Дар аввали баҳор, дар арафаи рӯшноию гармӣ, табиат рӯзҳои ҳузнангезеро пеш меорад, ки аз айёми хазонрез андӯҳбортаранд. Замини тираранг аллакай барои офтоб оғӯш кушодааст, лекин офтоб ҳанӯз зӯри пардаи хокистарии абрҳоро даридану онро гарм кардан надорад ва замин бо сабри дилфишор ҳастиашро тоқат мекунад. Дар ин гуна рӯзҳо ба назарат чунин менамояд, ки баҳору тобистон ба ин наздикиҳо намеоянд ва ту то он рӯзҳо зинда намемонӣ.
Маҳз дар яке аз чунин рӯзҳои ҳузнангез дар саҳрои холии фасли баҳорон тӯпҷанг мерафт. Аскарони пиёдагарди мо дар хандақҳое, ки немисҳо ҳангоми дар ин мавқеъ будан кофта буданд, хапу хомӯш менишастанд.
Одатан душман, бо дарки он ки мо дар хандақҳои қаблан кандаи фашистон сарбозони худро ҷо медиҳем, мавқеъҳои аздастдодаашро аз тӯпҳо тирборон мекунад. Лекин мо, ки немисҳоро медонем, одатан аскаронамонро дар хандақҳои аз рақиб бозмонда ҷойгир наменамудем. Ва ҳангоме ки душман аз ин огоҳ шуда, тирборон кардани хандақҳои аздастдодаи ба гумонаш холиро қатъ мекард, гоҳ-гоҳ онҳоро истифода мебурдем.
Фармондеҳи рота лейтенанти калон Юхов аз паноҳгоҳ оташфишониро назора мекард. Замини дар ин мавсими сол тирарӯи беҳосил ба зарбаҳои гӯшхароши тӯпҳо бо садои нолишомезе, ки гӯё аз худаш набуд, посух медод.
Ҳоло дар замини миёни мову душман ҷонзоде набуд. Фақат як решаи нодири порсола, ки кайҳо ях баставу осоре аз зиндагӣ надошт, ҳанӯз аз ларзиши ҳаво як қад мепарид. Лекин як мавҷуди аҷиб дар он замини аз ҳамагон холӣ чун девонаҳо оромона мегашт. Юхов, синча карда, ба он зеҳн монд. Дар он замин аспаки тираранги русие равон буд. Аз болои сараш снарядҳои нолон ҳаворо бурида мегузаштанд, алангаи таркишҳо дар чапу росташ шуълавар мешуд, лекин асп оҳиста-оҳиста дар он «долон»-и ҷанг пеш мерафт. Лейтенанти калон дурбинро гирифта, тӯлонӣ ба аспи равон нигарист. Чашмони он аз хастагии ғанабовар нимпӯш, китфу ёлҳояш афсурда ва пайҳои хуни хушкидаи сиёҳ сағрии пора-пора буридаашро фаро гирифта буданд. Шиками аз гушнагиву кори вазнин фурӯрафтаи аспро ҷисми лоғараш ҷои хӯрок ба худ кашидаву скелети он гӯё пӯсти пурзахми аз меҳнати сахт захмин ва аз аробакашӣ хӯрдашудаашро сӯрох карда, берун ҷаста буд. Ҳайвони аз азоби пешазмаргӣ хаста байни тӯпҳое, ки аз болои ҷисми бемадораш тирҳои ҷавобӣ холӣ мекарданд, мерафту мерафт. Як снаряди немисҳо мобайни хати пеши мо ва аспи танҳо таркид. Асп рӯи пойҳои хамгаштаи пешаш афтод ва маргро интизор шуд. Старшина Иван Гурйевич Петров назди Юхов омад.
– Кай ба кор сар мекунем, рафиқ лейтенанти калон? – пурсид ӯ.
– Мунтазири ишораем, старшина, – гуфт командир. – Одамонат дар чӣ ҳол?
– Бад не, рафиқ лейтенанти калон… Аммо ин чӣ гап, ки фашистон аспи моро то мурдан кор фармуда, ба азоби дӯзах гирифтор кардаву акнун ба марг ҳавола намудаанд?
– Бале, старшина, – посух дод Юхов. – Асп тамоман бемадор шудааст, аз ин рӯ, немисҳо ҳангоми ақибнишинӣ аз ароба ҷудояш кардаанд. Чунин ҳам мешавад баъзан, ки ҳатто барои ҷудокунӣ фурсат намеёбанд, он вақт тасмаҳоро мебуранд ва асп, ҷо ба ҷо афтода, зери по мемонад. Дидаӣ чунинашро?
– Ҳамаашро дидаам, рафиқ лейтенанти калон, дар ҷӯши ҷангем, охир, – зери лаб гуфт старшина. – Бо вуҷуди ин, ҳайфи ҳайвони безабон.
Тирпарронии тӯпҳо сокит мешуд, вале афсару аскари ба оташфишонӣ одаткарда ба ин аҳамияте надода, аз асп чашм намеканданд.
Ҳанӯз ба ҳуҷуми дастаи пиёдагард ишора нашуда буд ва Юхов андешид, ки тӯпҳои мо шояд барои диққати душманро ба дигар тараф кашидан тирпарронӣ кардаанду тӯпҳои немисҳо танҳо ба ин амал ҷавоб додаанд ва фармондеҳии мо ҳуҷумро аз дигар ҷо дар назар дорад.
Аспи хокистарранг, ба пойҳои пешаш афтода, ҳанӯз дар ҳудуди холии бесоҳиб беҳаракат меистод. Пойҳои ақибаш ҳам бемадор шуда, батадриҷ хам мезаданд ва оқибат он рӯи дастони модар-замин дароз кашид. Инак, итоаткорона сарашро рӯи пойҳои қатшудаи пешаш монд ва чашмонашро пӯшид.
Чашми рӯз кафида, атроф беш аз пеш равшантар мешуд ва бисёр аскарони сурхи ротаи Юхов аз хандақҳояшон аспи мирандаро мушоҳида мекарданд. Сарбозони таҷрибадор медонистанд, ки бим аз немисҳо маънӣ надорад, душман дар ин ҷо аз тӯпҳо садде эҷод намудаасту пиёдагардони солдидаеро боқӣ гузоштааст – дар ин ҷо он сарбозони немис монда буданд, ки аллакай бар марги писаронашон гирйиста, акнун худ ба ҷои онҳо омадаанд ва набераҳои роҳдурашонро ёд мекунанд. Аммо ҳар як фашисти ҳанӯз зинда худро то замоне ранҷида хоҳад ҳисобид, ки ҳанӯз дунё аз ӯ нест ва ҳама моли ҷаҳонро дар як ҷо – дар хонаи худ гирд наовардааст. Сурхаскарон ин хислати зотии фашистонро кайҳо боз медонистанд, ки дигар инсонҳоро нест намуда, дар рӯи замин бояд танҳо худашон зиндагӣ кунанд, аз ин рӯ, аз он бадхоҳон ҳамеша эҳтиёт мешуданд.
Ҳоло ҳам, ҳарчанд дилҳои деҳқонзодашон барои ҳайвони заҳматкаш сахт месӯхт, танҳо бо эҳтиёт ва гоҳ-гоҳ ба аспи миранда менигаристанд. Асп дар ҷанг ҳам зарур буду вазифаҳои худро дошт – дар он ҷойҳое, ки ягон мошин рафта наметавонад, ёру ёвари сарбоз асп аст. Ва ҳангоми маҳзунию дилшикастагӣ сарбоз ба чашмони асп менигараду мегӯяд: «Ту низ ҳамдарди манӣ? Биё, то ғалаба ҳамроҳ мемонем» – ва дилаш холиву ҳолаш беҳтар мешавад.
– Ҳанӯз ҷавон аст ин асп! – гуфт сарбоз Никита Вахирев ба ҳамсояхандақаш Иван Владико. – Холо кор карда метавонад.
– Каме солхӯрда аст, – ҷавоб дод Иван Владико, аз аспи бечора чашм наканда. – Агар навозишу тарбият бубинад, албатта, кор мекунад. Аспҳо дили бузург доранд, некиро мефаҳманд.
Фикри ефрейтор Прохоров дигар буд:
– Не, бо ин ҳайвон дигар ҳеҷ кор карда намешавад, ғамхориат барабас меравад. Агар немисҳо онро партофтаанду ҳатто барои эҳтиёҷи худ пӯсташ накардаанд, пас то мурдан истифодааш бурдаанду ҷонашро ба лаб расондаанд.
– Фашистон раҳм надоранд, – гуфт сурхаскари мӯйлабдор Свиридов, ки аз аввали ҷанг довталабона меразмид. – Бубинед, ки аспро ба чӣ ҳоли зор расондаанд. Устухонҳояш метобанд-е! Пас чаро дилашон бисӯзад, асп, охир, аспи русист…
– Дили онҳо ба ягон чиз намесӯзад, – гуфт Иван Владико. – Заминро бо тиру тӯп абгор карданд, говҳои ширдеҳу гӯсоладорро кушта хӯрданд, аспҳои кориву боркашро раҳбараҳ қурбон карданд. Зуд фашистро решакан карда, дунёро аз ин палид пок кардан лозим!
Сарбозон, ки рӯбарӯи душман дар замини худ меистоданд ва нури осмони гирифтаи баҳорон чеҳраашонро андаке рӯшан менамуд, сукут карданду ба андеша рафтанд. Асп дар пеши чашмонашон ҷон меканд. Дили пуртоқату заҳматкаши он бар рағми марг пурдарду танҳо метапид.
Гоҳ-гоҳ ба дурбин нигариста, лейтенанти калон Юхов дурудароз мушоҳида мекард, ки асп ҳанӯз зинда асту тан ба марг намедиҳад; гоҳе сарашро андаке мебардошту боз гашта хам мекард, баъзан баданашро раъшаи дарду ранҷ фаро мегирифт ва асп, кӯшиши хестану боз дар ин замин қадам задан карда, пойҳои бемадорашро меҷунбонд.
Хоби маргбори тӯлонию абадӣ вуҷудашро сард мекард, лекин зӯри гарми зиндагӣ ҳанӯз дар шарёнаш ҷараён дошту дар ҷавоби марг талош менамуд. Боре ҳатто ба ними қад рост шуд, вале боз бемадорона яксони замин гашт. Мурдан намехост он, мехост рӯ-рӯи замин биравад, замин биронаду қариб то сари сина ба замини намнок фурӯ рафта, аробаҳои ҳарбиро бубарад.
Ба ҳама чиз розӣ буд он; розӣ буд, ки қисмати сахти худро бори дигар аз сар бигзаронад, дар баҳои ин танҳо зинда бимонад, шуд. Маргро намефаҳмид асп.
Сурхаскарон аз заҳматкаши кору пайкор чашм намеканданду қисмати онро дарк мекарданд.
– Маргро намефаҳмад, барои ҳамин азоб мекашад, – гуфт Свиридов. – шудгор ҳам кардааст, дар ҷанг ҳам хидматаш кам нест, бо вуҷуди ин, одаму сарбоз нест.
– Рӯҳан азоб намекашад он, ҷисман ранҷ мебинад, – гуфт Иван Владико.
– Ранҷ мекашад, – тасдиқ намуд Свиридов, – барои он ки маргро намефаҳмаду аз он метарсад. Ҳар чизи нофаҳмо даҳшатнок аст.
– Хайр, бас, – бо қаҳр гуфт старшина Петров. – Чӣ қадар фаҳм дорад асп, ману ту намедонем, лекин мебинем, ки тамом шуда истодааст, аспе, ки замоне дар колхози мо заҳмат мекашид, тамом шуда истодааст… Мо бояд чиро бидонем? Кӣ мегӯяд, ки сарбоз чизи муҳимеро бояд бидонад?
– Муҳим, мегӯӣ, рафиқ старшина? – пурсид Владико. – Диламон ба асп сӯхта истодааст…
– Дилатон ба асп сӯхт? – бо ҳамон оҳанг идома дод старшина. – Дилат барҷо месӯзад, сарбоз. Ин аспи мост ва ин – замини мо, ин ҳама ватани мост, дӯст бидору ҳифзаш бикун, сарбоз… Аз чӣ бошад, ки хониши мурғон ба гӯш намерасад, баҳор шудаасту мурғон нестанд… Чаро?
– Мо, ки пеш рафтем, дар ақиб, дар хомӯшӣ мурғон ҳам хоҳанд хонд, рафиқ старшина, – гуфт Никита Вахирев. – Аз ғавғои тиру тӯпи мо меҳаросанд, охир.
Иван Владико чизи муҳими ҳаёти сарбозро медонист, чунки онро аз сар гузарондаву ҳис карда буд, лекин якбораву рӯшан гуфта наметавонист, ки он чист? Хомӯшона ба пеш нигарист ӯ. Асп сокиту беҳаракат дар саҳро мехобид.
Фармондеҳи рота Юхов ҳатто ба воситаи дурбин ягон нишонаи зиндагиро дар вуҷуди он дида наметавонист.
Ҳангоми говгум Юхов старшина ва Иван Владикоро назди худ хонд. Гуфт, ки хуб мешуд, агар аспро аз наздик медиданд, – охир он кушта нашудааст, балки аз бемадорӣ ҷунбида наметавонад; шояд ҳанӯз зинда бошад ва то ки озор наёбад, рӯи халтаматоъ бояд то мавқеи худамон кашида биёремаш. Дар ин ҷониб табобаташ карда, ба корвони рота мепайвандем – бигзор боз ҳамнабардамон бошад.
– Рафиқ лейтенанти калон, иҷозат диҳед, ки аввал ман танҳо назди асп биравам, – хоҳиш кард Иван Владико. – Ҳамин ки шаб шуд, гаваккашон ба он мерасаму мебинам, ки нафас мекашад ё не. Агар бикашад, бармегардаму бачаҳоро ба ёрӣ мехонам.
– Ин беҳтар, – розӣ шуд Юхов. – Амал кунед.
Чун тирагии шаб фаро расид, Иван Владико автоматашро аз назар гузаронд, граната гирифт ва давон-давону ғелон ғелон сӯи аспи дар саҳро хобида рафт. Дар наздикиҳои асп худро ба замин партофта гавак кашид, чунки нолиши онро шунид, вале бовар накард, ки ҳанӯз чандон зинда аст, ки нолиш мекунад.
Дар торикӣ ба ҷисми асп наздик шуда, Иван Владико нолиши аёни пуразобашро шунид. Ӯ, гӯш фаро дода, нафаскашии тӯлонию душвори асп ва пичир-пичири одамонро мушаххас кард. Хост гранатро ба даст бигирад, лекин зуд аз фикраш гашт, зеро тарсид, ки ҳамроҳи душманон аспро ҳам ҳалок мекунад.
Бо мақсади беҳтар фаҳмидани вазъият боэҳтиёт нимхез шуд ва ҳамоно рӯшноии лаҳзаинаеро дид, ки чашмашро бурд. Дар назди асп аз болои сараш тирҳои зиёде парида рафтанд. Ва ӯ ҳуҷуму ҷанги танбатанеро, ки се рӯз пеш рӯй дода буд, ба ёд овард. Он вақт дар байни ҳамяроқон мерафт ва дид, ки аз оташи автоматаш ду немис аз по афтод, сеюмашро, ҳангоме ки дар ҳалқаи душман буд, ба зарбаи силоҳаш аз по афтонд. Он вақт фаҳмид, ки марги худаш низ дар ҳамин ҷост, лекин на тарсу пушаймонӣ, балки моҳияти фараҳбахши ҳаёташ ва ҳақ будани худро эҳсос намуд.
Аз он ҷанг Иван Владико сиҳату саломат баромада, аз он лаҳзаҳои кӯтоҳи маргбор дарки моҳияти хешро чун сарбоз берун овард, ҳарчанд ки онро имрӯз ба старшина фаҳмонда натавонист.
Иван Владико қатъи тирпарронии автоматро интизор шуд ва сипас гранатаро ба даст гирифта, пурра аз ҷой бархосту пеш давид. Аз паси асп ду душман бар зидди ӯ қомат рост кард. Онҳо кӯтоҳ-кӯтоҳ ва бе боварӣ ба дили тирагӣ тирпарронӣ намуданд, лекин Иван аллакай дар паҳлуяшон буд ва бо хашм якеро аз гулӯ гирифту сӯи дигаре гранатаи ба таркиш нотайёрро партофт.
– Парто яроқатро! – ба душман фармуд Иван, вале онҳо нафаҳмиданд ва ӯ худ силоҳашонро гирифта, дар торикӣ ба як сӯ партофт.
– Иван, – оҳиста гуфт яке аз немисҳо.
Иван Владико медонист, ки онҳо ҳамаи сурхаскаронро Иван меноманд ва тамоми Лашкари Сурх барои онҳо як Ивани кабир аст.
– Бале, ман Иван Владикоям, – посух дод ӯ ба асирон. – Овоз набароварда дар ҷойҳоятон шинед.
– Ивани Володид, – ному насабро нодуруст талаффуз кард немис.
Владико хам шуда, гӯшашро ба бинии асп наздик бурд, ки нафас мекашад ё аллакай беҷон аст. Аз сӯрохиҳои бинии асп гармии сусту андаке берун меомад, ки гувоҳи ҳанӯз зинда буданаш буд.
– Бармегардонемаш, – қарор дод Владико.
Баъд даст-даст карда, ҷисми аспро аз назар гузаронд. Чашмонаш ба шаб одат карда буданд ва атрофро хуб медид. Пӯсти гардани асп буридаву қат шуда буд ва аз он ҷароҳат беист хун мерафт. Владико фаҳмид, ки душманон аспро пӯст мекандаанд, аз ин рӯ, он аз зарби дард, зиндагиро эҳсос намуда, нолиш мекардааст.
– Барои чӣ аспро зинда ба зинда пӯст меканед? – гуфт Владико ба немисҳо. – Дар ҳама ҷо манфиат меҷӯед. Чор тараф менигаред, ки ягон чизро аз даст надиҳед…
Ишоратир дар фазои ҳудуди русҳо шуълавар шуд ва пиёдагардон хапу хомӯш ба пеш ҳаракат карданд.
– Ҳуҷуми мо оғоз ёфт, – зери лаб гуфт Иван Владико. – Аспро азоб додан лозим нест, ҳозир он худ ба ҳудуди мо хоҳад гузашт. Мо табобату нигоҳубинаш мекунем ва баъди ҷанг дар саҳро кор хоҳад кард. Он вақт ҳамааш нағз мешавад ва мо ҳам нафаси озод хоҳем кашид.
Иван Владико, рухсораашро ба гардани асп расонда, гармии ҳанӯз сарднагаштаю амиқи онро ҳис кард. Немисҳо бо эҳтиёт аз остини сурхаскар кашиданд; Ивани кабир он сӯ нигариста дид, ки ду кордро ҷонибаш дароз кардаанд. Бо ҳамон кордҳо аспро пӯст карданӣ буданд онҳо. «Ҷанговаронро бин-а! – аз дил гузаронд Владико, кордҳои ғаниматро ба соқи мӯзааш халонда. – Бо ду корд маро нобуд карда натавонистанд. Ҳарчанд ки аз ин чӣ фоида ба онҳо – маънӣ надорад. Дар ҷанг кори бемаънӣ кардан мумкин нест.»
Андрей ПЛАТОНОВ (1899-1981),
Тарҷумаи Сурайё АҲМАДЗОД