6.1 C
Душанбе

ДАЙРИ БУДДОИИ ХИШТТЕППА

Ёдгории таърихии Дайри буддоӣ ё Маъбади Хишттеппа дар ҳамвории соҳили рост, дар ҷараёни миёнаи водии дарёи Оби Мазори ноҳияи Ховалинг, дар қисмати ғарбии деҳаи Чепивол ҷойгир аст. Дараи Оби Мазор, ки дар баландии 1300-1400 м ҷойгир аст, дорои манзараи зебо мебошад, ки аз қадим таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб мекунад. То оғози ковишҳои бостоншиносӣ он як теппаи мудаввар буд, ки аз шимол ба ҷануб 60 метр, аз ғарб ба шарқ 50 метр диаметр дошт. Баландии теппа ба 10-12 метр мера сид. Зимни ковишҳои бостоншиносӣ маълум гардид, ки деворҳои биноҳо дар ёдгории Хишттеппа аз похса ва хишти хоми андозаашон 48х24х10 см, сохта шуда буданд. Деворҳои бино дар баландии аз 0,6 то 1,8 м боқӣ мондаанд. Омӯзиши археологии водии Оби Мазор бори аввал ҳанӯз соли 1945 аз ҷониби В. Чейлитко оғоз ёфт, ки шаҳраки Мунк, яке аз шаҳрҳои асосии Хутталро ҳаффорӣ кард. Баъдан, дар соли 1980 отряди археологии Ховалинг бо роҳбарии М. Муллоқандов таъсис дода шуда буд. Ёдгории Хишттеппа бошад, соли 1982 кашф мегардад. Аз ин ба баъд махсу сан дар солҳои 80-уми асри гузашта ин ёдгорӣ ба таври васеъ мавриди омӯ зиш қарор дода мешавад. Дар соли 1985 дар қисми ҷанубии ёдгорӣ шурф зада шуд, ки аллакай дар чуқурии 25 30 см кунҷи девори бино пайдо гардид. Дар болои он изи деворнигораҳо боқӣ мондааст. Ба бостоншиносон муяссар шуд, ки якчанд қисми деворнигораро кушода гиранд. Дар натиҷа маълум гардид, ки тасвири деворнигора дар болои сатҳи ранги сурхдошта рӯйи кор омадааст. Дар он аз рангҳои са фед, сабзчатоб ва зард низ истифода шудааст. Вале сохти меъморӣ, услуби сохт, қабатҳои маданӣ ва бозёфтҳои дигар шаҳодат медиҳанд, ки ёдгории Хишттеппа дайри буддоӣ буда, мансуби асрҳои VII — VIII мелодӣ мебошад. Тарҳ ва низоми биноҳо собит менамоянд, ки онҳо дар асоси нақша ва тарҳрезии пешакӣ сохта шудаанд. Бояд зикр на муд, ки бозёфтҳои ҷолиб аз ин ёдгорӣ зиёданд ва яке аз онҳо ступаҳои минё турии гилин мебошанд. Дар маҷмуъ зиёда аз 60 намунаи чунин ступаҳо ёфт шудаанд. Маълумот дар бораи Хуттали асрҳои миёна дар сарчаш маҳои хаттии чинӣ Сюан-сзян (соли 631) ва Хой Чао (726-727) мавҷуд аст. Масалан, зиёратгари чинии Хой Чао қайд мекунад, ки дар Хуттал подшоҳ, ашроф ва мардум дини буддоиро эътироф мекунанд, дайрҳо ва роҳибон мавҷуданд, таълимоти Хиноян даст гирӣ карда мешавад. Сарчашмаҳои таърихие, ки дар онҳо қаламрави Хуттал зикр шудааст, ин асарҳои муаллифони арабу форс Масъудӣ, Табарӣ, Балозурӣ, Ибни Хурдодбеҳ, Истахрӣ, Ибни Ҳавкал, Мақдисӣ ва дар асари муаллифи номаълуми «Ҳудуд ул-олам» мебошанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин асарҳо шаҳру навоҳии Хуттали Қадим тавсиф ёфта анд. Масалан, Истахрӣ менависад, ки шаҳраки Мунк, ки харобаҳои он ҳамагӣ 4 км дуртар аз Хишттеппа ҷойгир аст, бузургтарин шаҳри Хуттал буд. Дар радифи Хишттеппа дар қисми ҷанубии Тоҷикистон боз ёдгориҳое ба монанди Аҷинатеппа, Ҳалевард (Кофирқалъа), Қалъаи Кофарниҳон ва Уштурмулло мавҷуданд, ки онҳо ба дини буддоӣ алоқамандӣ доранд. Ёдгории Хишттеппа дар қатори силсилаёдгориҳои таърихии “Хуттали Қадим” соли 2025 зимни иҷлосияи 47 уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ ба Феҳри сти мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

МИРЗОШАРИФ АБДУСАЛОМОВ

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо