22.4 C
Душанбе

“Хунхори торосӣ” дар Хуҷанд

Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ бо намоиши «Хунхори торосӣ» меҳмони Театри давлатии мусиқии мазҳакаи ба номи К. Хуҷандии шаҳри Хуҷанд гардид. Намоиши мазкур нав буда, мавсими ҳаминсолаи 95-уми театр бо он шуруъ шуда буд. Он аз рӯи асари нависандаи машҳури турк Азиз Несин дар тарҷумаи Раҷабалӣ Худоёрзода, бо коргардонии саркоргардони театр Султон Усмонов рӯи саҳна омадааст.

То он ҷое, ки маълум шуд, ин асари Азиз Несин нахуст ҳамчун ҳикоя соли 1953 навишта шуда, баъдан соли 1965 ба намоишномаи театрӣ табдил ёфтааст. Худи муаллиф ин маълумотро дар тавзеҳоти китоби ҳикояҳояш зикр намудааст: «Ман онро соли 1953 навишта будам, соли 1955 дар маҷалла чоп шуд ва он ҳамчун аввалин ҳикоя дар китоби ҳикояҳои ман бо номи «Хунхори торосӣ» соли 1957 пайдо шуд».

Намоиши «Хунхори торосӣ» мазҳакаи иҷтимоӣ буда, аз рӯзгори як бознишастаи иҷоранишин бо номи Нурӣ Сияҳнур ривоят мекунад, ки воқеоту хатти сужаи асар бар талоши ӯ барои пойдор намудани ҳақиқату адолат бо соҳибхонааш Зиё Чолокчӣ ва авбоши шарики вай Усмон-буққа, асос ёфтааст.

Қаҳрамони асосии асар Нурӣ Сияҳнур (Қурбон Собир) марди хеле беозор, ҳалим, меҳрубон буда, бо ҳамроҳии занаш Меҳрубон (Малика Азизмамадова), писараш Матин (Боймурод Ҳаитов) ва духтараш Гулӣ (Робия Абдуллоева) ҳаждаҳ сол боз дар яке аз манзилҳои сарватманд Зиё Чолокчӣ (Ортиқи Қодир) иҷорашин аст. Нурӣ Сияҳнур дар баробари инсони ҳақҷӯву баинсоф буданаш, хеле камҷуръату тарсу ва андак бепарво буд. Ҳамин хислати қаҳрамон ӯро дар роҳи расидан ба ниятҳои нек ва ғояҳои наҷиб қурбони дасисаву найранг, носозгориҳову беадолатиҳо ва нобаробариҳои замонаш мекунад. Вақте Нурӣ аз ҳамаи инҳо ба танг омада, барои додхоҳӣ ба полис меравад, ӯро ба гумони ҷиноякори хунхори торросӣ буданаш, ки солҳо боз дар ҷустуҷӯ буд, ба зиндон бурданд. Пас аз ин воқеа дар хонааш тартиби дигаре барқарор шуд, муносибати Зиё Чолокчиву Усмон-буққа ҳам тамоман тағйир ёфт. Ҳатто пас аз фош шудани хақиқат озодии ӯ аз зиндон ва бозгашт ба хонааш ҳеч касеро шод накард. Ҳеч кас намехост ин ҳақиқатро бипазирад. Ҳама танҳо ба фикри худ буданд. Ҳама аз вай меҳаросиданд ва дурӣ меҷустанд. Ҳатто аҳли оила ҳам аз ӯ фосила мегирифтанд. Нурӣ танҳо монд, танҳо бо дурустиву ростгӯиву ҳақталошиаш. Вале аз раъяш нагашт. Билохира ӯро шинохтанд ва хонаводааш давраш ҷамъ шуданд. Ин ғалабаи ҳақиқат, пирӯзии адолат, пешдастии хайр бар шарр, нусрати некӣ буд. Паёми намоиш ҳам талош барои ҳақиқату адолат ва зиндагии шоду пурсаодат аст.

Намоиш дар атрофи ду зиддияти асосӣ сохта шудааст: якум — соҳибмулк-иҷорагир, дуюм — шаҳрванд -низом. Зиддияти якум сабаби тезу тунд шудани дуюм мегардад. Тазоди дуюм ҳам ба инкишофи хатти воқеаҳо, амалиёт ва ҳам бархӯрди манфиатҳо таъсир мерасонад.

Саҳнаи сеюм, ки дар идораи пулис сурат мегирад, қисматест, ки дар он унсури кунҷковӣ боло меравад ва пас аз он самти намоиш ҷараёни дигар мегирад. Бо илова шудани қиссаи хунхори Торос, ба муноқишаи соҳибмулк ва иҷорагир як андоза нармӣ ворид мешавад, аммо боз ҳам чун ҳақиқат рӯ мезанад, ин моҷаро дубора намоён мешавад, манфиатҳои тарафайн ошкор мегарданд. Ба ин васила дурӯии соҳибмулк ва низоми фасодзада ошкор мешавад.

Намоишнома ҳарчанд дар солҳои шастуми асри гузашта навишта шудааст, аммо дар он набзи замони мо эҳсос мешавад. Тамошобин дар образу хислати Нурӣ Сияҳнур ва Зиё Чолокчиву Усмон-буққа феълу хӯйи ҳамзамонони худашро барало эҳсос менамояд.

