28.1 C
Душанбе

Эй хонаи чӯбӣ, дар амон бош!

Ба ифтихори 130-солагии Сергей Есенин

Гузашти айём хотиразудо аст, бо мурури солҳо, зери  фишори дардҳову хастагиҳо ва заъфи ҷисм, дареғо, ки ҳиссае аз ёддоштҳои кас хираю норавшан мешавад ва зиёда аз ин, ба банди фаромўшӣ  мепечад.  Аҷиб он аст, ки қисмати дигаре аз ёддоштҳо осебе аз тазйиқи солҳо намепазиранд, балки батадриҷ рўшантару саҳеҳтар мешаванд, мегуморӣ, сайқал меёбанд. Расо 37 сол пеш аз ин, соли 1988, маро муяссар шуда буд, ки қадам дар кўчаҳои зодгоҳи шоири бузурги рус Сергей Есенин (03.10.1895-28.12.1925) бигузорам. Саропоямро ҳисси гуворое фаро гирифта буд он  ҳангом, гумон доштам, ки на гомпартоӣ мекунам, балки сабук-сабук бол мезанам, парвоз мекунам. Нақши маҳвнопазир ва муассир бигзоштааст дар лавҳи хотиротам он рўзи нишотбахш…

         Хидмати ҳарбиям дар шаҳри Рязани кишвари Русия идома дошт. Аз ҳамон рўзе, ки  ба ин шаҳри бостонии русҳо омадам, дар дил орзуи зиёрати деҳаи Константиново — зодгоҳи шоири шаҳиру беназир Сергей Есенинро мепарваридам. Бо гузашти ду-се моҳи хидмат бо котиби ташкилоти созмони комсомолии дастаи ҳарбиямон, лейтенант Сергей Жук ошноӣ пайдо кардам. Ў ҷавонмарди 27-сола ва хеле чобуку серҳаракат буд, бо сарбозон муомилаи хуб дошт ва фориғ аз машғулиятҳои расмӣ бо онҳо суҳбатҳои гарму самимӣ меорост, дўст медошт, ки  ҳар сарбоз дар хусуси зодгоҳаш ҳикоят бикунад. Барои ман басо писанду хушоянд буд, ки лейтинант Жук ба забону адабиёт таваҷҷуҳи вежа дошт ва метавонист соатҳо дар бораи шоиру нависандагони рус ва баъзе аз адибони машҳури ҷаҳон сухан бигўяд. Назмро дўст медошт ва ашъори фаровоне азёд медонист. Ман бо «суиистифода» аз ин хисоли барои ҳарбиён начандон хоси лейтенант Жук боре аз ў хоҳиш кардам:-Рафиқ лейтенант, оё имкон ҳаст, ки дар ягон рўзи истироҳат ба тамошои зодгоҳи Есенин-деҳкадаи Константиново биравем? Худатон бигўед, магар айб нест, ки мо як-ду сол дар Рязан бошему зодгоҳи шоири шаҳирро набинем?

         Лейтенант Жук бо табассуми малеҳ дасти   маро фишурд ва ваъда дод, ки дар ин хусус бо сарварон маслиҳат хоҳад кард. Пас аз як ҳафта ў ба ман паём расонд:-Гапзанон шуд. Ба ҳамин наздикиҳо бо гурўҳи сарбозони хоҳишманд ба Константиново сафар хоҳем кард.

         Рўзи 14 августи соли 1988 дар хотирам нақше устувор ва фараҳбор гузоштааст. Дар ин рўз мо –дувоздаҳ сарбоз бо роҳбарии лейтенант Жук савори мошини боркаши болопўшида озими деҳкадаи Константиново шудем. Ин деҳкадаи маъруф дар ҷаҳон ба шарофати шоири бузургаш ҳамагӣ 43 километр дуртар аз Рязан (дар самти шимоли шарқии ин шаҳр) воқеъ гардидааст. Мошини мо дар вурудгоҳи деҳкада  қарор гирифт. Пеши назарамон паҳнои саросар сабзазору пурдарахт ва тозаю озода падид омаду дилҳоро лабрез аз фараҳ кард. Ҳудуди меҳварии Константиново чун осорхона-мамнуъгоҳ таъйин ва ороста шудааст. Ба таркиби он ҳавлии оилаи Есенинҳо, хонаҳои анъанавии сокинони деҳкада, калисо, лавҳаю гўшаҳо перомуни  ҳаёту эҷодиёти шоир, толори намоиши осори илмию бадеӣ ва аксҳои таърихии шоир ва чанд гулгашту  айвончаҳои мунаққаш ворид мешаванд. Ҳамчунин, дар чанд толори зебою барҳавои мамнуъгоҳ ҳамарўза барои меҳмонон-ҳаводорони  Сергей Есенин маърўзаҳо хондаву  филмҳои мухтасари ҳуҷҷатӣ намоиш дода мешаванд. Осорхона-мамнуъгоҳ дар умум муҳити овони кўдакию навраси шоир ва ҳунару анъанаҳои дерини  аҳли деҳкадаро ҳифз кардааст. Дар дохили мамнуъгоҳ  тарабхона, меҳмонхона, силсилаи ғуфраҳо (асосан, суратҳои гуногуни шоир, китобҳои ў ва нишону тақвимҳои дахлдорро мефурўшанд), хонаи суратгирӣ, фурўшгоҳи бузург ва ҳайкалчаҳои гуногун мавҷуданд. Мамнуъгоҳ ҳамеша серодам аст ва гурўҳ-гурўҳ ҳаводорони Сергей Есенин ва алоқамандони каломи бадеъ ҳар рўз меҳмони ин мавзеи маъруф мешаванд. Қад — қади роҳравҳои васею мумфарши мамнуъгоҳ пиразанҳои либосҳои миллии русӣ бар тан ва хушсимою кушодачеҳра сатилҳои пур аз мева (бештар себ) дар пеш нишаста, бо лаҳни гуворо самимона меҳмононро ба харидорӣ даъват мекунанд…

         Мо чанде дар роҳравҳои пурсояи дарахтони санавбару тўси  мамнуъгоҳ қадам зада, вориди Осорхонаи ҳаёт ва эҷодиёти Сергей Есенин гаштем. Ин ҷо суратҳои гуногуни шоир, дастхатҳои ў чанд даста либосаш ва ҳамчунин, номаҳою китобҳояш ба намоиш гузошта шуда. Боз чанд дивану курсӣ, ашёи маишӣ ва як гаҳвораи русӣ (мансуб ба айёми кўдакии шоир) осорхонаро ғанитар месозанд.

         Ва ниҳоят, мо ба мавзеи асосии мамнуъгоҳ –ҳавлии падарии Сергей Есенин расидем. Он 30-35 қадам дуртар аз осорхона воқеъ гардидааст. Аз назди ин ҳавлӣ манзараи дилрабоеро метавон наззора кард. Дар поён дарёи Ока ҷорист, ки соҳилашро ҷангалзорҳо фаро гирифтаанд. Аз баландӣ, 100-120 қадам дуртар аз ҳавлии Есенинҳо чанд пайроҳаи ҳошия аз сабзазор дарёфта ба поён, ба сўи дарёи Ока мебарад. Ягон-ягон киштиҳои хурд дар дарё шино доранд, ки асосан барои сайёҳон хидмат мекунанд. Тамошои уфуқи кабудфоми дорои пораабрҳо аз паҳнои Константиново ҳар фардро ҳаловатбахш аст. Ибораи меҳрбори «зиндагии тозаи деҳ»-ро ёд меоваранд манзараҳои марғубу дилошўби зодгоҳи шоир:

                  Мон, ба ман зиндагии тозаи деҳ

                   Зўри нав бахшаду забони равон.

                   Аз азал буд раҳи шуҳрати ман

                   Роҳи аспу аробаи деҳқон.

         Дар дами дарвозаи ҳавлии Есенинҳо қитъаи дигари шоир ёдам омад:

                   Аввалин сарпаноҳам дар олам —

                   Хонаи чўбии дарвозакабуд,

                   Дару боми ту нарафт аз ёдам,

                   Рўзгори ту фаромўш нашуд.

         Ҳавлиро чун тамоми ҳавлиҳои дигари деҳкада панҷараи чўбӣ иҳота кардааст. Хонаи падарии шоир низ чўбист. Он аз даҳлез ва се ҳуҷра иборат аст. Даҳлез аз ду самт вурудгоҳ дорад ва ин ҷо либосовезак ва чанд ашёи рўзгордорӣ гузошта шуда (ҷорўб, чанд латтапора, як доси калон, ду-се намуд пойафзор…). Ҳуҷраи аввали хона масоҳате тақрибан 3х4 дорад, дар назди тиреза кати хурди чўбӣ ба назар мерасад. Дар болои ин кат чанд кўрпача, ки аз пораматоъҳои рангоранг дўхта шудаанду кўрпачаҳои қуроқии тоҷикиро ёд меоваранд, чида шудааст. Тарафи рости рости ҳуҷраро бухории калони русӣ ба ишғол намудааст ва дар назди он як оташкобу як хокистаргир (мансуб ба замони зиндагии шоир)  гузошта шудааст. Дар болои бухорӣ рахти хоб мавҷуд аст. Аз дохили ин ҳуҷра  ба ҳуҷраи   дуюм ворид метавон шуд, ки ҳамандоза бо ҳуҷраи аввал аст. Ин ҷо низ  кати (диван)-и чўбии оростае ба назар менамояд. Дар гўшае мизи мудаввар ҷой гирифта. Дар девори  ҳуҷра соат, оина ва чанд сурат овехта шуда. Фарши ҳуҷраро чанд палоспораи камнақшу рангпарида пўшидааст. Ҳуҷраи сеюм низ тақрибан ҳамин манзараро дорост.

         Боз ба саҳни ҳавлӣ баромадем. Лейтенант Жук раҳнамои расмии моро (ҷавонзани хушсухану паричеҳрае), ки аз оғози ба Константиново ворид гаштанамон бо мо буду ҳар як ашёи мансуб ба рӯзгорони шоирро бароямон тавзеҳ медод ва ба саволҳоямон посух мегуфт, рухсати рафтан доду арзи сипос кард. Ва худ бо мо дар назди нимпайкараи шоир суҳбат орост. Саҳни ҳавлии Есенинҳо хеле тозаю озода, хушҳаво ва пур аз гулу дарахтҳост. Лейтенант Жук, ки ман мафтуни адабпарварию китобдӯстияш будам, дар бораи рӯзгорони Есенин ва фаъолияти адабии ӯ ба мо ончунон ҳикоят кард, ки ҳатто се-чор сабози “адаббехабар”-амон низ саропо гӯшу ҳуш шуданд. Гӯиё мо нақли як афсари ҳарбиро не, балки дарси як омӯзгори мумтози адабиётро гӯш мекардем. Лейтенант ба мо дар хусуси таърихи деҳкадаи Константиново, машғулиятҳои аҳли деҳкада, дар бораи хонадони Есенинҳо, шуғли падару модари шоир, овони кӯдакию наврасии Есенин, эҷодиёти бадеияш ва чанд нуктаи дигари мансуб ба зиндагиномаи пуршебу фарози адиб ҳикоят кард ва зимнан қитъа-қитъа шеър азёд гуфт. Дар фарҷоми суханаш лейтенант муроҷиат ҳамаи мо, сарбозон, кард: –Кадоме аз шумо дар бораи Есенин чизе ё аз ашъораш порае маедонед? Бигзор, ин ҷо шеъри ин шоири беҳамто бо ҳар забоне, ки бошад, садо диҳад.

Чун ману лейтенант дӯстие дар миён доштему аз як қалам эҷодкорӣ доштанам огоҳ буд, ишора ба сӯям кард. Ман, ки баргузидаи ашъори Сергей Есенин – китоби “Гулафшон”-ро дар тарҷумаи дилписанду ҳунарваронаи устодон Лоиқ ва Бозор Собир борҳо мутолиа ва қитъаҳоеро аз сурудаҳои шоир азёд кардаву аз устодонам дар бораи ин шоири номии рус ҳикоятҳо шунида будам, бо як навъ ғуруру ифтихор ба сухан пардохтам: –Шоири бузурги рус Сергей Есенин дар Тоҷикистони хуршедии мо низ маъруфу маҳбуб аст. Аксари ашъораш ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст. Зумрае аз шоирони мо дар пайравии Есенин шеърҳо гуфтаанд. Мавзуъҳои сурудҳои шоир, чун меҳри зодгоҳ, тасвири манзараҳои марғуби диёр, васфи модар, ёди айёми кӯдакӣ, тараннуми ишқ ва амсоли инҳо созгор ба руҳияи адабиёти тоҷикиянд. Шеъри Есенин ба забони тоҷикӣ хеле самимию табиӣ ва равону дилчасп садо медиҳад. Гӯш кунед:

                   Эй хумори бӯса лабҳои маро

                   Лаҳзае хуншор кун аз бӯсаат.

                   Баҳри лабҳои ту дар лабҳои ман

                   Монда ҷои бӯсае чун ҳиссаат…

                                      Ишқро пеши ту арзон кардаам,

                                      Барнагирам даст аз домони ту.

                                      Кош рӯзи рафтанам аз ин ҷаҳон

                                      Дар лабам бошад пайи дандони ту…

Дар идомаи суханам гуфтам, ки шоир зодгоҳи азизи худ ва ин бому дару хонаю ҳавлии падариро ба ҷон дӯст медошт, ҳамеша пазмони зодгоҳ буд ва ормонҳои дили хешро ба қолаби шеър мерехт:

                   Боғу роғи падариям то ҳол

                   Медароянд ба хобам шабҳо.

                   Аз дилам мегузарад абри шимол,

                   Мекунад тар ҳама дам чашми маро.

***

                   Он хонаи чӯбӣ ҷони ман буд,

                   Ҳар чӯб ба рӯй дошт ожанг.

                   Борони шабу бухории мо

                   Мекард фиғон ба чанд оҳанг…

                   Аммо бигузашт хоби нӯшин,

                   Чун дуди кабуд пош шуд, пош.

                   Эй боми пахолӣ, шодмон зӣ,

                   Эй хонаи чӯбӣ, дар амон бош!

Боз гуфтам, ки Есенин ба адабиёти форсизабонон-адабиёти мо таваҷҷуҳу ихлоси вижа доштаасту бо номи “Савтҳои форсӣ” силсилаи шеърҳо эҷод кардааст…

Бароям хушоянд буд, ки нақламро ҳамсафонам бо иштиёқи зиёд гӯш карданд. Лейтенант Жук гуфт, ки воқеан, ашъори Есенин ба забони тоҷикӣ бисёр гуворо садо медодааст. Ӯ, яқин, ба нишони эҳтиром ба як сарбози одӣ, ки дар бораи шоири ҳамватанаш ин қадар медонаду қитъа-қитъа шеърашро азёд кардааст, аз киссааш худкоре (ручка) бароварда, ба ман тақдим кард. (Ин худкор то имрӯз бо ман аст)…

Ба вақти бозгашт дар роҳравҳои тозаю озода ва соярези Константиново боз муддате қадам задем. Чун аз назди қатори пиразанҳои мевафурӯш мегузаштем, яке аз онҳо сатилашро бардошта, ба назди мо омад ва себҳояшро бароямон ҳадя кард бо таманнои он, ки сиҳату саломат бошему ба Ватан содиқона хидмат бикунем. Пиразан ба ҳар кадоми мо бо меҳр назар афканду яке чашмонаш ашкбор шуданд. Ӯ бо кафи даст ашки чашмашонро пок карда, зери лаб пичиррос зад: –Набераҷони ман ҳам дар хидмати ҳарбӣ қарор дорад.

Басо лаҳзаи муассир буду дилгудоз. Маро аз модарномаҳои Сергей Есенин ёд омад ва ин қитъаро оҳиста-оҳиста замзама кардам:

                   Пас аз ин об макун аз ғами ман

Дилу ҷону ҷигаратро, модар.

Куртаи куҳнаи рустоӣ ба тан

Набаро бар сари раҳ бори дигар…

                                               Абдурауф Муродӣ

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо