21.4 C
Душанбе

Дарунмояи маҷаллаи “Садои Шарқ” дар соли 2024 арзёбӣ шуд

Ҳамоиши баррасии дарунмояи маҷаллаи миллии адабии “Садои Шарқ” дар соли 2024 адибону мунтақидон ва пажуҳишгаронро ба ҳам овард.

Дар ин ҳамоиш, ки рӯзи 27-уми феврали соли 2025 дар толори хурди дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сурат гирифт, таъкид гардид, дар соли сипарӣ маҷаллаи “Садои Шарқ” чандин намунаи назму наср, тарҷумаву баргардон, пажуҳиш, нақди адабӣ, иҷтимоъиёт ва китобиётро ба чоп расонид. Дар ин замина муҳаққиқон Шарифмурод Исрофилниё, Ҳафиз Раҳмон, Қарор Муҳаммадизода, Наргис Усмонова суханронӣ карда, дастовард ва камбуди маҷаллаи мазкурро зикр намуданд.

Дар охир ширкаткунандагони ҳамоиш ибрози андеша карда, барои беҳбуди муҳтавои маҷаллаи “Садои Шарқ” назару пешниҳод доданд.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо