Аз 16 то 19 декабри соли 2025 Ҷумҳурии Исломии Эрон мизбони Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги мардумони эронӣ буд. Ҳадафи он муаррифии гуногунрангии фарҳанги мардумони эронӣ ва таҳкими равобити фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳамфарҳанг маънидод гардид. Муовини вазири фарҳанги кишвар Давлат Сафар, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ва дигар намояндагони ҳунару фарҳанги ҷумҳурӣ дар ҷашнвора иштирок доштанд. Фарҳангиёни кишвар гӯшаи махсуси миллиро ташкил наму данд, ки дар он навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, заргарӣ, атласу адрас ва либосҳои суннатӣ ба намоиш гузошта шуданд. Дар доираи ҷашнвора шаби фарҳанги Тоҷи кистону Эрон сурат гирифт, ки дар он аз пайвандҳои таърихӣ, забонӣ ва фарҳангии ду кишвар ёдоварӣ шуд. Суруди “Ҳамдилии Тоҷикистону Эрон”, ки самараи эҷоди узви Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар ва оҳангсози эронӣ Аҳмад Баён мебошад, Рӯзҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Эрон оғоз бахшид. Ҳунармандони Ансамбли давлатии “Шашмақом” ва Ансамбли давлатии “Фалак” меҳмонони ҷашнвораро бо суруду оҳангҳои дилангез хушнуд намуданд. Ҳамчунин муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар дар доираи ин ҷашнвора бо вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидаббоси Со леҳӣ, намояндагони Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ, муассисаҳои табъу нашри Эрон ва адибону фарҳангиёни кишварҳои иштирокдори анҷуман вохӯрда, масъ алаҳои ҳамкориҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба, нашри китоб, бозомӯзии мутахассисони соҳаи табъу нашр ва масоили дигари фарҳангиро баррасӣ намуд. Дар Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги мардумони эронӣ инчунин гурӯҳҳои фарҳангӣ аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбе кистон ва намояндагони ақаллиятҳои миллии муқими шаҳри Гургон иштирок доштанд. Хотиррасон мекунем, ки ин ҷашнвора ҳамасола дар яке аз шаҳрҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад.





