15.1 C
Душанбе

ЭЙ ДУШАНБЕ!

Эй Душанбе, эй гулафшон аз гули наззораҳо,

Лолaҳоят бехазон аз лолаи рухсораҳо.

Эй рухе, ки нур меборад зи ту ишқи ҳаёт,

Эй саре, ки дар ту бошад беҳтарин ангораҳо.

Ёди ширини ҷудоият ғубори дил барад,

Ҳасрати ту тӯшаи умри ватановораҳо.

Мисли ҷон дар хандаӣ аз лолавори гунаҳо,

Мисли дил дорӣ хурӯш аз шарраи фаввораҳо.

Пойтахти пораи садпораи хоки Аҷам,

Эй ту хайёти гиребони гиребонпораҳо.

Тоҷи шоҳӣ бод бар пирони ту фазли баланд,

Тахти роҳӣ бод бар тифлони ту гаҳвораҳо!

САФАРМУҲАММАД АЮБӢ

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо