25.4 C
Душанбе

Дурӯғи шодибахш (Ҳикоя)

Шоҳрухи шашсоларо саҳар модараш бо навозиш аз хоб бедор кард: «Бихез, ширини оча. Зуд дасту рӯ, дандон бишӯ. Ширбиринҷу чой омода. Нағзакак бихӯру либосҳоятро бипӯш, ки дер накарда боғча биравем. Бихез, ҷонам…»

Шоҳрух бо нозу ғурғур ба паҳлуи дигар сар ба болин монду курпа болояш кашид. Хоҳараш Гулафзо фаҳмид, ки Шоҳрух аз хоби ширин хестан намехоҳаду хоҳиши боғча рафтан надорад. Ӯ оҳиста назди Шоҳрух рафт ва бо ангуштон кафи пойи ӯро хорид. Вай почакзанону гирякунон бархест, ки барои нороҳат карданаш Гулафзоро ҷазо диҳад. Лекин хоҳараш хандон-хандон то пеши тиреза гурехту ба берун нигариста, бо шавқ овоз баровард:

– Ваҳ, барф боридасте! Барфи зебо, ҳархела, ранг-ранг.

– Э не! – гуфт Шоҳрух ва бо пушти дастон чашмони хоболудашро молида-молида рафта дар паҳлуи Гулафзо истод.

– Э ҳа-а! – овози шодонаи Гулафзо баландтар баромад.

Модарашон, ки дар ошпазхона дастархон меорост, аз ин хабар ҳайрон шуд. «Рост мегуфта бошад? Магар дар авҷи баҳор барф боридаст?»

Модар аз гуфтугӯйи фарзандон ҳайрон назди онҳо рафта, ба берун нигаристу аз дурӯғи онҳо шоду хандон гуфт:

– И-и-ӣ, ширинакҳои оча! Ин барф не! Дар як шаб аз муъҷизаи нафаси гарми боди баҳор ғунчаҳои дарахтони гелосу олуча, зардолуву бодом шукуфтаанд. Чи хел зебову гулпӯш шудаанд дарахтон. Бубинед, аз боди баҳор ба ҳама ҷо барги гул мерезанд.

Модару фарзандон аз тамошои ин манзара хушнуд, пас аз хӯрдани ғизо аз хона баромада, дар ҳавои форам роҳи мактабу боғчаро пеш гирифтанд. Дарахтон ба сару шонаи онҳо гулбарг мепошиданд.

Абдулҳамид САМАД

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо