25.4 C
Душанбе

Ишқи нависандаи пир (Ҳикояи детективӣ)

(Мувофиқ омадани далелу арқом бо зиндагиномаи шахси воқеӣ тасодуфӣ аст. Сужа бофтаи тахайюли муаллиф мебошад)

Мӯйсафед барвақт мурда буд.

Ба ин натанҳо кӯлмаки хуни шахшудаи гирди ҷасад, балки чашмони нимбози беҳаракат ба сӯйи само дӯхта шаҳодат медоданд. Аз нигоҳи аввал ӯ тахминан шастсола менамуд, вале аз чеҳраи пажмурдааш ҳадс задан мумкин буд, ки дар зиндагӣ азияти зиёд кашидааст. Ожангҳои амиқи пешонӣ, риши сафеди кайҳо нагирифта ва чанд захми куҳнаи чиркгирифтааш ба ин гувоҳӣ медод..

Муфаттиш Амонов ҷасадро сарсарӣ нигоҳ андохта, пурсид:

– Бечора кадом бехонаи дарбадар аст. Акнун суроғаи ӯро чӣ тавр муайян мекунем?

– Не, рафиқ муфаттиш. Ба фикрам шахси одӣ нест. Дигар ин ки ӯро бо кадом чизи тезе зада куштаанд, – ба сӯйи муфаттиш ҳуҷҷатеро дароз карда, гуфт яке аз се милитсионере, ки аввалин шуда, ҷасадро пайдо карда буд.

– Шараф Насимзода, узви Иттифоқи нависандагон, – хонд муфаттиш ва зери лаб гуфт: “Боз бе Ҷамшед намешавад” ва амр дод: – Омадани табибонро интизор шавед! Бигзор ҷасад ва ҷойи ҳодисаро ташхис кунанд. Ман рафта, зуд бармегардам.

***

Рӯзноманигор ба сӯйи дӯсташ, муфаттиш Амонов заҳрханде карду пурсид:

– Боз хабари марг ё мушкили касеро овардӣ?

– Мақтул Шараф Насимзода ном нависанда будааст. Ҷасадашро дар маркази шаҳр пайдо кардаанд.

– Ҳм, номи ошност… Мӯйсафед солҳои охир беозор буд… чизе наменавишт… Нақл мекарданд, ки замоне бо як навиштааш чанд нафарро ба паси панҷара мебурд. Вай нависанда не, агар дақиқтар гӯем, рӯзноманигор буд. Кам, вале тунду нишонрас менавишт. Солҳои охир ғайб зад. Мегӯянд, ки хилватнишин шуд ва доираи ононе ки ҳамроҳашон менишаст, ҳамагӣ чанд нафари башумор буданд. Аслан дар бӯстонсарои берун аз шаҳр мезист. Ба шаҳр кам меомад ва майли бо касе суҳбат кардан ҳам надошт. Чанд бор ӯро ҳатто даъват ҳам кардаанд, то омада ба донишҷӯён дарс диҳад, вале рад кардааст. Бо ман шахсан ошно набуд, назараш мо барин журналистчаҳоро намегирифт. Дигар чизе дар борааш намедонам, – Ҷамшед чун одат сигори нимсӯхтаашро ба хокистардон пахш карду дубора ба саҳифаи кушодаи компутараш чашм андохт. Муфаттиш ҳис кард, ки Ҷамшед дигар гуфтание надорад, аз ҷой баланд шуд:

– Ман рафта бинам ку, экспертиза чӣ мегӯяд. Агар маълумоти наве пайдо шуд, занг мезанам.

– Бечора мӯйсафед… Мегӯянд, ки ба ҳаде дилаш аз зиндагӣ сард шуда буд, ки ҳамеша дар бораи худкушӣ меандешиду мегуфт. Ғами бузурге дар сина дошт, аммо ба касе намегуфт, – рӯзноманигор аз ҷой бархост ва бо нишони хайрбод дасти Амоновро фишурд.

***

Қатли Насимзода мавзуи аввали шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Корбарони интернет ҳар кадоме гӯиё мусобиқа мекарда бошанд, саросемавор, ҳар чи перомуни вай медонистанд, менавиштанд. Муфаттиш аввал хулосаи ташхиси тиббиро гирифт. Чизи наве набуд. Тавре тахмин мерафт, Насимзода аз зарбаи кадом чизи тезе ба ҳалокат расидааст. Хулосаро сӯе гузошту дафтареро кушода, ба он чизе навишт. Сипас бо рӯшан кардани компутар ба мутолиаи навиштаҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз кард.

Хотираҳо… хотираҳо… Онҳо як нуктаи аҷиб доранд, ки ҳангоми хондан бояд ҳатман онро ба эътибор гирифт; чун дар бораи касе менависӣ ва ба ту посух гуфта наметавонад ва касе ҳам намедонад, ки рост мегӯӣ ё дурӯғ, ҳар чи дилат хост, навиштан мегирӣ. Амонов баъди як соати мутолиа он қадар ба зиндагию фаъолияти эҷодии нависанда ворид шуд, ки гӯё ӯро сад сол боз мешинохт. Шиддати гуруснагӣ маҷбураш кард, ки ба соаташ нигарад. Лаҳзае андешиду баъд ба рӯзноманигор Ҷамшеди Ҳабиб занг зад:

– Бовар дорам, ҳанӯз ба хӯрокхӯрӣ нарафтаӣ…

– Фаромӯш кардаам, – хандид Ҷамшед.

– Меравем? Генерал Шоҳин Азизовро ҳам даъват мекунам. Агар бекор бошад, меояд.

– Агар хато накунам, мавзуи суҳбат қатли Насимзода мешавад… Ман ҳам баъзе далелҳоро пайдо кардам. Харҷи як хӯроки нисфирӯзиро мепӯшонад, – боз ҳам хандаи Ҷамшед аз он сӯйи гӯшӣ садо дод…

– Афсӯс, имрӯз чоршанбе, рӯзи нашри шумора аст. Агар не, суҳбат гарм мешуд, – гуфт Ҷамшед баъди он ки хӯрокро тановул кардаву чой фармуданд. Ӯ маънидорона ба сӯйи муфаттиш нигарист. Вай оромона чойро ба пиёлаҳо рехта, риштаи суханро ба даст гирифт:

– Хулосаи ташхис ба тахмини мо мувофиқ омад. Насимзода бар асари зарбаи чизи тезе ба баногӯши чапаш кушта шудааст. Ҷасадро баъди се соати кушта шуданаш пайдо кардаанд. Марг якбора фаро расида. Ҳамон лаҳза қотил аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Дар атрофи ҷасад танҳо пайи пойпӯши занонаро пайдо кардем. Аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамин қадар хулоса метавон кард, ки вай замоне дӯстону мухлисони зиёде доштааст. Бисёр фаъол ҳам буда. Вале чанд соли охир ҳамаро партофтаву гӯшанишин шуд, тақрибан дигар чизе наменавишт. Дар ҷое ҳам кор намекард. Чанд пешниҳоди корро низ рад кардааст. Ҳамсоғаронаш низ ангуштшумор будаанд.

– Ман шахсан Насимзодаро мешинохтам. Мухлиси навиштаҳояш будам. Рост аст, ки вай аз навиштану баёни андеша якбора даст кашид. Вале гоҳо дар саҳифааш ягон масал ё гуфтаи дигаронро мегузошт, ки ҳамаи онҳо бӯйи навмедию зиндагибезорӣ доштанд. Дар хонааш медонистанд, ки дар бӯстонсаро мезияд. Баъди хонадор кардани фарзандонаш шарт мемонад, ки вақти навиштани асари ҷиддӣ расидаасту ба он ҷо мекӯчад. Ба ӯ халал нарасонанд. Аммо фарзандонаш мегӯянд, ки ҳар моҳ барояшон пул мефиристод, ки ба хароҷоташон мерасид. Бо дӯстонаш суҳбат кардам. Мегӯянд, ки воқеан ҷонашро халос кард, чун ҳаваси зистан надошт. Ҳамеша аз зиндагӣ норизо буд ва аз замонаю насли нав ҳамеша шикоят мекард. Дигар ҳавсалаи навиштан ҳам надошт. Вақти бекорӣ танҳо филм тамошо мекард ва ё ба сайругашт мебаромад. Агар касе хоҳиши вохӯрӣ бо ӯ дошта бошад, бо дили нохоҳам қабул мекард. Аз куҷо будани пул ҳам маълум шуд. Онро бонавбат се шогирди собиқаш, ки дар хориҷа мезиянд ва зиндагии хуб доранд, мефиристодаанд. Ҳар се тоҷиранд ва аз адабиёту сиёсат дур.

Мӯйсафед дар дами пирӣ ба духтаре дил бохт. Ишқи онҳо солҳои тӯлонӣ идома дошт ва миёни ҳамкорону ҳамсолони ҳарду ҳангомае барпо карда буд. Бо гузашти солҳо ва бознишаста шуданаш мӯйсафед ҳис кард, ки дигар наметавонад талаботи моддию маишии дӯстоштаашро қонеъ гардонад. Инро ошкоро ба духтар иқрор кардааст. То ҷое хабар ёфтам, духтар вайро бовар мекунонад, ки ин масъала барояш муҳим нест, зеро мӯйсафедро сидқан дӯст медорад ва бе ӯ лаҳзаеро таҳаммул карда наметавонад. Насимзода ба ӯ бовар мекунад ва робитаи миёни онҳо чанд соли дигар идома меёбад. Аммо нависанда тушбераро хом шумурда буд. Ҳадсу гумоне, ки ҳамеша ӯро азият медод, ба воқеият пайваст. Рӯзе дӯстдоштаи худро дар оғӯши ҷавони дигар дид. Замину осмон дар назараш дарҳам-барҳам гардид. Дар ибтидо дил аз вай буридаву тамоми фаъолияти корию эҷодиашро қатъ карда, иқомат дар бӯстонсаро, макони хилвату танҳоиро авло донист. Аммо баъд маълум гардид, ки саробро об пиндоштааст. Ҳамоно духтарро дӯст медошт ва мегӯянд, ки гоҳ-гоҳ ӯро дар тарабхонаю марказҳои дилхушӣ пайгирӣ мекард. Духтари ҷавони хундарҷӯш ҳар фурсатро ғанимат дониста, ба қонеъ кардани хоҳишҳои худ саргарм буд. Аз гармии бозораш меболид. Харидоронаш беҳисоб буданд. Он бегоҳ ҷасадро дар наздикии як маркази дилхушӣ пайдо карданд. Фикр мекунам, агар сабти камераҳои онро бинед, шояд духтарро дар он ҷо пайдо кунед, ки бо кӣ буду кай рафт. Шояд сари калобаи ин қазияро ёбед. Ногуфта намонад, ки духтар Ширин ном дорад, Ширин Ҷасурзода. Дар хадамоти алоқа кор мекунад, – гуфт Ҷамшед ва дар ҳоли аз ҷой бархостан илова кард:

– Агар навори камераҳои назоратиро пайдо кунед, маро даъват намоед. Ман аксҳои он духтарро дидаам…

Пайдо кардани навори камераҳои назоратӣ душворӣ пеш наовард. Шинохтани духтар ҳам. Амонов баъди он ки ба Ҷамшед наворро нишон доду бовар ҳосил кард, ки дар шинохти вай хатое накардааст, гуфт:

– Бо ман ба шуъба меравӣ, то духтарро дар он ҷой бозпурсӣ кунем?

– Не. Беҳтар аст ӯро ба идораи мо биёрӣ. Бе ин ҳам гоҳ-гоҳ ба ту кумак кардани ман дар доираҳои рӯзноманигорон ҳар гуна маънидод мешавад.

Баъди соате Ширин аллакай рӯ ба рӯйи ҳардуи онҳо дар идораи рӯзнома меистод. Пурсуҷӯйи расмиро Амонов анҷом доду ба Ҷамшед нигарист. Рӯзноманигор, ки то ин дам ба сару тани духтар мувоҷеҳ буд, якбора пурсид:

– Он ҷавон аз сафорати кишвари Муғулистон дар Душанбе, ки туро дар тарабхона ҳамроҳӣ мекард, дар бораи ишқи гузаштаи ту бо Шараф Насимзода чизе медонист?

Духтарро гӯё барқ зад. Ба худ ларзид ва чашмони зебояшро сӯе гурезонида, бо овози канда-канда гуфт:

– Не. Ман ба Яҳё чизе нагуфта будам. Мо шарт гузошта будем, ки ба гузаштаи ҳамдигар кордор намешавем.

– Бо Яҳё даҳ дақиқа пеш аз қатли мӯйсафед аз тарабхона баромада будед. Наход дар роҳ ӯро надидед? Ё шояд шоҳиди куштори вай будед? Шумо то хона бо чӣ рафтед?

– Мо… – духтар тамоман худро аз даст дод. – Не. Мо касеро надидаем, ба чизе шоҳид набудем. Баробари баромадан ба таксӣ нишасте.

– Дурӯғ мегӯяд, – оромона ба сӯйи Амонов нигарист рӯзноманигор. – Аниқ кардани ин осон аст, таксиҳои назди тарабхонаро пурсед.

– Рост гуфтӣ, Ҷамшед. Ин ҳарду пиёда то роҳи калон рафтаанд ва ғайричашмдошт Яҳё бо кадом сабабе ба таксӣ мешинаду меравад. Духтар ба сӯйи мавзеи қатли нависанда роҳ пеш мегирад. Ҳамагӣ се дақиқа пас аз ҷудошавии онҳо мӯйсафед кушта мешавад.

– Ширин, мехоҳам ҳамаи чизеро, ки он шом ба бар доштӣ, барои ташхис супорӣ, – гуфт Ҷамшед ва ҳаяҷони духтарро бештар кард.

– Фақат… фақат… – духтар забон хойид. – Ман занҷираи гарданамро гум кардам, дигар ин, ки туфлиам канда шуду онро партофтам.

– Амонов, бовар дорам, ки қотил ин худобехабари бевиҷдон аст, – бо ангушташ ба сӯйи Ширин ишора кард рӯзноманигор. – Туфлии хунолудашро, ки бо он ба баногӯши мӯйсафед кӯфтааст, пайдо карда, бо нақши туфлие, ки дар атрофи ҷасад пайдо кардаед, муқоиса кунед. Навори камераҳои назоратии роҳи асосиро бардоред, дар он саҳнаи ҷанҷол ва дар либосҳои духтар пайи дастони мӯйсафед ҳам бояд бошад. Яҳёро ҳам ба шуъба биёред, аз тарси аз даст додани ҷои кор ҳамаро қисса мекунад. Гиред, баред ин худобехабарро!…

Туфлии хунолуд аз партобгоҳи паҳлӯи хонаи Ширин пайдо шуд. Изи туфлӣ бо изе, ки дар паҳлуи ҷасад буд, мувофиқ афтод. Занҷираи кандашударо ҳам пайдо карданд ва нақши дастони мӯйсафед дар он маълум гардид. Чун Яҳёро ба шуъба оварданд, иқрор кард, ки чандест бо Ширин ишқварзӣ мекунад, аммо ният дошт ӯро тарк бигӯяд, зеро ҳамсару чанд фарзанд дорад. Ягона коре, ки кард, бо хоҳиши духтар харидани навори камераҳои назоратии атрофи тарабхона аст, вале онҳоро нигоҳ доштааст, зеро ба ин бовар буда, ки чун аз Ширин рӯгардон мешавад, маълум аст, ки ӯ эътироз хоҳад кард.

Аз сабт маълум буд, ки мӯйсафед дунболи Ширинро мегирад ва чизе мегӯяд. Духтар ба ҳарфи ӯ эътибор надода, хам шуда, туфлиашро мекашаду бо он якбора ба баногӯши мӯйсафед мефурорад.

Дар рафти пурсиши гумонбар муфаттиш аз ҷумла савол дод:

– Ҳарфи охирини мӯйсафед чӣ буд?

– “Садқаи номи Ширин шавӣ”, – оромона посух дод духтар ва илова кард: – Ӯ ҳарчи менавишт, барои ман менавишт. Маро дар навиштаҳояш “Ширинам” хитоб мекард. Замоне ки сода будаму шебу фарози зиндагиро нодида мегирифтам, воқеан ҳам ӯро дӯст медоштам. Аммо вай на он шуд, ки интизораш будам. Рафтани синну сол кори худро кард. Ба зудӣ ба як муфлису беиродаю инҷиқу бадрашк табдил ёфт. Дигар на меҳрубонӣ мекарду на ҳамболинӣ. Аммо ҳамоно рашк дошту ҳамеша дунболагирам буд. Ба ҷонам зад. Худро дошта натавонистам. Ба эҳсосот дода шудам. Коре, ки набояд мешуд, шуд…

Дигар ҳарфи ӯ ба гӯши муфаттиш ворид намешуд. Амонов дар ҳайрат афтода буд, ки ин духтари аз сад гул як гулаш нашукуфта сари як ҳодисаи мудҳиш, қатли як инсон ва он ҳам за[1]моне азизу маҳбубу дӯстдошта чунин хунсардона ҳарф мезанад ва заррае андеша намекунад, ки бо дасти худ нахли ҳанӯз бор наовардаи умрашро ба дасти боди фано додааст. “Афсӯс”– гуфт зери лаб ва тугмаи даъвати нозири боздоштгоҳро зер кард…

Хуршед АТОВУЛЛО

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо