22.4 C
Душанбе

Гиромидошти Рӯзи модарон дар Хонаи адибон

Ба муносибати Рӯзи модарон рӯзи 6-уми март дар Хонаи адибон ба номи Мирзо Турсунзода ҷаласаи расмии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сурат гирифт.

Аҳтам Абдуллозода, раиси Хадамоти иҷро дар зимни суханронӣ ҳозиринро бо Рӯзи модарон таҳният гуфта, нақши модарро дар парвариши фарзанд ва мақоми занонро дар соҳаҳои гуногуни давлатӣ бориз арзёбӣ кард.

Дар идома Равшан Махсумзод, муовини раиси Иттифоқи нависандагон дар бораи ҷойгоҳи зан-модар дар осори шоирони тоҷик сухан гуфта, ба арҷгузорию эҳтироми ҷинси латиф даъват кард.

Ҳамчунин дар ин ҷаласа адибон Сироҷиддин Икромӣ, Бузургмеҳри Ҳаким, Бузургмеҳри Тоҷиддин дар заминаи имконоту имтиёзҳои фароҳамовардаи ҳукумати кишвар ба занон, аҳамияти таҳсили онҳо ва манзалати модар ибрози андеша карданд.

Дар фарҷом бонувон бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо