ид шуд, аммо накард он бемурувват ёди ман,

З-ин алам андӯҳу ғам омад муборакбоди ман…

Толор ҳама хомӯшона шеърро гӯш мекарданд. Воқеан бисёр аламнок буд шеър. Матну оҳанг бо ҳам хуб, ҷӯр ва мувофиқ омада буданд. Вақте мисраи “Аз ғаму андӯҳ гашт обод ғамободи ман”-ро бо авҷ гирифтам, ба устод Садриддин Айнӣ нигаристам, он кас дастмолакашонро аз ҷайб берун оварда, оби дида пок карданд. Чун шеър анҷом ёфт, толорро мавҷи кафкӯбӣ фаро гирифт.

Устод Садриддин Айнӣ маро наздашон хонданд.

– Ташаккур, писарам, аламҳои гузаштаамро тоза кардӣ. Ин шеърро дар робита ба фавти бародарам навишта будам. Худо тавфиқат диҳад…”

***

Мегӯянд, ки “Бе муррабӣ зери гардун муътабар натвон шудан”. Воқеан ҳам ҳақ асту рост. Дар муътабар гардидани Ҳусейни Насриддин ҳамчун ҳунарманди мумтоз нақши устод Мирзо Турсунзода ниҳоят бузург аст. Агар устод Мирзо Турсунзода дасти мадад дароз намекарданд, нотавонбинон ӯро натанҳо аз саҳна, балки аз касби дӯстдоштааш омӯзгорӣ низ маҳрум мекарданд.

Бо устод Турсунзода низ Ҳусейни Насриддин бори аввал, тавре қаблан зикр шуд, соли 1953 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Орҷоникидзобод (ҳоло Ваҳдат) шинос шуда буд.

Вақте устод Айнӣ аз ӯ суол мекунанд: – Писарам, шумо аз кадом ноҳия ҳастед? Ӯ посух медиҳад, ки аз ноҳияи Шаҳринав.

– Аз диёри шоирхез, – мегӯянд устод Айнӣ ва рӯ ба ҷониби Турсун зода оварда меафзоянд: – Мирзоҷон, ин ҷавони хушовозро тарбият кунед.

Ин қиссаро низ Файзалӣ Шукур аз забони Ҳусейни Насриддин бисёр зебо зеби рақам кардааст:

“Агар он кас (устод Турсунзода) намебуданд, баъзе нотавонбинон ба таври худ ҳунари маро низ “куштанӣ” буданд. Воқеаи бароям ғайричашмдошт чунин сурат гирифт:

– Тобистони соли 1965 буд. Нафари масъуле бо мошинааш ба хона омад ва маро барои хизмат ба яке аз истироҳатгоҳҳои дараи Алмосӣ бурд. Он ҷо вакилони кадом ноҳия баъди тафтиши байни ҳамдигар хӯроки нисфирӯзӣ хӯрда истироҳат мекарданд. Болои кати чӯбин дар рӯбарӯи меҳмонон ҷой доданд ва нишастан замон бо хоҳиши ҳозирин ду-се суруд хондам. Андак дам гирифта будам, ки боз илтимос карданд ва ин дафъа якбора 5 ё 6 суруд замзама намудам, то хотири меҳмонон шод шавад. Баъди кафкӯбиву аҳсантгӯиҳо ба наздам як коса шӯрбо оварданд. Пораи нонеро тар карда ба даҳон мебурдам, ки марди ширакайфе ба наздам омада, бидуни салому алейк чун “генерал-губернатори Туркистон” ҷонибам нигариста амр кард:

– Хез, Ҳусейн, ду-се суруд хон!

– Ҳозир хондам.

– Ман нашунидам.

– Шӯрбоя хӯрам, мехонам.

– Ин ҷо шӯрбохӯрӣ омадӣ!? На хонӣ, хез гум шав!

“Ҷавоби аҳмақ сукут” – гуфта ҳарфе назадам. Вале ин шахси қадрношинос, ки котиби дуюми кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Ҳисор Урунов буд, косаи шӯрборо аз пешам гирифта ба дарё ҳаво дод.

Аз ҷой бархестаму пои пиёда роҳи Элокиро пеш гирифтам.

Ин ҳодиса агар миёнаҳои тобистон рух дода бошад, тайи қариб ду моҳ ба ман аз ҳар ҷониб “ҳуҷум” сар шуд. Дар ин муддат сурудҳоям аз Радиои Тоҷикистон садо намедоданд. Ва ҳатто понздаҳ рӯзи таҳсил гузашта бошад ҳам, иҷозат намедоданд, ки дар мактаби зодгоҳам муаллимӣ кунам.

Рӯзе назди мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҳисор Аҳмадалиев рафта хоҳиш кардам, ки ҳуҷҷатҳои маро бидиҳад, то дар ноҳияи Регар (Тур сунзода) ба касби омӯзгорӣ машғул бишавам. Вале на ҳуҷҷатҳоро медоду на ба кор қабул мекард. Сарсону саргардон, намедонам ба кӣ рози диламро бигӯям. Як рӯз ба Радиои Тоҷикистон назди масъули бахши мусиқӣ Шоҳназар Соҳибов низ рафта шикоят кардам:

– Акаи Шоҳназар, чаро сурудҳои ман дар радио садо намедиҳанд?

– Аз боло супориш шудагӣ.

– Охир, чӣ хел супориш будааст? Ман ягон ҷиноят содир накардаам.

– Намедонам, супориши комитети партиявии ноҳия…

Баъди ин сарсону саргардониҳо, рӯзе дар боғи саҳни ҳавлӣ машғули кор будам, ки садои мошин баромад. Назди дарвоза омада, ронандаи Ҳабибулло Назаровро шинохтам.

– Муаллим, шуморо раис интизоранд, биёед, ба деҳаи Тӯда меравем.

Роҳравон дар фикрам ҳар гуна хаёлҳо давр мезаданд:

– Сурудҳоям дар радио садо намедиҳанд, шояд бо ҳамин сабаб маро даъват карда, ҳақиқати ҳолро пурсиданианд. Ё шояд аз кори омӯзгорӣ ронданамро касе хабар расонида бошад. Шояд…

Ғарқи фикру хаёл назди дарвозаи Ҳабибулло Назаров омаданамро надониста мондам. Ронанда магар ҳолатамро пай бурд, ки худаш ҳанӯз аз мошин поён нашуда гуфт:

– Муаллим, фуроед, расидем.

Ба хона даромадам. Он ҷо Ҳабибулло Назаров, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода ва Саидалӣ Вализода байни худ суҳбат доштанд. Қадрдониву қадрши носии ҳунар ва ҳунармандро бубинед, ки баробари маро дидан ҳама аз ҷой бархеста, оғӯш кушоданд, самимона ҳолпурсӣ карданд.

Дар поёни хона, наздикии остонаи дар гузашта нишастам.

– Ҳусейнҷон, чӣ ҳол дорӣ? – пурсиданд Ҳабибулло Назаров.

– Нағз, раис, шукр аз зиндагӣ шикоят надорам.

– Чӣ хел шикоят надорӣ, ки туро аз маърака рондаанд?

Ин ҷо ба суҳбат Мирзо Турсунзода ҳамроҳ шуданд:

– Сурудҳоят дар радио садо намедиҳанд. Аз рӯйи маълумот туро аз мактаб низ рондаанд. Мана понздаҳ рӯзи соли хониш ҳам гузашту дар ягон ҷо кор намекунӣ. Бигӯ, ту чӣ гуноҳ кардӣ?

– Ман гуноҳе надорам, устод. Баъзе нотавонбинону кӯтоҳандешон маро ба чунин ҳол гирифтор кардаанд.

– Рӯшантар гап бизан, киҳоянд онҳо? Чаро туро ба ҳолати ногувор гирифтор мекардаанд?

Баъди ин муколамаву пурсуҷӯи устодон ночор дар бораи “истироҳат”-и лаби дарё, рафтору муносибати котиби дуюми кумитаи ҳизбии ноҳияи Ҳисор ва роҳи дуру дарозеро пои пиёда тай карда, ба хона омаданамро ҳикоят кардам. Чун устод Мирзо Турсунзода аз кирдори Урунов нисбати ман огоҳ шуданд, ба таъбире, рангашон канд ва бо аҷала сӯи Ҳабибулло Назаров нигариста: – Ҳабибуллоҷон, ҳамун телефона назди ман биёред, – гуфтанд.

Ба зудӣ бо Урунов тамос гирифтанд устод Турсунзода:

– Ало, ассалому алейкум. Шумо Урунов?

– Бале, ман муаллим. Шуморо шинохтам.

– Саломатӣ, корҳоят чӣ хел?

– Ташаккур, ташаккур!

– Гӯш дор! Ҳусейн куҷо мегардад?

– Намедонам, муаллим. Хабар надорам.

– Барои чӣ кор надодетон?

– Маълумоти олӣ надорад.

Баъди суханони ӯ устод Мирзо Турсунзода бо як лаҳни кинояомез муколамаи телефониро ҷамъбаст карданд:

– Ҳай, ҳай, эй Урунов, то ин хел муносибат карданата тире ёфта аз пешонааш мезадӣ, хубтар набуд? Якбора халос мешудӣ!

Баъди ин суханон устод Турсунзода бидуни хайрухуш гӯшакро дар ҷояш гузоштанд ва ба аҳли нишаст рӯ гардонда гуфтанд:

– Барои одами бофаҳм ҳамин гапҳо кифоя аст. Пагоҳ равед, Ҳусейнҷон, аз пайи муаллимиатон шавед.

Ба ростӣ, баъди дастгирии устод Мирзо Турсунзода хеле рӯҳбаланд ва хушҳол шудам. Хайрият, – гуфтам, – ҳастанд онҳое, ки ба қадри ҳунару ҳунарманд, одаму одамгарӣ мерасанду касро дар зиндагӣ ба шуғли дӯстдоштааш дилгарм мекунанд…

Бо устод Турсунзода аз соли 1953 то соли 1977, яъне то фавташон он қадар зиёд дидорбиниву мулоқот доштам, ки ҳамаи онро қисса кардан аз имкон берун аст.

Рӯзи видоъ бо устодро ҳамроҳи дигар арбобони ҳунар, ки дар сари турбаташон марсияхонӣ мекардем, хуб ёд дорам.

Дар саҳнаи Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, ба таъбири халқ, “замин кафида одам баромада буд”. Ҳама маҳзун, ҳама ғамгин, ашкрезон аз назди тобути Мирзо Турсунзода мегузаштанду банда, Ҷӯрабек Муродов, Барно Исҳоқова бонавбат марсия мехондем. Нағз дар хотир дорам, ки вақте Ҷӯрабек шеъри устод:

Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд,

Ба сели ашк мешуд ғарқ манзил, манзили ман буд…

ро бо авҷи баланд месуруд, навҳаи занону модарони тоҷик боз ҳам баландтар мешуд. Овози маҳину гуворои Барно низ дилҳоро об мекард. Банда низ қатори онҳо мухаммаси “Ҳама рафтанд” (Ғофил манишин, бин, ки азизон ҳама рафтанд), ғазали “Мотамхона”-и Саййидо (Чун ту раф тӣ, анҷуман гардид мотамхонае), шеъри “Парвона медонад”-и Абулқосим Лоҳутӣ (Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон парвона медонад), ғазали “Гирям”-и Абдураҳмони Ҷомӣ (Биё, эй ашк, то бар рӯзгори хештан гирям)-ро суруда будам.

Аз он рӯзи шум солҳои зиёде сипарӣ шуд. Вале номи неку кори неки Турсунзода дар дили наслҳо абадӣ зинда мемонад. Охир:

Ҳар ки бо меҳру вафо бар халқ хизмат мекунад,

Номи худро сархати девони миллат мекунад”.

***

Тавре хонандаи муҳтарам огаҳ шуд, ҳар як мулоқоти Ҳусейни Насриддин бо бузургони миллат таърихи аҷибе дорад. Маҳз дуои нек ва фотиҳаи сафеди ҳамин ашхоси табаррук буд, ки ӯ низ яке аз бузургони даври хеш гардид.

Чун мавриди мувофиқ аст, бояд зикр кунам, ки Ҳусейни Насриддин аз зумраи ҳофизони ангуштшуморе буд, ки саводи баланди форсӣ доранд. Агар бигӯям, ки ӯ дар хондани даст хатҳои форсӣ миёни овозхонҳо ягона буд, иштибоҳе нахоҳад шуд.

Бинобар шаҳодати хешовандам Муроди Шарифбадал, ки дар Институти педагогии шаҳри Душанбе (алъон Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ) шарикдарси Ҳусейни Насриддин буд, ин ҳунари ӯро ҳатто донишманди бузурге чун Холиқ Мирзозода ситоиш кардаанд.

Гузашта аз ин, устод Ҳусейни Насриддин дорои ҳофизаи фавқулода низ буд. Ӯ зиёде аз 500 ғазал, 40 мухаммас, 7 достон ва беш аз 200 рубоиро азёд медонист ва онҳоро ба оҳанг дароварда, ба самъи мардум расонидааст.

“– Ҳамчунин, – тавре Файзалӣ Шукур нигоштааст, – ин пири хирад зиёда аз даҳ дафтари баёз дорад, ки “Баёзи Мулло Тӯйчӣ”, “Баёзи Хислат”, “Баёзи девони ғазалҳои Соиб” ва “Баёзи меъроҷи нубувват” аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Илова бар ин, Ҳусейни Насриддин ёддошту хотираҳои зиёди ҳанӯз нашрнокарда дорад. Устод гоҳ-гоҳ шеър низ меофарид. Дар ин ҷода то андозае муваффақ ҳам шудааст. Шеърҳои эҷодкардаи ӯ “Шаҳринав”, “Ба муаллим”, “Хобидаанд” ва чандеи дигар дар байни мардум машҳур шуданд, ки онҳоро ҳунармандони варзидаи водии Ҳисор бо оҳанги марғубу дилрас месароянд.

Ҳусейни Насриддинро муҳаққиқ ва тарғибгари шоирони нимаи дуюми қарни ХIХ ва ибтидои асри ХХ-и ҳавзаи Қаратоғ гӯем, иштибоҳ нахоҳад шуд. Чароки дар бораи шоирони ин давра Хиҷили Қаратоғӣ, Мафтуни Қаратоғӣ, Қорӣ Домулло, Болтаи Қаратоғӣ, Нозими Қаратоғӣ, Хатиби Қаратоғӣ дар шакли дастнавису китоб ва баёз дар китобхонааш маълумоти фаровон маҳфуз мебошад.”

***

Воқеаҳои нохуши солҳои навадуми садаи бист ин хунёгари бузургро низ мушавваш карда буданд. Вале имони комил дошт, ки рӯзе мерасаду ин кашмакашҳои бемаънӣ хотима меёбанд ва ҳақ ба ҳақдор мерасад. Байти машҳури:

Бигзарад ин рӯзгори талхтар аз заҳр,

Бори дигар рӯзгоре чун шакар ояд, –

ҳамеша вирди забонаш буданд.

Воқеае, ки 27-уми июни соли 1997 дар деҳаи Элокӣ рух дод, то ба ҳол аз ёди сокинони он нарафтааст. Ин қиссаро ба ман худи устод Ҳусейни Насриддин ҳикоят карда буд.

Ӯ мухлиси барномаи “Кишоварз”-и Радиои Тоҷикистон буд. Ин барнома ҳар рӯз аз соати 14 то 15 тӯли як соат пахш мешуд ва таронаҳои ин хунёгари бузург низ садо медоданд.

Ҳамон рӯз ӯ дар боғчаи назди ҳавлиаш радиоро гӯш карда, машғули кор буд. Банохост пас аз 30-32 дақиқа барнома қатъ ва садои наттоқ баланд мешавад:

«Ин ҷо Душанбе, Радиои Тоҷикистон. Шунавандагони азиз, мардуми шарифи Тоҷикистон. Ба мо ин лаҳза аз шаҳри Маскав хушхабаре расид, ки ҳамаи мову шумо дер боз интизори он будем. Чанд лаҳза қабл Созишномаи сулҳ ба имзо расид ва ба диёри куҳанбунёди мо сулҳ омад. Ҳамаи шуморо бо ин хабари хуш муборакбод мегӯем».

Пас аз шунидани ин хушхабар ӯ каландро як сӯ мегузораду дохили хона мешавад ва торро гирифта, саҳни ҳавлӣ мебарояд ва таронаи дӯстдоштааш бар матни устод Мирзо Турсунзодаро бо тамоми овоз ба сурудан оғоз мекунад:

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,

Бо тапиданҳои ноороми рӯзафзуни дил.

То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,

Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон.

Садои мусиқию сурудро шунида, ҳамдеҳагон дар ҳайрат меафтанд, ки ин бонги сурушро боис чист? Одатан дар деҳот маъракае баргузор шавад, мардумро як рӯз ё ду рӯз пеш хабар мекунанд. Ба ин хотир мардум гурӯҳ-гурӯҳ рӯ ба сӯи хонаи хунёгар ниҳода, аз ҳамдигар сабаби шодию нишотро мепурсиданд. Вале дар посухи ин суол ҳама китф дарҳам мекашиданд. Чун суруд поён ёфту мардум аз ин хушхабар огоҳ шуданд, шодию сурури онҳоро ҳадду андоза набуд ва оғӯши муҳаббат кушода, ҳамдигарро бо ин падидаи таърихӣ, яъне истиқрори сулҳи тоҷикон муборакбод мегуфтанд. Пас аз анҷоми суруд хунёгар ба ҳамдеҳагон гуфт: – Ниҳоят интизориҳо бор оварданд ва ба куҳандиёри мо сулҳ омад. Ин бузургтарин дастовард аст, ки халқи тоҷик таҳти сарварии Роҳбари давлат ба даст овардааст ва ин арзиши бебаҳоест, ки онро нодида гирифтан нашояд, чунонки офтобро бо домон пӯшонда намешавад. Пас аз садсолаҳо низ ин хидмати Сарвари давлат эътироф мешаваду қадрши носӣ меёбад…

Аз он рӯзи саид бисту ҳашт сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҳамрустоҳои қадрдонаш, ки ҳамчун рамзи сипосу эҳтиром дабистони деҳаашонро ба исми ӯ номгузорӣ кардаанд, ҳар сол дар Рӯзи ваҳдати миллӣ гирди ҳам меоянд ва ҳамеша аз ин хунёгари бузург ба некӣ ёд мекунанд, ки ба василаи овози марғуладораш ба онҳо муждаи сулҳу ваҳдатро расонд.

Карим Мӯсо

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо