Ин ҳамон ҷода аст. Бале худи худаш. Ҷодаи сарду сокит. Ҷодае, ки хазонрез ба он пироҳани тилоӣ пӯшонда. Ҷодае, ки ба рӯзгори ман эҳсоси мутафовит бахшида. Ҷодае, ки ҳар ваҷабаш ҳисси хушҳолӣ мебахшад. Ҳар замоне дилтангӣ меҳмонам мешавад, ба ин ҷода меояму бо нишастан ба курсии канори он ба худу кори дилам меандешам. Ҳоло низ иллати ин ҷо буданам ҳамин аст. Сафҳаҳои як соли ахири китоби рӯзгорамро варақгардон мекунам…
Дар семинари хосе бо ҷамъи ҳамраҳон нишаста будем. Ровии нишаст перомуни мавзуи матраҳ радду бадал мекарду ҳамагӣ якоҳанг ба сӯяш дида дӯхта буданд. Ман ҳамеша ва дар ҳама ҷо ғарқи дунёи худ ҳастаму аз он берун шудан бароям хеле гарон меафтад. Ҳодисае омили берун шудан аз дунёи худам шуд. Одамони тоза ба толор воридшударо як-як менигаристам ва аз ҳаракати ҳар кадоми онҳо чи гуна буданашонро ҳадс мезадам. Хулоса мебаровардам ва яқин мекардам, ки кистанд. Миёни ҷамъияти воридшуда гулдухтаре бо хулқу атвори мутафовит аз дигарон таваҷҷуҳамро ба худ амиқтар ҷалб кард. Ман, ки аз ибтидо мутаваҷҷеҳи чи гуна дохил шудану чи зайл нишастан ба роҳаткурсӣ ва чи тавр нимнигоҳе андохтанаш ба ҳозирин будам, чизеро дар чашмони табиатан оромаш кашф кардам. Намедонам он ҷо будаҳо дар идома чӣ гуфтанду атрофи чӣ сухан карданд, зеро ба пуррагӣ банди кашфи асрори ниҳони ӯ будам. Гӯё таваҷҷуҳам пурра ба сухани мавзуи матраҳи он ҷост, аммо ҷои дигар меандешидаму хаёлам ба дуриҳо пар мекашид, ҳама ғарқи дунёи ӯ будам. Ӯ бетафовут ба ҳозирин гоҳ-гоҳе назар меафканд. Дар ин миён чанд бор нигоҳҳои мо ба ҳам бархӯрданд. Бароям мушаххас набуд, ки ӯ мутаваҷҷеҳи бесаранҷомии ман буд ё на, вале ман амиқан он лаҳза мутаваҷҷеҳи ӯву дунёяш будам. Касе аз ҳозирин, ёдам нест, чи сухани хандадоре гуфт, ки ҳамагӣ бо садои баланд хандиданд, аммо ӯ танҳо нимтабассум кард. Ин чеҳраашро боз ҳам диданитар намуду самимӣ буданашро бозгӯ сохт. Як гесӯяш бари рӯяш алвонҷ хӯрд. Онро аз нав пушти гӯши ҳалқадораш ниҳон намуд, аммо бо гузашти фурсати каме дубора алвонҷ хӯрд. Аз нав онро дуруст мекарду ба касони дар рӯбарӯяш нишаста, одӣ менигарист. Ман низ миёни он мухотабон будам. Ҳар бори такрор шудани ҳолат эҳсос мекардам, ки тапиши қалбам беихтиёр меафзояд. Ва ба худ мегуфтам, ки чи хуб мебуд, агар ин ҳолат беохир бошад…
Ногаҳ ҳамагӣ аз ҷо бархоста, бо ҳам худоҳофизӣ карданду як-як аз дар берун шуданд. Фаҳмидам, ки ҷамъомад ба охир расид. Хеле дилтанг шу дам. На аз боиси ба итмом расидани нишаст, балки барои рафтани ӯ, зеро дидори дигарборааш муҳол буд.
Дӯсти ҳампешаам бароям гӯшрас кард, ки ҳарчи зудтар бояд ба коргоҳ равем, то кори зиёди бар дӯш доштаамонро то охири рӯз ба итмом расонем. Дарҳол назди ошёнбар рафтаму хостам бори охир бубинамаш. Дер кардам. Бо иллати зиёд будани одамон ӯ аллакай аз зинапояҳо поён рафта буд. Вақте ки аз бино берун шудам, ӯро ҳангоми савор шуданаш ба таксӣ дар ҷодаи калон дидам. Нишасту бепарвоёна сӯйи мо назар афканд. Шояд барои тасаллои худам ба ин қарор омадам, ки сӯйи ман нигарист. Ин буд, ки кадом ҳисси аҷибе вуҷудамро фаро гирифт.
Охири рӯзи поизӣ буду аз осмон дона-дона борон меборид ва қадам мезадаму таҳти оҳанги гӯшнавозу ишқомези он ба сафҳаи тозаи муъҷизаноки дафтари умрам меандешидам. Намедонам барои чӣ, вале ба ҳар сӯе назар мекардам ва ба ҳар чизе меандешидам, симои ӯ пеши назарам падид меомад ва эҳсоси хуше қалбамро ламс мекард. Ман, ки поизу боронҳояшро то ин дам дӯст наме доштам, аз боиси ин ки дар ин лаҳза зери борон чеҳраи вай пеши назарам омад, ошиқи фасли хазонрез шудаму шокири лаҳзаҳои сеҳрнокаш.
Ин аввалин рӯз дар тамоми зиндагиям буд, ки аз дигар рӯзҳо фарқ дошт. Ба коргоҳ расидаму вазоифи боқимондаамро ба итмом расонидам. Ба хона рафтам. Хостам пеш аз хоб филми тозае бубинам. Дар рӯбарӯи оинаи нилгун менишастаму хаёлам ба ҳодисаи имрӯзаву ӯ банд буд. Тамошо ба дардам нахӯрд. Ҷаҳоннаморо хомӯш кардам ва сар ба болин ниҳодам. Вақте чашмҳоямро бастам, нимтабассуми намакинаш пеши назарам пайдо шуд. Хеле зиёд дар борааш андешидам. Наметавонистам ғайри ӯ дар бораи чизи дигаре зеҳнамро банд созам. Оё бори дигар ӯро медида бошам ва ё на? Ин суол то хоб бурдан дар сарам чарх зад. Ва ёдам нест кадом вақти шаб хобам бурд.
Субҳ бо садои гӯшӣ аз хоб бедор шудам. Бо сар баланд кардан аз болин чеҳрааш пеши чашмонам намоён гардиду гӯё бароям субҳ ба хайр гуфт. Майли субҳона надоштам. Ва танҳо чизе, ки мехостам, андешидан перомунаш буду дубора диданаш. Чун номашро дирӯз дониста будам, дар олами маҷозӣ варо ҷустуҷӯ намудаву билохира сафҳаи фесбукиашро пайдо кардам. Дархости дӯстӣ фиристодам. Онлайн буду рӯйи сафҳа. Бо беқарорӣ интизорӣ мекашидам, ки дархостамро мепазирад ё хайр. Бо гузашти дақиқае паём омад, ки дархостамро пазируфтааст. Ба сафҳаи паёмрасон даромадаму хостам чизе барояш бинависам.
– Бо дуруд. Дӯстӣ поянда бод! – навиштаму дар бадалаш чунин посух ҳадя гирифтам:
– Бо умеди дӯстии беохир…
Он рӯз низ тира шуд бо ёдаш. Бо ба ёд овардани чеҳраи гарму нигоҳи хосаш, бо ба ёд овардани чашм ба чашм бархӯрданҳоямону аланга гирифтани ҳисси аҷибе дар вуҷуди яхбастаам.
Баҳона мекофтам, сабаб меҷустам, дар олами андеша фурӯ мерафтам ва роҳе меҷустам, то бо ӯ ҳамсуҳбат шавам, сухангӯиҳояшро назора созам, хандаҳояшро аз наздик бубинам. Ниҳоят воқеае сабаб гардиду ба муроди худ расидам. Чун эҷодкор буд, рӯзе нигоштаи тароватнокашро дар нашрияи адибон мутолиа намудаму хеле мутаассир шудам.
Тавассути паёмрасон барояш навиштам: “Нигоштаатро хондам. Хеле хубу хонданист. Туҳфае дорам. Фардо мехоҳам онро бароят расонам, агар зид набошӣ”. Ӯ низ “бошад” гӯён розӣ шуду ман аз хушҳолӣ гӯё болу пар сабз кардам. Фардо китоберо ҳадя бурдам. Дар родио кор мекард. Аз студияи сабти барномаҳо берун баромад. Он рӯз хеле зебо буд, бо қадамзаниҳош, бо нимтабассумҳош, бо дуруд гуфтанҳош ва бо чашмони табиатан ороми меҳрбор нигоҳ карданҳош. Тамоми ҷуръатамро ҷамъ кардаму бо дуруд гуфтан ҳадяро ба сӯяш дароз кардам. Онро гирифтан замон ташаккур гуфту бо хандаи саршори меҳр ба сӯям нигарист. Намедонам онҷобудаҳо инро эҳсос карданд ва ё на, вале ҳис мекардам, ки қалбам дар хонааш рақсидан оғозид. Ӯ худоҳофизӣ карда рафт ба утоқи корияш. Хеле дилтанг шудам, ки вохӯрӣ ба ҳамин андоза кӯтоҳ хотима ёфт. Бо таассуроти рӯбарӯ шуданҳо ба ошёнбар дохил шудаму тукмаи ошёнаи якро зер кардам. Давоми рӯз ман будаму ёди ӯ. Бо муҳаббати бенадоза нисбат ба ӯ нафас мегирифтаму бидуни ихтиёр перомунаш меандешидам. Шом дар паёмрасон барояш дуруд фиристодаму бо ҳам хеле суҳбат кардем. Дар ин гуфтугӯ ҳеч мавзуи хосе надоштем. Атрофи ҳар чизе аз ҳамдигар мепурсидем ва ҳеҷ намехостем, то ин ҳар фҳо хотима ёбанд. Ин лаҳзаҳо эҳсос мекардам, ки дар он сӯй ӯ низ мисли ман бо беқарорӣ ҳарфҳои омехтаи бидуни тартибро мечинаду бароям мефиристад:
– Чаро шумо ҳамеша ғамгин менамоед?
– Табиатам ҳамин. Бори аввал нест, ки инро мешунавам, аммо эҳсос мекунам, ки ҳар чизе ҳикмате дорад. Медонам, ин лаҳзаҳо суоли дигаре дар зеҳнат пайдо шуд, ки чӣ ҳикмат? Фақат ҳаминро мехоҳам бигӯям, ки ҳоло чун бо ту суҳбат дорам, хеле хушҳолам. Ва танҳо ту боис шудӣ, ки гиреҳи дилтангиҳом боз шавад.
Суҳбат каме дигар идома ёфту “шаб ба хайр” гӯён бо ҳам худоҳофизӣ кардем. Ин дувумин рӯзи пурмуҳаббати умрам буд. Рӯзи дигар дар коргоҳ банди кор будам. Табъи болида надоштам. Намедонам барои чӣ дил танг шуда будам. Гӯё чизе гулӯямро мефишурд. Қаҳвае омода кардаму нӯшидам. Беихтиёр телефони ҳамроҳро боз кардаму барояш навиштам:
– Рӯз ба хайр! Хубӣ, куҷоӣ?
– Рӯзи шумо низ ба хайр бод! Хубам. Ҳамин ҳоло аз китобхона баромадам ва азми рафтан ба иҷорахонаро дорам. Шумо чӣ ҳол доред?
– Ростӣ, намедонам.
– Фаҳмо. Яъне ҳолу ҳавои поизӣ дорам гӯед?
– Мисле ки ҳамин хел.
– Як тавсия барои хуб шудани ҳолатон дорам – каме қадам бизанед, хуб хоҳед шуд.
– Тавсияи хуб, вале ба танҳоӣ қадам задан ҳоламро хуб нахоҳад кард. Агар якҷоя қадам бизанем, ҳат ман хуб хоҳам шуд.
– Агар бо ҳам қадам задан ҳолатонро хуб созад, ман розӣ. Баъди панҷ дақиқа ба гузаргоҳи зеризаминии назди коргоҳатон меоям. Биёед.
– Ташаккур. Ҳамин ҳоло расида меоям.
Намедонам чӣ тавр ба ҷойи гуфтааш расидам. Ӯ қабл аз ман он ҷо буду интизорӣ мекашид. Расидан замон даст дароз кардаму бо ҳам салом кардем. Он рӯз хеле зебо шуда буд. Палтову гарданбанди арғувонӣ ва гесуҳои ба бари рӯяш овезон ба ҳуснаш ҳусни тоза зам намуда буд. Дар ҷода бо ҳам қадам мезадем. Ӯ сухан мекард ва ман аз ҳарфзаниву хандаҳояш беқарор мегаштам. Худро хушбахттарин инсони рӯйи дунё меҳисобидам. Ҳеҷ намехостам ин бо ҳам буданҳо интиҳо ёбад. Вале вақте гуфт, ки ба ҷойи лозимааш расидааст, дигар намедонистам чи гӯям… Муоширати хубе доштем. Шунавандаи дилтагиҳои ҳам шуда будем. Ӯро намедонам, вале ман ба ӯ одат кардаву беихтиёр аз нахустин дидор дил аз даст дода будам. Эҳсос мекардам, ки воқифи ҳолам аст.
Шаб паём фиристодаму ҳол пурсидам. Хеле сард посух навишт, посухе, ки ҳеҷ интизорашро надоштам. Сабаб пурсидам. Чизе нагуфт ва шаб ба хайр навишт. Ҳайрон будам аз ӯву аз рафтораш. Сабаби ин гуна шудани робитаамонро меҷустам, вале ҳеҷ иллатеро дарнамеёфтам. Ба кӯча баромадам. Борон меборид. Аҳён-аҳён одамон ба назар мерасиданд. Истгоҳро сарпаноҳ ёфтам. Телефонамро рӯшан намудам. Саҳифаи паёмрасони интернетро боз кардам. Нуқтаи канори номаш сабз буд. Ба умеде, ки мехонад, дар баргаи фейсбукиам навиштам: “Ману эҳсос ва кӯчаҳои зери борон. Қадам мезанам зери дарахтони солдидаи роҳ. Бидуни чатру ҳамдаме. Тани танҳо ва бо андӯҳу оҳ…”
Баъди лаҳзае паём омад:
– Салом. Манзур аз танҳо буданат набудани ман аст?
– Бале.
– Фикр намекунам, ки мо то ин ҳад наздик будем.
– Туро намедонам, вале ман аз рӯзи нахуст шефтаи ту шуда будам.
– Ростӣ, аз ин робита чизе барнамеояд. Чизе буд, фаромӯш намо. Дигар ҳеҷ гуфтугӯе бо ҳам нахоҳем кард, на тавассути телефон ва на паёмрасон. Тамом, мо танҳо як шиноси одием.
– Ба ҳамин содагӣ?
– Бале. Байни мо ҳеҷ эҳсосе набуд.
– Буд! Ҳаст! Мемонад!
Ҳарчанд исрор кардам, то иллати ба канор рафтанашро дарёбам, вале муяссарам нагардид. Ишқи серӯзаам зиндаятим монд. Ӯ рафт ба дуриҳову ман мондаму домони дилтангиҳои беохир. Суоле, ки ба дарозои солест, зеҳнамро ором намегузорад, ин аст, ки чаро ӯ бидуни сабабе рафт?..
…Бале, ин ҳамон ҷода аст, ки маро бештар мафтуни ӯ карда буд. Ҷодае, ки бароям хотироти хубу рангини зиёд бахшида. То охирин нафас ин ҷодаро азиз медонам. Чун замоне шоҳиди қадамзаниамон буду хушҳолию хушбахтии беинтиҳои ман. Ҷодаи хотираҳо…
Беҳрӯз ҚАЮМӢ