15.1 C
Душанбе

ХУДО ДОВАРИ МОСТ!

(Яккафарёди Нусратулло Махсум)

Мо ҳамонем, ки ҳар санги Ватан пайкари мост,

Мо ҳамонем, ки ҳар қуллаи хоро сари мост.

Мо ҳамонем, ки ҳар рӯз зи нав зинда шавем,

Чу ба хушбахтии мо мардуми эҳёгари мост.

Ҳарчи кардед, ба мақсуди дили мо кардед,

Аз шумо шод ҳаме руҳи ватанпарвари мост.

Мо ҳамонем, ки аз ҳикмати гуфтори шумо

Обрӯманду сарафрози ҷаҳон кишвари мост.

Мо ҳамонем, ки аз ҳарфи пурэъҷози шумо

Қиссаи сулҳи Ватан сарсухани дафтари мост.

Руҳи осудаи мо шукри Худо мегӯяд,

Ки зи аъмоли шумо нур ба хону дари мост.

Ормони дили мо буд ҳамин рӯзи саид,

Мо ҳамонем, ки дар матлаби мо маҳзари мост.

Ҳар сари санги Ватан минбари озодии мост,

Бо шумо ақлу хирад ғулғулаи минбари мост.

Эй халоиқ, ҳама дар ҳалқаи ваҳдат бошед

Мо зи ваҳдат ба муродем, Худо довари мост!

САФАРМУҲАММАД АЮБӢ

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо