28.6 C
Душанбе

«Дузди мазор», «Офтоби тобони ман» ва «Номаи ифтихор» ба дасти чоп расид

Навгонӣ дар олами ҳаҷв

Китоби ҳаҷвияҳои Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб бо номи «Дузди мазор» ба дасти хонандагон расид.

Дар «Дузди мазор» ҳаҷвияҳои назмию насрие, ки дар солҳои гуногун эҷод шудаанд, ҷой гирифтааст ва бори нахуст дар шакли китоб пешкаши хонандагон гардидааст.

Дар ҳангоми хондани асар бисёре аз симоҳои офаридаи муаллиф пеши рӯ меоянд, ки дар перомуни мо зиндагонӣ доранд.

Ба ин китоб нависанда Абдурауф Муродӣ зери унвони «Ҳаҷви ҳадафгир ва муассир» пешгуфтор навишта, махсусиятҳои муҳимтарини ҳаҷвияҳоро зикр кардааст. Дар пешсухан аз ҷумла омадааст: «Аз ҳар як нигоштаи устод Муҳаммад Ғоиб ба мушоҳида мерасад, ки ӯ адиби амиқнигару густарданазар аст, ба ҳар ашёи атроф, ба ҳар амали атрофиён, ба ҳар рухдоду падида нигоҳи моҳиятҷӯ дорад, аз ҳар ҷиҳат ҷолибу ибратбахш. Ин гуфтаҳо ба нигоштаҳои ҳаҷвии устод низ мутааллиқанд. Ҳаҷвиёти ӯ робитаи қавӣ ба воқеъият доранд, эътирозномаҳои адиб нисбат ба нуқсонҳои ҷомеа ва рафтори ношоистаи иддае аз гумроҳафроданд. Аз ин ҷост, ки симоҳои омада дар ҳаҷвиёти адибро мо дар байни атрофиёнамон дучор меоем ва онҳоро маҳкум мекунем».

Умед аст, ки китоб аз тарафи хонандагон истиқболи гарм меёбад.

«Офтоби тобони ман»

Чунин унвон дорад романи тозаи Гулсифат Шаҳидӣ, ки дар нашриёти «Балоғат» ба нашр расидааст. Роман дар бораи сарнавишти омӯзгори рус Нина Николаевна, ки роҳи зиндагияш бо Тоҷикистон ва тоҷикон гиреҳ мехӯрад, қисса мекунад.

Муаллиф бо ин асар меҳру муҳаббат, рафоқату садоқати инсонӣ ва дӯстии халқҳоро талқин менамояд.

«Номаи ифтихор»

Ин маҷмуаи тозаи шоири тоҷики Ӯзбекистон Дилошӯб (Ӯғулой Ҷӯрабоева) дар нашриёти «Ҷавоҳир»-и шаҳри Тошканд чоп шуд. Он фарогири ашъори тоза, очеркҳо, хотираҳо ва навиштаҳои дигари муаллиф буда, мухотабро бо табиати нотакрор, дунёи кӯдакӣ ва зодгоҳи муаллиф ошно месозад.

Ин маҷмуа таҳти сарпарастии Маркази миллию фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон ба нашр расидааст.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо