Барои пуштибонии занони соҳибкор ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз соли 2025 то 2030 ҳар сол барои созмондеҳии 200 кумаки молӣ (грант)-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 милён сомонӣ ҷудо хоҳад шуд. Дар ин хусус рӯзи 28-уми июл қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиб шуд.
Гуфта мешавад, ки барои ин амр 25 грант ба андозаи 110 ҳазор сомонӣ, 25 грант ба андозаи 100 ҳазор сомонӣ, 25 грант ба андозаи 90 ҳазор сомонӣ, 25 грант ба андозаи 80 ҳазор сомонӣ, 25 грант ба андозаи 70 ҳазор сомонӣ, 25 грант ба андозаи 60 ҳазор сомонӣ, 25 грант ба андозаи 50 ҳазор сомонӣ ва 25 грант ба андозаи 40 ҳазор сомонӣ бахшбандӣ хоҳад шуд.
Бино ба ин қарори Ҳукумати Тоҷикистон, аз шумори умумии ин кумакҳои молӣ 10 дарсад барои лоиҳаҳои марбут ба иқлим равона мегардад.
Ҳамчунин дар қарори мазкур зикр шудааст, ки дар ҳангоми ихтисоси лоиҳаҳои грантӣ ба гурӯҳҳои осебпазири ҷомеъа, бавижа занони камтавон, модарони кӯдаки маълул ва лоиҳаҳои навоварона ва марбут ба ҳунарҳои миллӣ бартарӣ дода мешавад.
Тибқи қоидаҳои ҷудо кардани кумакҳои молӣ, агар гирандагони грант сармояи лоиҳаро ҳадафмандона ба кор баранд, пас аз 5 сол ҳуқуқи ширкат дар озмунро хоҳанд дошт. Дар ин сурат ба дархостдиҳандагоне бартарӣ дода мешавад, ки дар тӯли фаъолияти соҳибкорӣ дастикам 20 зану духтарро ба ҳунаромӯзӣ ҷалб карда бошанд.
Дар баробари ин кӯмаки молӣ ба андозаи то 50 ҳазор сомонӣ ба корофаринҳое дода мешавад, ки фаъолияти соҳибкориро тоза оғоз кардаанд ва онҳо муваффаз ҳастанд, ҳаддақал 3 касро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоянд. Кумакҳои молӣ ба андозаи аз 80 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ барои соҳибкороне пешбинӣ шудааст, ки корхонаи хурди истеҳсолӣ фаъол карда, дастикам 5 касро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мекунанд. Маблағи 100 ҳазор сомонӣ ва бештар аз он ба корофаринҳое ихтисос дода мешавад, ки ҳадди ақал 7 касро бо ҷойи кори доимӣ таъмин месозанд.
Мутобиқи дархости пешниҳодшаванда бояд дастикам 10 дарсад хароҷоти барномарезишудаи лоиҳа аз ҳисоби соҳибкор пардохт гардад.
Бояд гуфт, ки чунин кумакҳои молӣ аз соли 2006 ба ин сӯ дар ҳаҷми 30 милён сомонӣ ба 1 ҳазору 185 нафар зан ҷудо гардида, ба беҳбуди вазъи иқтисодии хонаводаҳо ва фаъолияти соҳибкории занон ёрмандӣ кардааст.