6.1 C
Душанбе

«ХОНАИ МО — ГУЛХОНА»

Китоби нави адиби шинохтаи бачаҳо Абдусатори Раҳмон зери унвони «Хонаи мо – гулхона» соли 2024, дар ҳаҷми 172 саҳифа тариқи нашриёти «Адиб» бо теъдоди 200 нусха ба нашр расид. Абдусаттори Раҳмон аввалин маҷмуаи ашъорашро барои бачаҳо соли 1984 бо номи «Амак шудам» ба нашр расонд. Мавсуф зиёда аз 10 маҷмуаи назмиву насрӣ барои бачаҳо эҷод намудааст. Соли 2019 барои маҷмуаи «Чанори пур аз лона» ба рандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода гардид.

Ҷӯра Ҳошимӣ дар сарсухани китоб меорад: «Ошноӣ бо шеърҳои маҷмуа дар ниҳоди ҳаводорони каломи шоир андешаву ниятҳо ва дигар тамоюли некро илқо месозад. Ва муҳим он аст, ки андешаҳои мазкур ба хонанда таҳ мил намешаванд, балки худ аз худ, аз баёни воқеии ҳолатҳои табиии рӯзгори кӯдакон сар мезананд». «Хонаи мо – гулхона» гулчи ни ашъори то кунун барои бачаҳо навиштаи адибро фаро мегирад. Маҷмуаи мазкур аз ҷиҳати мавзую муҳтаво гуногунранг буда, аз бахшҳои мухталиф иборат аст. Дар бахши «Дунёи мо – Ватан» ашъори гуногуни ӯ гирд омадаанд. Дар бахши «Афсона» муаллиф афсонаи «Хаёли хом»-ро ҷой дода аст. 

Дар бахши «Гӯшмол» 18 шеъри ҳаҷвӣ ҷой гирифтааст. Муаллиф баъ зе аз ҳодиса ва воқеаҳоро ба тариқи ҳаҷв баён медорад. Дар бахши «Чистонҳо» 31 чистон дарҷ гардидааст. Чистонҳои шоир барои бачаҳо дилнишинанд ва ба рои инкишофи зеҳни онҳо мусоидат мекунанд. Дар қисмати охири китоб «Тарҷумаҳо» гирд омадаанд. Абдусаттори Раҳмон шеърҳои адибони мамла катҳои гуногунро тарҷума ва дар ин маҷмуа дарҷ намудааст. Дар ин маҷмуа ақидаҳои некиву некукорӣ, меҳнатдӯстӣ, ватанпарастӣ, инсонгароӣ тарғиб ёфтаанд. Чун муаллиф собиқаи зиёди омӯзгорӣ дорад ва бо бачаҳо ҳамеша дар иртибот аст, ба ҷаҳони онҳо хуб ошност. Аз ин рӯ навиштаҳояш писанди мухотабон қарор мегирад.

НАСИМБЕК ҚУРБОНЗОДА

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо