Чунин ном гирифтааст китоби шеърҳои Салими Зарафшонфар, ки ба тозагӣ дар нашриёти «Адиб» ба табъ расид. Шоир чун ҳамеша мавзуъҳои гуногунро дар жанрҳои гуногун пешкаши хонандаи худ менамояд. Бо номи «Дар моварои «Дарвозаи нақшин»» Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба ин дафтар сарсухан навиштааст. Дар бахше аз шеърҳо бузургони адабу фарҳанг ва таърих – Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Камол, Зардушту Борбад, Айниву Бузургзода, Шаку риву Раҳимзода ёдоварӣ мешаванд. Ватан, модар, сулҳ, дӯстӣ, муҳаб бат… мавзуъҳои шеърҳои дигари китоб мебошанд. Дар пешгуфтор омадааст: «Ҳар китоби нави шоир шабеҳи хонаи навбунёдёфтаест, ки баробари кушодани дари ин хона кас ба олами нав, олами эҳсосоту муҳаббат ва армонҳои шоир ворид мешавад. Аз ин рӯ, беҳуда нест, ки Салими Зарафшонфар маҷмуаи ашъори худро «Дарвозаи нақшин» унвон гузошта аст. Дарвоза, вақте зебову нақшин аст, одамро умедвор мекунад, ки бо ворид шудан аз он, ба як олами низ нақшину зебо роҳ хоҳад бурд». Бояд гуфт, номи китоб аз як шеъри ошиқонаи муаллиф интихоб гашта аст, ки чунин оғоз дорад:
Ту хушбахтӣ, аё дарвозаи нақшин,
Ки нақши дасти ёри ман ба тан дорӣ.
Туӣ хушманзару хуштарҳу хушманзил, ки дар дарвозагоҳи ӯ ватан дорӣ…
«АС»





