Тибқи анъана ҳамасола дар ҷамъбасти сол аз ҷониби Вазорати фарҳанг фаъолияти ташкилотҳои соҳаи фарҳанг баррасӣ ва натиҷагирӣ мешаванд. Даҳуми январи соли 2026 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши фарҳангии сатҳи баланд баргузор гардида, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кормандони соҳаи фарҳангу санъат барои ҳамкорӣ ва дастовардҳои назаррас дар баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар соли 2025 қадрдонӣ гардиданд. Ҳамоиш зери роҳбарии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва намояндаҳои муассисаҳои фарҳангӣ иштирок доштанд. Аз ҷумла, нашриётҳои «Адиб», «Ирфон», Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, муассисаҳои таҳсилотии миёна, миёнаи махсус ва олии соҳаи фарҳанг, муассисаҳои театрӣ, инчунин сармуҳаррирон, муассисон ва намояндаҳои нашрияву маҷалла, рӯзномаҳои даврӣ ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ширкат намуда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати фарҳанг бо мукофотҳои соҳавии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Сипоснома”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра сарфароз гардонида шуданд. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 бо иштироки фарҳангшиносон, ҳунармандон ва фарҳангиёни кишвар як силсила чорабиниҳои муҳимми миллию байналмилалиро дар асоси нақшаю барномаҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуд, ки мақсад аз онҳо ҳифзу тарғиби мероси фарҳангии миллӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон буд. Ин чорабиниҳо на танҳо барои нигоҳдории мероси фарҳангии миллӣ муҳим буданд, балки дар рушду тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ бо кишварҳои дигар низ нақши калидӣ доранд.
МИРЗОШАРИФ АБДУСАЛОМЗОДА