Театр бояд камбудҳои замони моро ифшо кунад, ки ин асар низ ба ҳамин ҳадаф тамаркуз кардааст. «Хунхори торосӣ» бо мазмуну муҳтавои иҷтимоӣ ва инъикоси воқеиятҳои талхи рӯзгор ба тамошобин имкон медиҳад, ки ҳаёти худро бознигарӣ намуда, баҳри ислоҳи камбудҳои ҷойдошта кӯшиш кунад. Театр ва ҳаёт ҳамеша якҷо рушд мекунанд ва ҳамин гуна намоишҳо ба камолоти маънавии тамошобинон таъсири амиқ мегузоранд. Тамошои чунин намоишҳо натанҳо як василаи фароғат мебошад, балки имкони баёни андешаҳо ва эҳсосоти шахсӣ, таҳлили воқеиятҳои иҷтимоӣ ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли масъалаҳо низ буда метавонад.

“Хунхори торосӣ» бо таҳияи Султон Усмонов ва иҷрои барҷастаи Қурбон Собир тавонист ҳам дар мазмун ва ҳам дар иҷро тамошобинонро ба ваҷд биёрад. Меҳвари намоиш бозии нотакрори Қурбони Собир буд. Ҳаракатҳо ва нутқи ҳунарманд бо табиати хоси худ тамошобинонро ба шавқ оварданд. Ҳар як ишораи даст ва ҳаракати бадан бо мазмуну маънӣ пур буда, нутқи баланди саҳнавӣ бо шуҷоату равонии худ ба бинанда таъсири амиқ гузошт. Ҳар як диалог ва монолог бо эҳсоси баланд ва самимият иҷро гашт.

Дигар ҳунарпешаҳо, аз ҷумла Ортиқ Қодир, Малика Азизмамадова, Салоҳиддин Шукуров (Усмон-буққа), Боймурод Ҳаитов бо ҳунари шоистаи худ ҷаззобияти намоишро дучанд намуданд. Хоса ҳунари Робия Абдуллоева (Гулӣ), ки ҳанӯз хонандаи мактаб асту дар канори ҳунармандони ҳирфаӣ рӯи саҳна худро озод эҳсос намуда, нақши худро бо маҳорати баланди актёрӣ иҷро кард, қобили таҳсини ҷудогона аст. Вай бо эътимод ба ҳунар истеъдоди худро нишон дод ва моро хушбин намуд, ки ояндаи дурахшони ҳунару театри тоҷик дар дастони чунин ҷавонҳост. Бозии нақшҳои лаҳзавӣ аз ҷониби ҳунарпешагони ҷавону умедбахш Суҳроб Эгамназарзода (Полиси 1) ва Шаҳзод Ниёзов (Полиси 2) низ барои мукаммал шудани мавзуи асар саҳми калон гузоштанд. Ҳар як ҳунарпеша бо эҳсосу шиддати бозигарии худ лаҳзаҳои мухталифи намоишро ҷаззобу табиӣ нишон дод, ки ин барои мукаммал шудани образи асосӣ ва дар маҷмуъ асари саҳнавӣ ёрӣ расониданд.

Ороиши саҳна низ дар сатҳи матлуб қарор дошт. Ороишгарони саҳна фазоро хеле воқеъбинона ва замонавӣ сохта буданд, ки ин ба тамошобин имкон дод, худи ҳаводиси асарро дар он ҷой тасаввур кунад. Истифодаи равшанию нуру чароғ ва дастоварди фанновариҳои нав низ намоишро ҷолибтар кард. Ба вежа гоҳе ки Нурӣ баъди андаке узлатгузинӣ аз ҳуҷраи худ дубора барои нобуд кардани фисқу фасоди замона берун меояд, истифодаи чароғу рӯшноиву дуди аз ҳуҷра бароянда барои баёни ҳамин ҳолати қаҳрамон ва ба тамошобин расондани паёми ӯ бисёр муносиб афтодааст.

Як нуктаеро дар робита ба дуруст навиштани номи намоиш таъкид мекунам. Номи саҳеҳаш бояд «Хунхори торосӣ» бошад, на чунонки дар эълони намоиш навишта шудаст: «Хунхори торросӣ». Зеро Торос номи маҳалл (бандар, кӯҳ)-е дар Туркия аст ва ҷинояткори хунхор, ки дар намоиш бар он таъкид рафтааст, аз ин минтақа аст. Илова бар ин, дар номи пйеса ба забони асли он – туркӣ «Toros Canavari» низ Торос бидуни ташдиди ҳарфи «р» омадааст. Аз ин рӯ, ислоҳи фаврии ин ғалати имлоӣ дар эълон ба суди кор хоҳад буд.

Умуман ин намоиш собит намуд, ки дар ҳақиқат театрҳо як намое аз рӯзгори инсонҳоянд ва метавонанд ба зиндагии ҳаррӯзаи мардум мазмуну маънои тозаеро зам кунанд. Агар театр намоишҳои пурмазмуну замонавӣ ва дархури доғи рӯзро рӯи саҳна орад, метавонад, бешубҳа, тамошобини зиёдеро ҷалб кунад. Зеро толори Театри давлатии мусиқии мазҳакаи ба номи К. Хуҷандӣ ва ҳатто ошёнаи дуюми он аз тамошобин пур буд. Баъди чандин солҳо бори аввал мушоҳида намудам, ки тамошобин то поёни намоиш толорро тарк накард ва барои ҳунару маҳорати ҳунарпешаҳо ва мазмуни баланди асар бардавом қарсак мезад.

Шарифҷон ТОҶИЗОДА,

номзади илми филология

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо