6.1 C
Душанбе

ДУ БОЛИ РУШДИ КИШВАР

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободию созандагӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гаштааст. Яъне ин соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз зери ин унвон ва ирода мегузарад. Моҳият ва зарурати интихоби чунин барнома барои ин соли таърихӣ дар чист? Агар ба таркиби ин унвон нигарем, он аз ду бахш ё ду самти асосӣ иборат аст, ки аввалӣ созандагӣ ва дувумӣ худшиносист. Дар нигоҳи амиқтар метавон дарёфт, ки интихоби чунин унвон барои чунин сол як иқдоми санҷидаву огоҳона мебошад, зеро имрӯз дар рӯбарӯи давлату миллати мо маҳз ҳамин ду масъалаи асосӣ истодааст, ки на танҳо ҳалли масъалаҳои дигар, балки худи сарнавишти ояндаи давлату миллат низ ба онҳо вобаста аст. Масъала ё зарурати якуми давлат ва миллати мо созандагию ободонист. Ин созандагӣ, ки рушди тамоми соҳаҳои иқтисоди миллиро дар бар мегирад, дар ниҳоят ба ҳосил шудани ҳада фи асосии иҷтимоии давлат, яъне таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ меанҷомад, ки дар Паёми соли гузашта эълон гашта буд. Ин раванди созандагӣ имрӯз ба суръати баланд идома дорад. Аммо мавзуи ҳассостар ин аст, ки агар муҳити ободу зиндагии моддии шоиста фароҳам гардаду арзишҳо ва ҳувияти миллӣ заиф бимонад, боз ҳам мақсади асосии рушди миллӣ ҳосил намешавад. Зеро рисолати як давлати миллӣ ҳифзу тақвияти арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳувияти миллиро низ дар бар мегирад. Бинобар ин, дар ин барномаи миллӣ дар канори «ободонию созандагӣ» мафҳуми «таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» низ гузошта шудааст, то эътидоли рушди кишвар таъмин гардад. Ҳамин тавр, созандагию худшиносӣ ду самти бунёдӣ ё ду боли рушди миллии мо буда, маҳз пешбурди ҳамзамони ин ду барнома саодати миллии моро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, эълон шудани «Соли вусъат додани корҳои ободию созандагӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» аз матни заруратҳои миллӣ бархоста, манфиатҳои имрӯзу фардои давлат ва мил лати моро фаро мегирад. Бинобар ин, ҳамсадоӣ ва саҳмгирӣ дар татбиқи ҳадафҳои ин барномаи бузург вазифаи касбию миллии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла аҳли адабу фарҳанги кишвар мебошад. Дар ин барнома дар матни манфиатҳои миллии кишвар саодату манфиати ҳар як шаҳрванди он низ нуҳуфтааст.

Абдуллоҳи Раҳнамо

мақолаи гузашта
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо