Яке аз иқдомҳои шоистаи Ҳукумати миллиямон ин аст, ки саривақт, чандин сол қабл фаъолияти ба ном рӯҳониёнро қатъ кард. Дигар онҳо монанди рӯзгори пешин наметавонанд, ки дар масҷидҳо бо хостаи худ амал кунанд ва наворҳои суҳбатҳояшон дар кӯчаву бозорҳо ва нақлиётҳо паҳн гардад. Агар ин кори манфиатбор сурат намегирифт, ҷомеаи моро чи паёмаде мунтазир мешуд, касе намедонад. Ба чанд мавзуъи рӯз дар навиштаҳои қаблӣ низ, ки дар ҳафтавор ба нашр расидаанд, рӯ овардаем, ки барои хонанда муҳим мешуморем. Ҳоло мавзуеро пайгирем, ки идомаи он мавзуъҳост. Бо рушди интернет дар ҷумҳурӣ ба ном рӯҳониён дар шабакаҳои иҷтимоии Ютуб, Фейсбук, Инстаграм ва ғайра саҳифа кушода, ҳарчи аз даҳонашон барояд, ба доираи васеъи истифодабарандагони интернет мерасонанд.
Гузашта аз ин, ҳамон манзараҳое, ки солҳои қабл дар масҷидҳо ва маъракаҳо сабт мешуданд, тавассути шахсони ноошно ба интернет роҳ ёфта истодаанд.
Тавре ба ҳама маълум аст, баъзе аз рӯҳониёнамон иштибоҳҳои худро фаҳмида, пайи ислоҳ кӯшиданд ва дар интернет мардумро ба худшиносӣ ва ифтихори миллӣ даъват намуданд. Вале сабтҳои пешинаашон ҳамоно дар интернет мавҷуданд, ки ба мағзшӯӣ ва гумроҳии бархе ҷавонони камсаводу ноогоҳ аз ҳақиқати зиндагиву дунё боис мешаванд. Аз байни ҷавонон кам нестанд онҳое, ки дар масъалаҳои динӣ ҳассосият доранд ва аз ақлу дониши худ кор намегиранд. Аз ин рӯ, фирефтаи ҳар фазлфурӯш мешаванд, ки ояндаашон маҳв мегардад.
Яке аз амалҳои нодурусти ин ба ном рӯҳониён дар чанд соли гузашта таваҷҷуҳи мардумро ба фарҳанги арабиву яҳудӣ равона кардан буд. Аз ҷумла бо тавсияи онҳо як тоифа аз номҳои ориёии хеш даст кашида, номҳои бегонагонро гирифтанд. Номҳои зебои тоҷикие чун Ҷамшеду Фаридун, Рустаму Суҳроб, Таҳминаву Гурдофарид ва бисёри дигар бо номҳои арабӣ иваз шуданд. Ин раванд дар натиҷаи зиёфатҳои калон, ки садрнишинон ҳамон маслиҳатдодагон буданд, анҷом меёфтанд.
Яке аз сабтҳои пешинаи рӯҳоние, ки дар он аз Ҷамшед ном ҷавоне мехост, то номашро иваз кунад ва Абдуллоҳ ё Абдураҳмон гузорад, то акнун дар сомонаҳои гуногуни интернетӣ ҷой дорад ва пайваста мавриди баррасӣ қарор меёбаду сарусадоҳоеро ба бор меорад. Метавон чунин мисолҳоро фаровон овард.
Танҳо дар як шабакаи ҷамъиятии интернетӣ бо номи як рӯҳонии шинохта метавон даҳҳо саҳифаро дучор омад, ки аз наворҳо пур асту аъзо ва бинандаи зиёдро дорост. Маълум нест, ки ин наворҳо бо кадом роҳҳо дастрас мешаванду ба интернет роҳ меёбанд.
Ҷойи нигаронӣ аст, ки баъзе ҳамдиёрон ба одитарин масъалаҳо сарфаҳм нарафта, ба чунин минбардорони интернетӣ савол медиҳанд ва табиист, ки ҳамеша посухҳо ифодагари чаласаводии онҳоянд.
Вақте расида, ки аз болои ин корбарони интернет назорат беш аз пеш сурат бигирад ва маводи видеоиву аудиоӣ ва матние, ки хусусиятҳои манфӣ доранд, бо қадри имкон нест карда шаванд.
Солҳои донишҷӯии мо, ки он вақтҳо аллакай фурӯши фиттаҳои амрҳои маъруф манъ шуда буд, донишҷӯе ба хобгоҳ чунин як фиттаро овард, ки дар дохили қуттии филми хориҷие гузошта шуда буд. Ба гуфтаи он ҷавон, худи фурӯшанда бо чунин пинҳонкорӣ фиттаҳои амри маъруфро мефурӯхтааст. Бо овардани ин воқеа гуфтаниям, ки шояд ин амали ғайриқонунӣ то ҳол каму беш идома ёфта истода бошад. Аз ин хотир, масъулин бояд чора андешанд ва дӯконҳои фиттафурӯширо, ки бо пешрафти техникаи муосиру фазои маҷозӣ кам гаштаанд, аз назар гузаронанд.
То метавон дар дунёи маҷозӣ низ пеши роҳи ин мағзшӯиро гирифт ва наврасону ҷавононро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, миллатпарастӣ ва давлатсозии навини тоҷикӣ тарбия намуд.
Ҷойи афсӯс аст, ки дар интернет ба саҳифаҳои расмии аҳли адабу фарҳанг ва илму ҳунар ҷавонон кам таваҷҷуҳ доранду бештар ба саҳифаҳои расмӣ ё ғайрирасмии онҳое, ки худро раҳнамои дину мазҳаб нишон медиҳанд, обунаанд.
Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров бо сифати баланд нашр шуд ва ба ҳар хонавода тақдим гашт. Инак, «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ нашр мешаваду ба сокинони кишвар ҳадя мегардад. Чунин тадбирҳо бар он равона карда шудаанд, ки тоҷикон ба гузаштаи ифтихорбахши худ ошноии комил дошта бошанд ва дар пешбурди фарҳанги миллӣ саҳм гузоранд.
Пас аз хатми донишгоҳ муддате дар яке аз гимназияҳои бонуфузи пойтахт омӯзгорӣ кардам. Чун дар гимназияву литсейҳо дар баробари дарсҳои асосӣ дарсҳои иловагӣ ҳам дода мешаванд, бо тақозои вазифа 1 сол пурра барои шогирдон аз «Шоҳнома» дарс гуфтам. Ҳис мекардам, ки онҳо ба ин шоҳасари миллӣ, ки байт-байту достон-достон аз ватандӯстиву ҳимояи ҳар зарра хоки Ватан қисса мекунад, таваҷҷуҳи рӯзафзун доранд. Барои худам ҳам бахту вақте буд, ки дигарбора онро хонаму баҳраи тозае бардорам. Чун дар тамоми мактабҳо бо назардошти барномаи таълимӣ ва сарфаи соатҳои дарсӣ имкони пурра фаро гирифтани «Шоҳнома» нест, ақаллан бояд омӯзгорон ва роҳбарони синфҳо моҳияти онро ба шогирдон фаҳмонанд, то берун аз мактаб ба хонданаш майлу рағбат кунанд. Яке аз роҳҳои фароху ҳамвори аз паёмадҳои нохуши интернет дар канор мондан ҳамин аст!
Фаъолияти имрӯзаи аксари блогеронро роҳбарияти ҷумҳурӣ қадр карда, онҳоро ба чорабиниҳои калони давлатӣ даъват менамояд. Мебояд, ки блогерон чун аудиторияи калонро дар интернет аксаран аз ҳисоби ҷавонон доранд, барои поксозии ин дунёи беканор саъй кунанд.
Дар умум ҷомеаи моро зарур аст, ки ба дарки амиқи талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасад, барои ба доми найранги раҳгумзадагону раҳгумкунандагони интернетӣ наафтодани қишри ҷавону осебпазири мамлакат аз тамоми тавон истифода намояд. Аз худи ҷавонон низ хоҳиш карда мешавад, ки интернетро барои суд фаро бигиранд, на барои зарар. Хазинаи интернет аз суруду таронаҳои пурмазмун, саҳнаҳои тарбиявиву ҳаҷвӣ, филмҳои мустанаду бадеиву таърихӣ, китобҳои гуногуни ватаниву хориҷӣ ва наворҳову навиштаҳои инсонҳои касбу кори гуногун ғанӣ гардонида шудааст, ки барои сатҳи донишу илм, фарҳангу мафкура ва завқу салиқаи худро боло бурдан басандагӣ мекунад.
Танҳо як маслиҳат аст, ки интихоб бояд дуруст бошад!
Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, «АС»