6.1 C
Душанбе

ҚАДАМИ НАВЕ ДАР РОҲИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

Бо ҳадафи таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор ва мероси ғании маънавию фарҳангии халқи тоҷик Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташаббуси таърихию фарҳангиро роҳандозӣ намуданд. Рӯзи 13-уми январ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо як зумра бостоншиносон, таърихнигорон, фарҳангшиносон, адибон вохӯрӣ анҷом доданд, ки дар он масъалаи бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифт. Иштирокдорон аз иқдоми навбатии муҳтарам Рустами Эмомалӣ истиқбол карда, доир ба он фикру андешаҳои худро баён доштанд. Тазаккур бояд дод, ки иқдоми мазкур идомаи мантиқии сиёсати эҳёи миллӣ ва хирад мандонаву дурандешонаи Пешвои муаззами миллат буда, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир барои ҳифзи пояҳои маънавӣ, таърихӣ ва тамаддуни миллат пеш гирифта шудааст. Ин иқдом нишони арҷгузорӣ ва эҳтироми хоса ба шахсиятҳое мебошад, ки дар тули таърих барои озодӣ, истиқлол, давлатдорӣ ва рушди фарҳанги миллӣ хидматҳои беназир анҷом додаанд. Маҷмааи мазкур на танҳо як иншооти меъморӣ, балки як фазои рамзӣ ва маънавӣ хоҳад буд, ки дар он дирӯз, имрӯз ва фардои миллати тоҷик ба ҳам мепайванданд. Ин макон ба зиёратгоҳи умумихалқӣ табдил ёфта, ҷойи андеша, ибрат, худшиносӣ ва тарбияи ватандӯстӣ хоҳад шуд. Ин ташаббус ба ҷомеа ва махсусан ба насли ҷавон чунин паёми равшан дорад: миллати тоҷик бо таърихи худ ифтихор мекунад, решаҳои худро мешиносад ва бар пояи худшиносии миллӣ роҳи ояндаи дурахшонро инти хоб менамояд.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо