Рӯзи 7-уми май дар Донишгоҳи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ширкати намояндагони ниҳоду созмонҳои давлатию ҷамъиятӣ, рӯзноманигорон ва гардишгарон Ҷашнвораи муди «Аз Наврӯз то Наврӯз» барпо гардид.
Манучеҳр Шарифзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ин маросимро ифтитоҳ карда, гуфт, ки яке аз либосҳои миллии тоҷикона – гулдӯзии чакан дар Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО номзад ба сабт шудааст.
Ӯ афзуд, ки чакан ва чакандӯзӣ ҳунари мардуми тоҷик буда, дар он фалсафаи либос ва ашёи дигари рӯзгор истифода мешавад. Дар пироҳанҳои чакан нақшу нигори миллӣ, аз ҷумла офтобу косагул бештар гулдӯзӣ мешавад, ки он аз таърихи кӯҳан доштани чакани тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.

Дар идома донишҷӯён гирдовардаҳои либосҳои занона ва мардонаи гурӯҳиро ба намоиш гузоштанд, ки дар ҳар яки он унсурҳои миллӣ бо назокати вижа дарҷ шудааст. Ҳамчунин дар намунаи либосҳои донишҷӯён аз матоъҳои рангоранги миллӣ ба услуби муосир истифода шудааст, ки аз сӯйи ширкаткунандагони ҷашнвораи мазкур хуб пазироӣ шуд.
Дар фарҷом ба ширкаткунандагони фаъол барои пешниҳоди гирдовардаҳои беҳтаринашон диплому сипоснома ва туҳфаҳои баёдмонданӣ аз сӯйи раёсати донишгоҳ эъто шуд.
Гуфтанист, Ҷашнвораи муд ҳамасола дар Донишгоҳи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадаф аз роҳандозии он таблиғ ва татбиқи нерӯи эҷодии ҷавонон дар заминаи ҳунари тасвирӣ ва тарроҳӣ гуфта мешавад.