Агар дар мавриди номгузории тарабхонаҳо, ошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, коргоҳҳои дӯзандагӣ, сартарошхонаҳо, марказҳои савдои пойтахтамон дар аксари мавридҳо Қонун дар бораи забони давалатӣ риоя шуда бошад, 55 дарсади қаҳвахонаҳо номҳои хориҷӣ доранд, ки боиси нигаронист. Бояд зикр кард, ки баъзе муассисаҳо бо номи тоҷикӣ сабти расмӣ шудаанд, аммо дар лавҳаву овезаҳояшон номи дигаре ба забони хориҷӣ доранд.
Санҷиш нишон дод, ки аксари кулли овезаҳо, лавҳаҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба хати лотинӣ навишта шудаанд, ҳол он ки хати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон кириллӣ буда, яке аз унсурҳои ҳуви яти миллии мо ба шумор меравад ва ба кор набурдани он беэҳтиромӣ нисбат ба забони давлатӣ мебошад. Чунончи, коргоҳи дару тирезаи пластикӣ ба номи “Roller”, нуқтаи хидматрасонии “Химчистка”, мағозаҳои «Prime», «Arka», «Фасон», «Фарҳод», «CaseMax» «Four», «Safita Fashion House», «Sudays Parfum», «Urban Plaza», «Green Auto», “Hermes”, сартарошхонаи «Force Barber Shop», қаҳвахонаҳои “Freind”, «Montana», “Farida”, сартарошхонаи «Barber Chicago», маркази бозиҳои компютерии «Patriot Cyber Club», маркази дилхушии “Puff Puff Pass” ва ғайра. Аксари ин муассисаҳо тамғаи расмии молӣ надоранд, номашон хориҷист, таомнома ва навиштаҷоти дохилашон низ ҳама ба забонҳои русӣ ё англисӣ навишта шудаанд. Ва ҳар чизе, ки ҳам ба забон ва ҳуруфи тоҷикӣ навиштаанд, пур аз ғалатҳои имлоиву услубӣ мебошанд.
Ба назар мерасад, ки соҳибкорон дар бораи Қонуни забони давлатӣ тасаввурот надоранд, зиёда аз ин, ба тоҷикӣ номгузорӣ кардан ва навиштани овезаву лавҳаҳои худро як навъ қафомонӣ аз тамаддун маънидод карда, ба тоҷикӣ баргардондани онҳоро намехоҳанд.
Дар ҳудуди ноҳияи мазкур, дар хиёбони марказии Рӯдакӣ тарабхонаҳои туркии “Бурак”, “Мерве”, “Сафо” ҷой гирифтаанд, ки ҳар сеяшон номҳои барои мусулмонон муқаддас дошта, ҳар яке дар ҷойи худ нишонаи таблиғи арзишҳои исломиянд: “Бурак” – тарзи талаффузи туркии “Буроқ” – аспи Муҳаммад пайғамбар, “Мерве” – тарзи талаффузи туркии кӯҳи муқаддаси Марва ва “Сафо” низ кӯҳи муқаддасе мебошад, ки дар Макка ҷойгир аст ва яке аз маносикҳои ҳаҷ ин аст, ки ҳоҷиён дар байни ин ду кӯҳ медаванд. Бояд қайд кард, ки таҳти таъсири ин тарабхонаҳо дар шаҳри Душанбе қаҳвахона ва тарабхонаҳое арзи вуҷуд карда истодаанд, ки дар онҳо истеъмоли машрубот манъ карда шудааст ва ин ба моҳияти дунявии сохти давлатдории мо созгор нест.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар аксари муассисаҳои савдо ва хидматрасонии маишии ғайридавлатии ноҳияи Шоҳмансур меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар номгузорӣ риоя наменамоянд. Тавре мушоҳида шуд, аксари номи ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ ба хати лотинӣ ва бо забони англисӣ навишта шудаанд, ки ин хилофи талаботи моддаи 18-и (бандҳои 1 ва 2) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст. Баъзе соҳибкорон ҳатто маънии номҳои гузоштаашонро намедонанд, бо вуҷуди ин номҳои ғайримиллӣ ва бегонаи “CITY PARFUM”, “SHOP TIME” – олами соатҳо, “BIOS.TJ”, “CADE USTU”, “SHERON”, “BODOM”, “FRIED CHICKEN”, “IMRUZ PRINT”, “AZRA”, “TOJ ПАЛАС”, “SAPPORO” ро, ки ба ҳувияти миллиамон созгор нестанд, интихоб кардаанд.
Марказҳои савдо ва хидматрасонии маишии болозикр тамоми рекламаи берунаи худро на бо забони давлатӣ, балки русӣ, англисӣ ва забонҳои дигар дарҷ менамоянд, вале, мутаассифона, дар навиштани калимаҳои хориҷӣ низ ба ғалатҳо роҳ дода шудааст. Бо роҳбарони марказҳои мазкур ва намояндаҳои онҳо суҳбат гузаронида шуд, то ҷиҳати ислоҳи камбудҳо дар ороиш ва рекламаҳои берунаи марказҳои савдо ва муассисаҳои хизматрасонии худ чораҳо андешанд ва камбудҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд. Номи баъзе аз ин марказҳо ба номи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи иҷозаи фаъолият мувофиқат намекунад. Дар ҳуҷҷатҳояшон дигар ном ва дар ороиши беруна дигар ном сабт шудааст.
Дар марказҳои мазкур ягон шиору овеза ё унвони муассиса бо забони давлатӣ сабт нашудааст. Ҳатто дар баъзе қаҳвахонаҳо номгӯйи хӯрок дар таомномаҳо пурра ба забони русӣ ва англисӣ сабт аст. Ҳангоми суҳбат намояндагони ин марказҳо далел пеш оварданд, ки ба қаҳвахонаҳои онҳо танҳо хориҷиён меоянд, аз ин хотир таомномаҳо ба забонҳои русӣ ва англисист, ҳол он ки ҳангоми дар он ҷо будани мо ягон шаҳрванди хориҷӣ дида нашуд.
Дар муассисаҳои савдо ва марказҳои маишиву хизматрасонии ноҳияи Сино низ вайрон кардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дида мешавад. Чунин номгузориҳо ба монанди “DILUX” – олами сандуқҳо, “TOMIRIS BEAUTY” – маркази эстетикӣ, “ТАГИ ДОМ”, “ВКУСНО И ТОЧКА.”, “МИНУТКА” – кафе бистро, “JUJA” – “чучабирён”, мағозаи хӯроквории “GORILLA”, “COFFE MOOSE”, ”VALFEX” – масолеҳи сохтмон, “STORE” – либосҳои занона, “Сумая сандуқ” – “турецкие свадебные подарки”, “BLIZZARD”, “BEAUTY HOUSE” – кошонаи ҳусн ва ғайра дар ин ноҳия мушоҳида шуд.
Ба ҳамин мазмун дар ноҳияи Фирдавсӣ низ дар муассисаҳои савдо ва хидматрасонии маишӣ камбудҳо ба мушоҳида расид. Тавре ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ҳоло дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 2400 нуқтаи савдо ва хидматрасонӣ фаъолият дорад. Танҳо дар ҷараёни боздиди якрӯза чанд камбуд ошкор шуд. Аз ҷумла, дар кӯчаи Неъмат Қарабоев нуқтаи савдое бо номи “Шаурмара бераҳмш”, “Олами чархҳо”, ҳамчунин чандин ҳолати номгузорӣ ба забонҳои русӣ ва англисӣ, ки барои ҷомеаи мо нофаҳмост, ба мушоҳида расид. Тавре ки шуъбаи иқтисод ва савдои ноҳияи мазкур маълумот дод, масъалаи номгузории чунин нуқта ва марказҳои савдо бо ягон ниҳоди ноҳия мувофиқа карда намешавад.
Вобаста ба таъмини муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод менамоем, ки масъалаи номгузории муассисаҳои савдо ва хидматрасониҳои маишӣ бо сохторҳои дахлдор, комиссияҳои шаҳрӣ ё ноҳиявии риоя ва татбиқи қонуни забон мувофиқа карда шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар душвортарин даврон ба дифоъи миллат бархостанд ва барои ба маснади иззат нишондани забони он бузургтарин корҳоро анҷом доданд. Яке аз онҳо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Дар Паёми табрикотиашон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, 4-уми октябри соли 2011 ҳушдор доданд: “Ҳамчунон ки ниёгонамон ин забони нобро то ба рӯзгори мо бо як ифтихор ва хештаншиносӣ маҳфуз доштаанд, мо низ ин ҷавҳари ҳастии миллатро дар андеша, гуфтор ва кирдори наслҳо аз рӯйи эҳтиром ба таври ҷовидон бояд ҳифз намоем”.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки риоя ва татбиқи қонуни мазкур диққату ғамхории доимӣ тақозо мекунад ва аҳаммияташ аз дигар қонунҳои миллӣ кам нест.
Ато МИРХОҶА