Инак, бо таҳия ва рӯйи саҳна омадани намоиши тозае бо номи “Ман дар ёд дорам…” барномаи ҳунарии Театри ҷавонон Маҳмудҷон Воҳидов ғанитар гардид. Мудири намоишсарои мазкур Суҳроб Мирзоев низ муътақид аст, ки чун рӯзи нахустнамоиш дар навбатҳои баъдӣ ҳам ҳаводорони ҳунар дар толори театр ҷоеро холӣ намегузоранд.
«Мо ин навбат барои гуногунранг шудани барномаи ҳунарии театр талош кардем, коргардонеро аз хориҷи кишвар ҷалб намоем. Хушбахтона, ин тасмими мо аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ шуд ва коргардони тавоно, Ҳунарпешаи халқии Қазоқистон Бекпӯлод Фармонов ба Тоҷикистон омаду намоиши мазкурро аз рӯйи асари адиби машҳури қирғиз Чингиз Айтматов рӯйи саҳна гузошт. Ин намоиш аз рӯзгори сахти зане ҳикоят мекунад, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шавҳар ва се писари хешро аз даст медиҳад, вале ҳамоно барои умедвор зистан баҳонаҳое дорад. Албатта, дар вазъияти нохушоянди пурнизоъе, ки имрӯз ҷаҳон бо он рӯбарӯст, ҳадаф аз таҳия ва пешниҳоди чунин намоиш тарғиби сулҳу ҳамдилӣ аст. Аз ҳаводории тамошобинон, ки баъди дидани нахустнамоиш изҳор карданд, ояндаи ин намоишро мушаххас кардан мумкин буд», – илова кард Суҳроб Мирзоев.
Ин бори аввал нест, ки театрҳои тоҷик, махсусан ҳунарпешагони Театри ҷавонон аз рӯйи осори Чингиз Айтматов намоиш таҳия мекунанд. Масалан, чанде қабл аз рӯйи асари дигари ин адиб намоише таҳти унвони «Вақте ки кӯҳҳо суқут мекунанд…» рӯйи саҳнаи театри мазкур омада буд. Намоиши тозаи «Ман дар ёд дорам»-ро нависандаи шинохтаи тоҷик Абдуғаффори Абдуҷаббор бар пояи гузинаи русии асари Чингиз Айтматов, ки «Я помню» ном гирифтааст, тарҷума кардааст. «Ман дар ёд дорам» аз забони қаҳрамони асосии намоиш, ки онро Мавлона Наҷмиддинова (Тулғуной) иҷро мекунад, қисса мешавад. Нақшҳои дигарро ҳунарпешагони шинохта Ғаниҷон Олимов, Шервонӣ Толибов, Шогун Давлатбекова, Фурқат Ҷомизода ва Муҳаммад Зоирзода бо маҳорати баланд иҷро карданд. Коргардони намоиш Бекпӯлод Фармонов бо хушнудӣ иброз дошт, ки «кор бо ҳунарпешагони театри тоҷик ҳаловатбахш ва осон буд, зеро онҳо хеле бомаҳоратанд ва умедворам, ки аз тамошобини одӣ то коршиносони соҳа намоиши моро хуш пазируфтанд».
Иҷрокунандаи нақши асосӣ Мавлона Наҷмиддинова низ аз ин ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карда, афзуд, ки «мо бениҳоят босуръат кор кардем. Дар муддати 30-35 рӯз як намоиши мукаммалро рӯйи саҳна овардем. Барои ман аз он ҷиҳат душвор буд, ки дар раванди тамрини ин намоиш дар Театри Маяковский низ, ки ҷойи фаъолияти асосиям мебошад, намоишҳо доштем. Вале бо вуҷуди пуркорӣ тақрибан тамоми осори саргузаштии Чингиз Айтматовро мутолиа кардам, то ба умқи нақши хеш ворид шавам. Дилам мехост, ки як ҳафта дертар нахустнамоишро пешкаши ҳаводорони театр гардонем, зеро хеле хаста будам. Аз ин рӯ, аз иҷроҳои худ то ҷое қонеъ нестам. Вале вақти анҷоми намоиш аз кафкӯбиҳои бардавоми тамошобинон бароям аён гардид, ки талошҳоямон барабас нарафтааст».
Рӯзноманигори тоҷик Лутфия Қурбонова, ки пайваста тавассути радиои «Фарҳанг» фаъолияти театрҳои кишварро тарғиб мекунад, аз нақшофаринии Мавлона Наҷмиддинова ба ваҷд омада, чунин ибрози назар кард: «Албатта, тавлиди як намоиш маҳсули эҷоду офарандагии дастҷамъона аст, вале иҷрокунандаи нақши марказӣ ҳунарпеша Мавлона Наҷмиддинова доди ҳунарро дод. Ҳар як ҳаракаташ, сукуташ, нолаҳояш маъно дошту ҷонгудозу табиъӣ пеши рӯйи тамошобинон ба ҷилва омад. Дар саҳнаи видоъ бо ҳамсафари ҳаётияш ба ҷабҳа зери нурҳои чароғони равшанидиҳандаи намоиш аз паси пероҳани сафедаш мо ларзиши ҷисму ҷони ҳунарпешаро баръало медидем, ки воқеан ӯ дар ҳолати ҳол дар образи Тулғуной буду дар саҳна нақш намеофарид, балки зиндагӣ мекард ва лаҳза ба лаҳза ба умқи образи саҳнавияш ғӯта мезад, пар-пар мешуд, обу адо мешуд, ишқ мешуд, садо мешуд, наво мешуд. Порчаҳои сурудҳои фолклории тоҷикӣ, монанди «Сабзак лаби ҷӯ», «Аз омаданат агар хабар медоштам», «Гандумдаравӣ” ва навозишҳои миллӣ ба намоиш ҷолибияту ҷаззобияти хоса бахшидаанд. Боз ҳам аён мегардад, ки мо дар ҳама театрҳои касбиямон заминаи қавии ҳунарӣ дорем ва танҳо асари хуб ва коргардони тахассусӣ метавонад ҷанбаҳои кашфношудаи ҳунарирро дар ҳунармандони мо боз намояд».
Ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Толиб Бобоев иброз дошт, ки «воқеъан ҳам намоиш бо рангу тобишҳои миллии тоҷикона пешниҳод шуд. Мо дар он ҷанбаҳои нави маҳорату малакаи ҳунарпешаҳоро дидем ва аз тамошои ин намоиши таърихӣ боз ҳам ёди гузаштаи дуру қурбониёни ҷанг карда, дарёфтем, ки бояд беш аз пеш дар ҳифзи марзу буми кишварамон талош бикунем».
Хулоса, бо вуҷуди камбудҳои ҷузъӣ метавон намоиши тозаи «Ман дар ёд дорам»-ро ба рӯйхати дастовардҳои хоси театри тоҷик шомил кард ва аз тамошои он баҳра бурд.
Бахтиёр Раҳмониён, “АС”