25.4 C
Душанбе

Дидор бо дастандаркорони созмони фарҳангии “Сомониён”

Рӯзи 16-уми июн дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дидору гуфтугӯ бо дастандаркорони созмони фарҳангии “Сомониён” баргузор гардид.

Дар ин нишаст адибону масъулони Иттиҳодияи нависандагон ва намояндагони созмони “Сомониён” роҳандозии ҳамкориҳо дар заминаи тарҷума ва муаррифии осори бадеъӣ дар Ҳоландро муҳим арзёбӣ карданд.

Таъкид шуд, ки созмони фарҳангии «Сомониён» ҳар сол бо ҳузури аҳли фарҳангу ҳунари Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон барномаҳои фарҳангию ҳунарӣ дар Амстердам баргузор мекунад. Дар ин замина аз Иттифоқи нависандагон дархост шуд, ки барои таъмини китобхонаи ин созмон бо осори бадеъии тоҷикӣ ёрмандӣ намояд.

Гуфтанист, созмони фарҳангии «Сомониён» дар Ҳоланд фаъолият мекунад ва ҳадафаш муаррифии фарҳангу адаби форсии тоҷикист.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо