15.1 C
Душанбе

ГУФТУГӮЙИ ЭҶОДӢ БО АДИБОНИ ҶАВОН

Санаи 5-уми декабр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили навбатии адибони ҷавон баргузор шуд. Мудири бахши кор бо адибони ҷавон Рустам Ваҳҳобзода маҳфилро оғоз бахшида, аъзои онро муаррифӣ намуд. Навқаламон Гесу Ҳа лимова, Ҳадисаи Ориф, Малика Бобоева, Муҳайё Умарзода, Райҳона Ҷиёнхонзода, Ҳусайн Маҳмудов, Ҳабибулло Назаров, Марзбоналӣ Қурбонзода, Шодмони Субҳон, Ҷовид Ваҳҳобниё, Қосим Вата нов, Нуриддин Солеҳов, Нодир Исмоилов, Аҳлиддин Камолов ва дигарон дар маҳфил шеъру ҳикояҳои худро пешниҳод намуданд. Муовини аввали раиси ИНТ Толиби Луқмон ва муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Давлати Раҳмониён дар бораи навиштаҳои ҷа вонони узви маҳфил ва адабиёти имрӯз андешаҳояшонро баён доштанд. Таъкид гардид, ки минбаъд маҳфил ҳафтае як маротиба баргузор мегардад. Ёдоварӣ мекунем, ки дар шумораҳои қаблии ҳафтанома шеъру ҳикояи чанд узви маҳфил ба нашр расиданд. Ҳамин тавр, дар оянда низ муарри фии намунаҳои эҷоди ҷавонон дар нашрияҳои адабии ИНТ идома меёбад.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо