30.4 C
Душанбе

Эй азизон, муждаи дидори ман шеър аст

Эй азизон, муждаи дидори ман шеър аст,

Манзили ман, қасри бедевори ман шеър аст.

То диламро аз тааллуқҳо ҷудо кардам,

Маркази ин давлати мухтори ман шеър аст.

Зиндагонӣ ҳар замон сулҳу набардам дод,

Ҳам аламкуш, ҳам аламбардори ман шеър аст.

Ихтилофу эътирофамро танаффус нест,

Ҳукми ман, тасдиқи ман, инкори ман шеър аст.

Хуфтаам дар бистари ранҷи шабонгоҳон,

Офтоби субҳи беозори ман шеър аст.

Пайкари ман дар кафан не, дар сухан печад,

Турбати ин умри ноҳамвори ман шеър аст.

***

НАҚШИ БАРҶАСТА

Эй ғарибон, оҳро оҳиста мебояд кашид,

Хуни гарме аз дили яхбаста мебояд кашид.

Мекашад меҳри Ватан пайваста моро сӯйи худ,

Сӯйи дил меҳри Ватан пайваста мебояд кашид.

Рӯйи ин коғаз, ки онро зиндагӣ номидаанд,

Нақши худро андаке барҷаста мебояд кашид.

То ба рӯйи марқади мо ҳам гулафшонӣ кунанд,

Аз гили худ сурати гулдаста мебояд кашид.

То ғубори дил нагардад ҳамчу дарди бардавом,

Гоҳ-гоҳе як фиғони хаста мебояд кашид.

Нест нодонӣ азизони Худоро содагӣ,

Дарди ин нодонистаро дониста мебояд кашид.

***

Ҳама дар гуфтугӯву ман садоро хоб мебинам,

Талошу суҳбати бемоҷароро хоб мебинам.

Гаҳе дар баччагӣ болои боме хоб мекардам,

Кунун тифлию боми барҳаворо хоб мебинам.

Ба бедорию хобаш модарам шукри Худо мекард,

Биҳишту бандаи хоси Худоро хоб мебинам.

Дил аз сардии фардо бехабар бозори гарме дошт,

Ман он савдои бенарху наворо хоб мебинам.

Табассумҳои гарми зиндагиям рӯякӣ будаст,

Азизони дилам, рӯи шуморо хоб мебинам.

Куҷоӣ, эй гуле, ки ҷоят аз ман дури дур афтод,

Туву зебоию ақли расоро хоб мебинам.

Биё бар хоби ман, эй дилбари ширинтар аз хобам,

Ки бо ту иффату шарму ҳаёро хоб мебинам.

***

Насли дигар ояду боғу чаман дигар шавад,

Абру ахтар бозмонад, боми ман дигар шавад.

Пираҳан чун куҳна шуд, дарҳол дигар мекунем,

Кошки, мафкура ҳам чун пираҳан дигар шавад.

Гар ба дарди дигарон печида худро во кунам,

Муҳтавову тарзи дигаргун шудан дигар шавад.

Нест дар пеши аҷал тамйизи мискину ғанӣ,

Кас надидаст ин дуро гӯру кафан дигар шавад.

Бо чунин ишқи риёӣ ман намесозам, ки он

Дар ғарибӣ дигару андар Ватан дигар шавад.

Умр кай рангин шавад, гар мо на бо ранги худем,

Вой бар мо, чун амал дигар, сухан дигар шавад.

Бо ҳавасҳои ҳавоӣ зиндагӣ дигар нашуд,

Зиндагӣ шояд туфайли илму фан дигар шавад.

***

Дил ба шодӣ мекашад, бо ғам муросо мекунам.

Бо расову норасо кам-кам муросо мекунам.

Гар ҷаҳонам бо мани шӯридадил одат накард,

Бо худам шӯрида, бо олам муросо мекунам.

Дар қиёси хулқи мардум бетафовут нестам,

Нест айбе, гар ба ҳар одам муросо мекунам.

Бандаи хоси Худоро дӯст медорам ба ҷон,

Рӯякӣ бо бандаи ишкам муросо мекунам.

Мешавам ошиқ, агар бекина хандад рӯзгор,

Дар заруратҳо ба чашми нам муросо мекунам.

Ҳар ғуруб аз рафтани хуршед мепечам ба хун,

Ҳар саҳар бо қотили шабнам муросо мекунам.

Ман надонам, чист дар поёни мо, эй зиндагӣ,

Ту мудоро мекунӣ, ман ҳам муросо мекунам.

***

Ман ба Ватан чӣ мекунам, гар накунам итоаташ,

Ҷойи намози ман бувад домани ботаҳораташ.

Карда дуош мустаҷоб, мекунадаш Худо назар,

Зикри Ватан кунад касе дар сари ҳар ибодаташ.

Марди Ватан шавад агар тифли ватанпарасти мо,

Фарди маҳал бувад фақат душмани бефаросаташ.

Бинам агар, ки нокасе хори раҳи Ватан шавад,

Ман чи ҳақир мешавам, гар надиҳам ҳақораташ.

Баски Ватан муқаддас аст, кас натавонадаш харид,

Шахси ватанфурӯшро маҳв кунад тиҷораташ.

Меҳри Ватан бувад ба дил, пирӣ ғамам намедиҳад,

Пираму пирях дилам, гар нарасад ҳарораташ.

Зиндагӣ бар чи арзадам, гар нашавам фидои ӯ,

Кӯр шавад ду чашми ман, гар накунам назораташ.

Ҷамолиддин ШОҲАСАНОВ

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо