(Гуфтугӯ бо Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам)
– Шумо ҳамчун нахустин вазири фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиқлол дар бобати фарҳанги сулҳофаринии тоҷикон чӣ андеша доред?
– Мардуми тоҷик табиатан мардуми сулҳпарваранд ва ин ҳақиқати раднопазири таърихист. Бубинед, бузургони миллати мо чун Саъдии Шерозию Ҷалолуддини Балхӣ асрҳо пеш дар эҷодиёти пурмуҳтавои хеш моҳиятан тафаккури сайёравиро рӯи кор оварданд ва ғояи башардӯстию ваҳдати халқҳои ҷаҳонро ба миён гузоштанд. Ҳамчунин аз Рӯдакӣ то Аҳмади Донишу устод Садриддин Айнӣ мардумро ба дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ даъват намудаву ҷангу хунрезиро накӯҳиш кардаанд. Ниёгони мо дар тӯли таърихи чандҳазорсола аз рӯи кину нафрат теғ ба сари дигаре набардоштаву ба марзу буми бегонае чашми тамаъ надӯхтаанд, Бо вуҷуди ҳазорсолаҳо давлат надоштан ин миллат бо фарҳанги безаволи мудорову ҳамзистии осоишта, арзишҳои аслии мардумӣ, пос доштани забони модарӣ, садоқату ҷоннисориҳои фарзандони банангу номусаш номи худро дар саҳифаи таърих ҳаккокӣ намудааст. Аз ин рӯ бо итминон метавонем бигӯем, ки сиришти мардуми мо аз қадимулайём бо дӯстиву ҳамдилӣ ва ваҳдат ҳамеша пайванди ногусастанӣ доштааст. Ҷангу хунрезӣ ва фитнаву моҷароҷӯӣ комилан барои мардуми мо чизҳои бегонаанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ваҳдати миллӣ ва суботи кишварҳоро аслан гурӯҳҳои дасисакор ва иғовагарони зархариду ифротӣ халалдор месозанд. Оғози ҳама гуна ихтилофу нооромиҳо дар ҷомеа ва аввалсабаби сар задани низоъ ва нофаҳмиҳо маҳз ҳамин гуна афроди худбохтаву манқурт ҳастанд, ки ба хотири расидан ба ҳадафҳои муғризона ҷони ҳазорон ҳамватани хешро ба хатар меандозанд. Мисле ки солҳои навадум чунин тоифаҳои худбохта ба сари мардуми мо бадбахтӣ оварданд… Аммо зуҳури шахсияти миллие чун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ақлу хиради азалии мардумро бедор ва душманонро сарафкандаву шармсор кард. Сарвари давлат ҳам борҳо таъкид намудаанд, ки маҳз ақлу хиради азалӣ ва сулҳпарвариву ваҳдатгароии тоҷикон буд, ки дар лаҳзаҳои бисёр ҳассос ва фоҷиабори охири асри гузашта – вақте ки хатари пароканда шудани миллат, аз байн рафтани низоми давлатдорӣ ва аз харитаи олам нест гардидани давлати тоҷикон ба миён омада буд, моро наҷот бахшид. Яъне бояд гуфт, ки сулҳпарастиву ваҳдатофаринии Пешвои миллат низ безамина набуд. Абармарди миллатпарасте чун Эмомалӣ Раҳмон ғояҳои ҷовидонии гузаштагони моро сармашқи кори худ қарор доданд ва тавонистанд ба таври аҳсан бори дигар ба ҳамагон нишон диҳанд, ки:
Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.
– Устод, шумо ширкаткунандаи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ҳастед ва дар ҳамин ҷаласаи тақдирсоз бори сеюм вазири фарҳанг низ таъйин шудед. Дар бораи рӯҳияи ширкаткунандагони ин иҷлосия ва фазои ҳукмрон дар Қасри Арбоб чанд сухан мегуфтед, зеро ба андешаи коршиносон, маҳз аз ҳамин иҷлосия қадами нахустин дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати комил гузошта шудааст…
– Дар ҳақиқат, сулҳи тоҷикон аз ҳамин иҷлосия, дақиқтараш аз он лаҳзае оғоз ёфт, ки мо – вакилон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намудем. Оғози ваҳдати тоҷиконро ман лаҳзаи ба минбари Қасри Арбоб баромадани Сарвари давлат ва «Ман ба шумо сулҳ меорам» гуфтани он кас медонам. Маҳз аз ҳамин сухане, ки он замон марҳами дилҳои хунчакони мардуми кишвар гашт.
Ҳамон соате, ки мо – вакилон, ба тарафдории интихоб шудани Пешвои миллат ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ даст бардоштем, саъдтарин соати миллат дар чандин садсола буд ва инро мо баъди гузашти замон бештару беҳтар фаҳмидему то имрӯз Худоро шукр мегӯем, ки дар он лаҳзаҳои ҳассос саҳв накардем.
Он рӯзҳо айёми дилшикастагиву ноумедӣ буд. Ҳама ба ин савол ҷавоб меҷустанд, ки «Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?» Ҷавоб меҷустанду ҳеч бовар надоштанд, ки миллати тоҷик боз ба рӯзҳои неку хурсандӣ мерасад. Ҳатто вакилони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ дар толори Қасри Арбоб бовар надоштанд, ки роҳе барои поён додани ҷангу хунрезиҳо пайдо мешавад. Ҳама ба ҳамдигар бо чашми шубҳа менигаристанд. Ҳар нафар кӯшиш мекард, ки дар назди ҳаммаҳалу ҳамвилояти худ нишинад, бо ӯ маслиҳат кунад. Эътимоди миллӣ қариб, ки умуман дида намешуд.
Аммо вақте муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданду ба минбар баромаданд, итминону ҷасорат ва суханҳои дилсӯзонаашон дар дилҳои мо андак умедро бедор намуд. Ҳар вакиле, ки дар ин иҷлосия ширкат дошт, бо тамоми вуҷуд дарк кард, ки миллати ҷафодидаи тоҷик акнун раҳбари сазовори худро пайдо намуд. Роҳбаре, ки бо хираду дониши азалӣ, симои нуронӣ ва ҷасорату иродаи ношикастанӣ тамоми вуҷуди хешро барои наҷоти давлати миллӣ бахшидан мехоҳад. Роҳбаре, ки бо итминон иброз медорад: «То охирин гуреза ба Ватан барнагардад, ман худро осуда ҳис намекунам». Ҳазорон шукр, ки умедҳои мо барбод нарафт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан давлату миллатро аз вартаи нобудиву ҳалокат берун кашиданд ва дар ин самт бо иродаи шикастнопазиру хиради волои сиёсии хеш ҷаҳониёнро ба ҳайрат гузоштанд.
– Воқеан, сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ эътироф шудаву мавриди омӯзишу татбиқ қарор гирифтааст…
– Як нуктаи дигарро бояд бигӯям, ки дар замони адои вазифа ба ҳайси вазири фарҳанг ва дигар масъулиятҳои давлатӣ ба бисёре аз кишварҳои ҷаҳон сафарҳои хидматӣ доштам. Ҳам дар Амрико, ҳам дар Туркияву Ҳиндустону Чину дигар кишварҳо бо тааҷҷуб аз ман мепурсиданд, ки шумо чӣ гуна тавонистед дар як муддати кӯтоҳ оташи ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар хомӯш намоед. Аз ҳамон даврони аввали соҳибистиқлолӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шахсият ва фаъолияти сиёсии Пешвои миллати мо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда буд.
– Шумо ҳамчун вазири фарҳанг дар он рӯзҳои душвор корро аз чӣ оғоз карда будед?
– Пас аз иҷлосия мо бо тайёра ба Душанбе омадем. Бегоҳ буд. Нақлиёте ёфт нашуд, ки ба хона равам. Тасаввур кунед, вазири тозатаъйин дар пойтахти кишвар мошине ёфта наметавонад, ки то хонааш равад. Мошини хидматиямро силоҳбадастон бо зӯр кашида гирифта буданд. Шом мешуду ман беқарортар мегаштам. Худ ба худ мегуфтам, ки як дами дигар интизор мешавам, агар мошине наёбам, маҷбур пиёда роҳи манзиламро пеш мегирам. Ҳамин вақт, ба тақдирам, мудири хоҷагии Вазорати фарҳанг аз куҷое пайдо шуду маро ҷомадон дар даст дида, наздам омад. Ҳолатро фаҳмида, гуфт:
– Раис, дар ин вақт то хонаатон расидани шумо дар гумон аст. Сари ҳар кӯчаву паси ҳар дарахт як авбошу силоҳбадаст аст. Медонед, ки аз дасти онҳо ҳар кор меояд. Хонаи ман дар ҳамин наздикиҳост. Биёед имшаб меҳмони мо шаведу саҳари барвақт ба манзилатон равед. Чӣ лозим аст ҷони худро беҳуда дар хатар гузоштан?
Пешниҳоди ӯро пазируфтам. Шабро дар хонааш рӯз кардему пагоҳӣ пиёда роҳи манзиламро пеши гирифтам. Ман он рӯзҳо дар як гӯшаи шаҳр, дар маҳаллаи ҷангзадаи Авул зиндагӣ мекардам. Ҳар рӯз то Вазорати фарҳанг қариб даҳ километр роҳро пиёда мепаймудам.
– Аҳли фарҳанги кишвар дар он айём чӣ аҳвол доштанд?
– Мисли кулли мардум рӯзгори талх доштанд. Вазири фарҳанг баъди кор барои бачаҳояш нон меҷуст. Баъзан то дили шаб. Барои силоҳбадастони манқурт фарқ надошт, ки ту вазирӣ, ё олим, ё адиб. Бе ҳеч андеша барои як нон сари тир мекарданд. Ин нуктаро ҳам бояд зикр кунам, ки аз ҳама бештар аз ин вазъ аҳли зиёи кишвар азоби рӯҳӣ мекашиданд. Ашъори ҳамон давра навиштаи шоирони маъруфамонро хонед, чӣ қадр дардовар аст. Ҳамагон орзу доштанд, ки ақаллан мардум аз нон танқисӣ накашад. Имрӯз чӣ, дастархони мо пур аз нозу неъмат аст, аммо боз ҳам кӯрнамаку носипосоне ёфт мешаванд, ки ношукрӣ мекунанд. Намедонанд, ки чӣ қадр одамҳо дар навбати нон ҷони худро аз даст додаанд, чӣ қадр одамҳо аз хӯрдани кунҷора ва гиёҳҳои заҳрнок ба бемориҳои гуногун гирифтор шудаву ноумед аз дунё рафтаанд…
– Оё ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ дар адабиёти муосири мо ба тавре ки бояд бошанд, бозтоб ёфтаанд?
– Дар назм, албатта, адибони мо дар тарғиби ғояҳои ваҳдату истиқлоли миллӣ то ҷое муваффақ шудаанд. Аммо, ба назарам, дар наср ҳанӯз на. Ҳамқаламон аз ман наранҷанд, аммо дар давоми 34 соли истиқлол ман дар ин мавзуъҳо ягон романи комил ё қиссаи ҳадафмандона иншогардидаро нахондаам. Шояд бошанд ҳам, лекин ба дасти ман нарасидаанд…
– Барои таҳкими истиқлолу Ваҳдати миллӣ ва дар зеҳни ҷавонон бедор намудани рӯҳияи ватандӯстиву сулҳпарварӣ шумо – насли калонсолу зиёӣ ва шоҳидони он айёми хунин, оё рисолати хешро комилан иҷро карда тавонистаед?
– Не, лекин ин қарзи мост ва талош дорем, ки масъулияти хешро ба таври бояду шояд иҷро намоем. Бояд ба ҷавонон қадри сулҳу суботро фаҳмонем. Фаҳмонем, ки барои расидан ба ин рӯзҳо давлату миллат хеле қурбонӣ додааст ва мо дигар ҳуқуқи маънавии ғалат кардан надорем. Бояд ин Ватан, ин хоки муқаддасро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Ҷавоби сазовори мо ба душманони миллат бояд муҳаббати самимӣ ба Тоҷикистони азизу садоқати самимӣ ба Пешвои муаззами миллат бошад. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар шароити имрӯза, замони авҷи нооромиҳо ва бархурди тамаддунҳо аҳамияти беш аз пеш касб намудааст. Таърих ибратомӯз аст ва Рӯзи ваҳдат ба мо ҳушдор медиҳад, ки аз хатоҳои гузашта хулоса барорем, бо азму иродаи қавӣ имрӯз пойдевори зиндагии фардоро мустаҳкамтар гузорем.
– Ташаккур.
Мусоҳиб
Баҳманёр МУРОДӢ