40.3 C
Душанбе

Дар суҳбати марди хирад

Дар тирамоҳи соли 1986, ки 30 сол доштам ва пас аз чоруним соли хидмат дар Афғонистон ба ватан баргашта, таҳсили аспиратураро барқарор карда будам, барои машварати илмӣ бо шарқшиносони дар ҳамон вақт маъруфи шӯравӣ аз Душанбе ба Маскав рафта будам. Ин сафари хидматии ман аз ҳисоби худам ташкил шуда буд ва аз маъмурияти Университети давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) барои ду моҳ вақт гирифта будам. Барои рафтан ба Маскав ва мақсади рафтанам бо устоди раҳнамоям профессор Шарифҷон Ҳусейнзода (ёдашон бахайр) иҷозат ҳам гирифта будам. Устод Ш. Ҳусейнзода мавзуи рисолаи номзадии маро “Таҳаввули қаҳрамони лирикии ғазали форсӣ тоҷикии асрҳои XIII-XIV” муайян карда буданд. Ман он вақт дар соли дуюми таҳсили аспирантура қарор доштам ва хеле чизҳои назариро дар бораи қаҳрамони лирикӣ мутолиа карда будам, аммо фикр мекардам, ки машварати олимони Маскав барои кори ман муфид тамом хоҳад шуд.

Аҷибаш ин буд, ки рӯзи 18-уми сентябри ҳамон сол саҳарии барвақт барои ба фурудгоҳи Душанбе рафтан аз хона баромада будам. Ҳеч фаромӯш намекунам, дар роҳ (дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ) бо нависанда Абдурофеъ Рабиев вохӯрдам. Ӯ пурсида буд, ки саҳари барвақт ҷомадон дар даст куҷо рафта истодаӣ? Ман мақсадамро ба ӯ гуфтам, аммо дар посух ба ман суоли аҷибе дода буд: “Устод Шарифҷон Ҳусейнзодаро монда, ба Маскав назди олимони дигар меравӣ?!…”

Ба ҳар сурат рафтам. Он ҷо бо донишмандон Иля Василевна Стеблева, Вера Борисовна Никитина, Наталя Илинична Пригарина, Марина Лвовна Рейснер ва дигарон суҳбатҳо доштам. Машваратҳои додаи онҳо хеле муфид буд, аммо тафсили он суханро ба дарозо мекашад. Муроди камина ин ҷо изҳори таассуротам аз дидор ва суҳбат бо олими маъруф устод Иосиф Самуилович Брагинский мебошад.

Ман рӯзи 16-уми октябри соли 1986 ба хонаи И.С. Брагинский занг задам, то бо эшон вохӯрам ва аз раҳнамоиҳояшон бархурдор шавам. То он вақт гарчи китобу мақолаҳои зиёди И.С. Брагинскийро хонда будам, ҳеч гоҳ ӯро надида будам. Албатта, аз хидматҳои босамари ин донишманд дар амри рушди адабиётшиносии тоҷикӣ ва шарқшиносии умуман шӯравӣ аҳли адаб пурра огоҳӣ доранд ва зикри онҳо шарт нест. Вақте телефонӣ суҳбат кардам ва он кас фаҳмид, ки ман аз Тоҷикистон ҳастам, хеле хурсанд шуд ва даъват кард, ки агар вақт дошта бошам, зуд ба манзили зисташ оям. Мутобиқи суроғае, ки бароям гуфта буд, ба хонааш рафтам. Вақте дарро худаш кушоду бо чеҳраи кушод маро пешвоз гирифт, хеле бо меҳрубонӣ ба даромадан даъват кард. Иосиф Самуилович он гоҳ 82-сола буд. Бо вуҷуди ин шахси хеле пурҳаракат, зиндадил, донишманд ва хушбин маълум мешуд. Эшон маро тарзе қабул кард, ки гӯё аз пеш мешинохта бошад ва мисле ки як хеши наздикаш ба аёдаташ омада бошад. Хотираи хеле қавӣ дошт. Аз ҳар боб бо камоли майл ба забони русии тоза сухан мекард.

Пас аз суҳбат бо ин марди бузург ба китобхона омада, фаврӣ таассуротамро ҳамон вақт ёддошт карда будам ва навиштаҳои зер аз ҳамон хотироти ман аст.

И.С. Брагинский аз адабиёти куҳансоли мо бо шавқи зиёд гап мезад. Гоҳе ба ваҷд меомад. Зимни суҳбат чунин маълумам шуд, ки вай ошиқи мардуми тоҷик ва адабиёту маданияти бостонии он буд. Ӯро ҳаргиз дар муомила одами хушк ва ботакаббур гуфтан мумкин нест. Ӯ гарчи хеле умрдида буд, дили пуршӯру пурэҳтиросе дошт. Дар бораи раванди замони кораш дар Тоҷикистон бо хушӣ суҳбат мекард. Аз ҷумла гуфт: “Ман дар Тоҷикистон байни мардум мерафтам. Дар муддати кӯтоҳ забони тоҷикиро омӯхтам. Бо мардуми тоҷик ба забони худашон суҳбат мекардам. Ман ба деҳқони тоҷики бесаводи солҳои 20-у 30 эътиқод доштам. Ӯ бесавод аст, аммо паси ҷуфти гов ғазалҳои Ҳофизу Бедилро аз ёд мехонд. Чунин мардумро ҷоҳил гуфтан нашояд. Ҷаҳони ботинӣ ва маънавияти чунин одамон хеле ғанӣ ва рангоранг аст”.

И.С. Брагинский аз устод С. Айнӣ бо муҳаббати хос гап мезад ва ӯро падари маънавии худ мехонд. Ин сухани И.С. Брагинский дар хотирам нақш бастааст. Ӯ ҳамон вақт гуфт: «Вақте модарам аз сарам рафт, устод Айнӣ дасташро ба китфам гузошт ва “писарам” гуфт»… Устод С.Айнӣ забони тоҷикиро натанҳо дар сатҳи баланд медонист, балки онро хуб ҳис мекард. Услуби эҷодии ӯ бештар шабеҳ ба Гогол аст, гарчанде ки ӯ Гоголро нахонда буд. Фақат солҳои 40-ум Гоголро дар тарҷумаи ӯзбекӣ хонда, изҳор карда буд, ки “нависандаи аҷоиб аст”. Брагинский дар ҳамин ҷо ба русӣ гуфт, ки “Устод Айнӣ находился на грани гениальности».

Иосиф Самуилович дар бораи зиндагии шахсиаш қисса карда гуфта буд: “Ман дар зиндагӣ хеле хушбахт ҳастам. Завҷаам Хая Нутовнаро аз 15-солагиаш дӯст доштам. Вай комсомолкаи фаъол буд. Баъди ду соли шиносоӣ тавонистам ишқи худро изҳор намоям. Ман ӯро, ки ҳоло 82 сол дорад, ҳанӯз ҳам мисли 15-солагиаш, балки бештар аз он дӯст медорам, чароки зиндагии беш аз 60-солаи муштарак дорем. Ӯ чор фарзанд ба дунё овард ва тарбия намуд”.

Аҷаб ин буд, ки И.С. Брагинский бо ман озодона, гӯё, ки бо ҳамсоли худаш суҳбат мекарда бошад, муносибат дошт.

Вақте фаҳмид, ки профессор Шарифҷон Ҳусейнзода устоди раҳнамои ман аст, хеле хурсанд шуд. Гуфт, ки Ҳусейнзода адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикиро хуб медонад ва донишманди пухтакор аст. Аммо дар мавриди мавзуи рисолаи илмии ман изҳор кард, ки “ҳайрон ҳастам, ки чаро Ш. Ҳусейнзода чунин мавзуъро ба ту додааст. Ба назари ман ҳалли ин мавзуъ бароят душвор аст. Ин мавзуъро, яъне таҳаввули қаҳрамони ғазали асҳои XIII-XIV-ро як аспирант қудрати ҳаллу фасл кардан надорад. Барои баррасӣ ва анҷоми дурусти он ягон доктори илм ва профессор бояд машғул шавад. Кӯшиш кун, ки мавзуъатро каме дигаргунатар шакл диҳӣ…”

Ҳамон вақтҳо даври “бозсозӣ” ва ошкорбаёнии горбочёвӣ оғоз шуда буд ва дар пойтахти Тоҷикистон, махсусан дар бораи костиҳои тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна сарусадоҳо авҷ гирифта буданд. Хоса дар мавриди моли кадом миллат будани илму адаби гаронқадри гузашта баҳсҳо мешуд.

И.С. Брагинский гуфт, ки “мешунавам, ки дар Тоҷикистон баъзе қувваҳо кӯшиш доранд, дар байни тоҷикону ӯзбекҳо нифоқ андозанд. Ин кори хубе нест. Мардуми тоҷику ӯзбек мисли гӯшту нохун ҳастанд. Онҳоро аз ҳам ҷудо кардан ва ё ба дӯстии ин ду миллат халал ворид намудан кори савобе нест. Шумо – ҷавонон, бояд ин дӯстиро боз ҳам мустаҳкамтар намоед. Дар миёни шумову ӯзбекҳо хешутаборӣ ҳаст. Нагузоред, ки бо ҳар баҳона ин пайвандҳоро гусаста гардонанд…”

Ман аз дидор ва суҳбати гарм бо И.С. Брагинский ҳаззи фаровон бурда будам ва шаммае аз онро барои шумо ироа намудам.

Лозим ба ёдоварист, ки хидматҳои ин адиби шаҳир дар Тоҷикистон низ ба таври шоиста қадрдонӣ шудаанд. Эътои Ҷоизаи давлатии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли 2024 ба ӯ далели арҷгузорӣ ба хидматҳояш аст.

Бадриддин МАҚСУДЗОДА,

профессор

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо