29.6 C
Душанбе

Дар Душанбе филми “Се тори ишқ” намоиш дода шуд

Дар кинотеатри Тоҳир Собирови шаҳри Душанбе рӯзи 28-уми феврал нахустнамоиши филми нави телевизиони “Синамо” – «Се тори ишқ» бо ширкати филмсозону алоқамандони синамо сурат гирифт.

Ин филм дар бораи се ҷавони ошиқ қисса мекунад, ки ба як духтар дил додаанд, вале духтар мехоҳад аз деҳа ба шаҳр барои таҳсил равад. Духтар хоҳиши шавҳар кардан надорад.

Гуфтанист, филми «Се тори ишқ» бо коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил ва Хуршеди Ҷамшед бар пояи филмномаи рӯзноманигор Олима Раҷабова сохта шудааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки “Се тори ишқ” дар деҳаи “Обшорон”-и ноҳияи Файзобод филмбардорӣ шуда, он Марворид Саидова, Ҷовидон Аминов, Саидҷон Муродов, Иброҳим Бобохонов, Моҳпайкар Ёрова, Мавлонбибӣ Наҷмидинова ва дигарон нақшофаринӣ кардаанд.

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо