(Бо ихтисор чоп мешавад)
Солҳои панҷоҳуми асри гузашта дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон гоҳе баҳсу мунозира, кашмакашу гапгузарониҳо дар рафти муҳокима он қадар метафсид, ки агар он ба гӯши одами берун аз дар расад, гумон мекард, ки он ҷо қиёмат қоим аст. Аз тарҷумон сар карда, то муҳарриру раиси шӯро ифода ё ибораи худро муҳофиза намуда, дурустии даъвоҳояшонро исбот карданӣ мешуданд. Лекин дар рафти чунин «гапхӯриҳо» ягон нафари онҳо аз остонаи адаб берун пой намемонд, ба иззати нафси якдигар намерасид. Албатта, дар гармогар мии баҳсу мунозира нофаҳмида, беихтиёр аз ҷо бархоста, овозро баланд мекарданд, лекин дарҳол узр хоста, дар ҷояшон менишастанд. Дар даҳони аксари онҳо калимаву ибораҳои «классикҳоямон гуфтаанд-ку!», «аз барои Худо!», «ба назарам, ин тавр гӯем, беҳтар будагист» садо медоданд.
Як тарҷумон дар ҷумлааш калимаи «охрана»-ро «нигоҳдорон» гуфта буд. Лекин дар луғат ин калима «посбон», «дидбон», «нигоҳбон», «бонӣ» ва ғайра тарҷума шуда будааст. То он рӯз тарҷумонҳо ин калимаро аз рӯи тавсияи луғати «Русӣ-тоҷикӣ» кор мефармуданд. Қариб ҳамаи ҳозирин ин калимаи навро написандиданд ва ҳар кас онро ба тарзи худ таъбир ва маънидод мекард.
– Деҳотӣ чӣ мегӯянд, охир, соҳиби луғат он касанд, – гуфтанд Сотим Улуғзода.
– Калимаи хушрӯ, – ҷавоб доданд Деҳотӣ.
– Лекин онро тарҷумон аз куҷо ёфта бошанд? Ва ё онро худашон сохтаанд?
– Русҳо ба ғайр аз «охрана» боз калимаҳои ба ин монанди «часовой», «постовой», «караул» доранд, ки тарҷумааш дар луғат ҳаст.
Ба эшон яке ғор зиндон кунам,
Нигаҳдорашон ҳушмандон кунам.
– Ин калимаро Фирдавсии бузург бисёр бамаврид кор фармудааст, – ба мубоҳиса ҳамроҳ шуданд Эммануил Муллоқандов. – Калима ба ман ҳам хеле маъқул. Ҷуръат карда онро ба кор бурдам.
– Кори нағз кардед, рафиқ Муллоқандов, – таъриф карданд Улуғзода. – Забони тоҷикӣ боз бо як калимаи шинаму зебои ҳазор сол пеш офаридаи ҳазрати Фирдавсӣ бой шуд. Дар «Шоҳнома» калима ва ибораҳои зиёде ҳастанд, ки бо вуҷуди аз истеъмол афтоданашон, ҳанӯз ҳам зинда буда, қимати худро гум накардаанд ва ба ину он ибораҳои имрӯзаи мо муродифҳои хубе шуда метавонанд. Фикр мекунам, ҳамаи онҳоро ҳам набошад, бештаринашонро тайёр гирифта кор фармудан мумкин аст. Бигиред калимаҳои «заҳролуд», «шакаролуд», «лойолуд», «асалолуд» ва ғайраро, ки ҳамаашон тобиши манфӣ доранд. Аз адоти «олуда» истилоҳ ё ибораи тобиши мусбат сохтан номумкин аст. Фирдавсии ҷовидон кори моро дар ин бобат ҳам хеле осон кардааст, ки раҳмат ба турбати покаш! Ӯ калимаи «заҳробдида»-ро ихтироъ кардааст, ки ба матлаби мо бағоят мувофиқ ва муносиб аст.
– Калимаи «хоҳишгарӣ» чӣ, – мавзуъро дастгирӣ карданд Самад Ғанӣ аз ҷой бархоста.
Ту хоҳишгарӣ кун ба наздики шоҳ,
Зи кирдори мо, то бубахшад гуноҳ
– гуфтани ин подшоҳи суханро намегӯед? Мо дар ин маврид ғайр аз калимаи «дархост»-у боз як калимаи камистеъмоли «шафоат» қариб дигар чизе надорем.
– Домулло Деҳотӣ ҳам ба ҳамин монанд калимаҳои рехтаи дорои маънии нав офаридагӣ, – хан дида гуфтанд Сотим Улуғзода. – Шабона телефон карда, аз Шумо маслиҳат пурсидани як тарҷумо намон ва истилоҳ сохта доданатонро аз худатон шунавем, хеле хуб мешуд, – хоҳиш карданд Сотим Улуғзода. – Овозаашро аз тарҷумонҳои нашриёт шунидем.
– Ба чашм! Лекин ҳозир мавриди муносиб набудагист, Сотимхон? Кор мондааст. Пагоҳ директори нашриёт ба сарамон чормағз нашикананд? Аз ҷадвали кор дер намонем мегӯям.
– Мо ҳам муштоқи шунидани ин қиссаем, – Улуғзодаро дастгирӣ карданд Ҳабиб Аҳрорӣ. – Мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он ки аттор бигӯяд.
– Бигузор гуфтаи шумо шавад, – розӣ шуданд Деҳотӣ. – Мебинам, ки аз шумоён халосӣ нест.
– Як шаби зимистон баъди аз сари миз хеста ба ҷойгаҳ даромаданам садои занги телефон баромад. Гумон кардам, ки дар ин бевақтии шаб ҳодисае руй додаасту ягон хешамон аз Самарқанд занг зада истодааст. Ҷомаро ба китфам партофта, ба сари телефон, ки дар хонаи дигар буд, рафтам. Телефон беист занг мезад. Гӯшакро бардоштам.
– Ба ман Абдусалом Деҳотӣ даркор, – омад овози шинос.
– Абдусалом Деҳотӣ манам.
– Ассалому алайкум, домулло. Мебахшед, ки дар ин қот шуморо безобита кардам, – узр меовард ӯ. – Медонистам, ки шумо ҳам мисли банда шабона кор мекунед, барои ҳамин ҷуръат карда занг задам.
– Матлаб? – пурсид
– Домулло, як брошюраро аз соҳаи чорводорӣ тарҷума карда истодаам. Дар як ҷояш дармондам. Фикр кардам, ғайр аз шумо дигар касе нест, ки мушкили маро осон кунад.
– Вай чӣ будааст?
– Гап дар он ки дар фермаҳои чорвопарварӣ чанд қӯҷқору буққаи зотиро алоҳида парвариш карда, хӯроки серғизо медодаанд, то ки бақувват шаванд. Ҳамин қӯчқору буққаҳоро дар русӣ «баран-производитель», «бык-производитель» мегуфтаанд. Ёрии шумо даркор.
– Домулло, шумо гӯед, ки ин «баран-производитель», «бык-производитель» барои чӣ лозим будаанд?
– Ин қӯчқору буққаҳоро барои бордоркунии сунъӣ истифода мебурдаанд. Дастгоҳи махсус будааст, байторҳо меш ё модагови буққаталабро барои ҷуфт кардан ба наздики ҳамин қӯчқору буққа меовардаанд. Лекин ҳангоми ҷуфткунӣ онҳоро аз кайфият бенасиб мегардонидаанд. Мешу модагови овардаашонро аз дастгоҳ гурезонда, дар пеши шиками қӯчқор ё буққа пешгир баста, ба зери ши камаш зарфи махсуси даҳонмулоими ширгармро медоштаанд. Баъд аз моеъи ин зарф садҳо мешу модаговҳоро ба таври сунъӣ бордор мекардаанд.
– Ман чӣ кор кунам? – аз ин нақли дурудароз ва печдарпечи тарҷумон дилгир шудам.
– Дар тарҷумаи номи ҳамин «баран-производитель» ва «бык-производитель» дармондам.
– Онҳоро «қӯчқори бадбахт», «буққаи бадбахт» ном монед, домулло, – гуфтам.
– Аққол ёфтед, домулло, – нарангушти дасти росташонро боло карда алвонҷ додан гирифтанд Самад Ғанӣ.
Ҳама базавқ хандиданд. Ман сарамро хам карда, бо қалам рӯи коғаз ҳар гуна шаклҳои ҳандасӣ мекашидам.
– Беадабӣ шуд-ку! – ба сӯи ман нигаристанд Деҳотӣ. – Ман саргарми нақл шуда, дар ин ҷо ҳозир будани шогирдро пайхас накардам, – сари сафедашонро ба ду тараф ҷунбонда-ҷунбонда афсӯс мехӯрданд Деҳотӣ.
– Парво накунед, домулло. Бачаҳои ин замон дар ин масъалаҳо ба ману шумо сабақ меомӯзонанд, – чашмак заданд ба сӯям Самад Ғанӣ.
В.И. Ленин дар як мақолааш мақоли машҳури русии «Волка боишся, в лес не ходи»-ро кор фармуда буд. Тарҷумон муродифи мақоли тоҷикии «Аз гунҷишк тарсӣ, арзан накор»-ро оварда буд. Баҳси сахт хест. Ҳар кас бо далелу бурҳон даъвои худро исбот карданӣ мешуд. Яке мегуфт, ки тарҷумон муродифи муносиб ёфтааст. Дигаре ба ӯ эрод мегирифт, ки муродифи тоҷикиаш мазмуну моҳияти фикру ақида, мақсади Ленинро ифода карда наметавонад.
– В. И. Ленин дар ин мақолааш буржуазияро ба гург монанд кардааст. Гург куҷову гунҷишк куҷо? – эрод мегирифтанд Абдусалом Деҳотӣ.
Донаи филфил сиёҳу холи маҳрӯён сиёҳ,
Ҳарду ҷонсӯзанд, аммо ин куҷову он куҷо?
– Гунҷишк рост наояд, – гуфтанд Самад Ғанӣ, – паланг рост меомадагист, ки ба ин шеъри Саъдии Шерозӣ муносиб аст:
То мард сухан нагуфта бошад, Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад. Ҳар беша гумон мабар, ки холист, Шояд, ки паланг хуфта бошад.
– Дар адабиёти мо шеру паланг аксаран образҳои мусбатанд. Ба мо образи манфӣ, дар рандаи хунхор лозим. Гунҷишк як мушти пар аст ва дар набардҳои револютсионӣ аз дасташ чизе намеояд ва аз ӯ ҳеч кас наметарсад. Лекин гурги даррандаи хуношоми буржуазия пролетариат, синфи коргари бесилоҳро ғарқи хун карда метавонад. Аз ин рӯ, мақоли «Аз гунҷишк тарсӣ, арзан накор» ба дарди Ленин намехӯрад, – аз ҷо бархоста папиросро ба даҳон монданд Деҳотӣ. – Ӯ меншевикон ва шарикони буздили онҳоро ҳушдор медиҳад, ки агар болшевикон дар мубориза аз гурги ваҳшии одамхӯр тарсанд, ба мақсад намерасанд. Бинобар ин, барои муваффақ шудани револютсия шуҷоату ҷасорат нишон додан зарур аст. Ба фикри ман, мақолро ба тоҷикӣ айнан тарҷума кардан лозим: «Аз гург тарсӣ, беша марав!».
Ниҳоят Сотим Улуғзода ба миён даромада, баҳсро дипломатона ҳал карданд:
– Ҳамин мақолро ба услуби классикҳоямон дароварда, баён кунем, шояд равонтар шавад: «Аз гург андеша дорӣ, беша марав».
– Ёфтед, дуппа дуруст! – шодикунон таҳсину офарин карданд Ҳабиб Аҳрорӣ. – Мақолсозӣ аз ин беҳтар намешавад.
Ҳамин тариқ, мақол ба ифодаи Сотим Улуғзода қабул шуд ва Оқилов онро дар ҳошияи варақ навишта ба матн дароварданд.
Бояд гуфт, ки дар баҳсу мунозираҳои «корӣ» ҳеҷ кас аз ҳамдигар намеранҷид. Яке дигареро сарзаниш ё таҳқир намекард, носазо намегуфт. Оташин мешуд, баъзан «гулӯ медарронд», лекин одобу қоидаи баҳсро риоя мекард. Баҳсҳо боадабона, одилона ҳал мешуданд. Агар касе дар рафти баҳс ба мисли С. Улуғзода муродифи хуби ин ё он калимаву ибора, мақолу зарбулмасалро меёфт, ҳама мисли он ки футболбози ба дарвозаи ҳариф голзадаро шариконаш миёнагир карда, таҳсину офарин мегӯянд, шодикунон «Офарин! Қанд занед! Дурусташро ёфтед» – гӯён он шахсро бардор-бардор мекарданд.
Вале агар мабодо тарҷумон ба ҳар ҳол ба ислоҳи матнаш розӣ нашавад, ҷонибдорон пешниҳодро ба овоз мемонданд. Дар чунин мавридҳо Сотим Улуғзода, ки аксари масъалаҳоро дипломатона, яъне аз рӯи мақоли машҳури «на сих сӯзаду на кабоб» яктарафа мекарданд, боре ба тарҷумон, хусусан ба Эммануил Муллоқандов рӯ оварда, гуфтанд:
– Эммануил, иқрор шав, ҷумлаат ҷуҳутӣ шудааст. Мо онро тоҷикӣ карданӣ. Лекин малӯл нашав, ҷумлаат тоҷикии самарқандӣ. Мо вазифадорем, ки онро адабии умумитоҷикӣ кунем, – розӣ мекунонданд тарҷумонро Сотим Улуғзода.
– Ин варианташ ҳам дар қавсайн оварда шудааст-ку! – эрод мегирифтанд Э. Муллоқандов.
– Мо аз байнашон беҳтару равонтар ва фаҳмотарашро хуш карда мегирем, – фикри Улуғзодаро тақвият медоданд Деҳотӣ.
Муллоқандов баъзе ибораҳо ва ҳатто ҷумлаҳоро дар қавсайн ба чанд тарз баён мекарданд. Ин корро, ба фикрам, ба он хотир мекарданд, ки сабку услуби муҳаррирон гуногун буд. Бо ин корашон гӯё исбот карданӣ мешуданд, ки ҳунари ба сабку услуби дигар тарҷума кардани матнро низ доранд.
Ленин дар як мақолааш ақидаи меншевикро сахт танқид карда, мегӯяд, ки «По сути он светой статей льет воду на мельницу эсэров».
Тарҷумон онро айнан ба тоҷикӣ ба тарзи зайл гардонида буд: «Ӯ бо ин мақолааш аслан ба осиёби эсэрҳо об мерезад».
То корректураи охирин ба дурустии ин мақол ҳеҷ кас шубҳа накард, зеро ғалате надошт. Лекин пеш аз ба чоп гирифтани асар, ки онро мусаҳҳеҳу муҳаррир хеле бодиққат мехонданд, ногаҳон ба он Деҳотӣ эътибор доданд.
Вақте ки ҳама дар кабинети калон, ба қавли Деҳотӣ «машваратхона», ҷамъ омада, шахсони мутасаддӣ ба чопи асар иҷозат дода, онро имзо мекарданд, устод Деҳотӣ папироси «Казбек»-ро ба даҳон монда, оташ доданд ва дуди кабуди онро чунон сахт ба дарун кашиданд, ки қариб нисфи тамоку сӯхта хокистар шуд, баъд фағонаашро аз даҳону биниашон бароварда, чашмонашонро нимкоф карданд ва гуфтанд:
– Ба ҳар ҳол, ун мақоли овардаи Ленин аз ҷиҳати мантиқ, чи дар русӣ ва чи дар тоҷикӣ, нодуруст аст.
Ҳама мутаваҷҷеҳи ин даъво гаштанд.
– Кадом мақол? – пурсиданд Улуғзода.
– Сабил, ҳамон мақоли «ба осиёб об рехтан».
– Куҷояш нодуруст? – савол доданд Эммануил Муллоқандов.
– Инсоф диҳед, ибораи «об рехтан» маънои бо дасти кас ба ягон зарф об рехтани касро дорад. Охир, ба парраҳои чархи осиёб бо даст об рехта, онро гардондан оё имкон дорад? Ҳаргиз! Сад кас ҳам бо сатил об резад, чархи осиёбро гардонда наметавонад.
– Дар русӣ ҳам «лить» омадааст-ку! – эрод гирифтанд Самад Ғанӣ.
– Ба назарам, ҳамон ҳам ғалат, – даъво карданд Деҳотӣ. – Одатан, ба осиёб ҷӯ кофта, аз чашма ё аз дарё об мебиёранд. Каму зиёди оби заруриро дар саргаҳи новаи осиёб ба низом медароранд. Худатон нағз медонед, ки об кам бошад, чархи осиёб намегардад ва агар об зиёдтар аз меъёр биёяд, суръати чархро тезонида, ҳам чархро аз кор мебарорад ва ҳам ғалларо хуб орд намекунад, – даст ба киса бурда, гӯгирдкобӣ карданд Деҳотӣ. – Ҳар осиёббон меъёри оби осиёбашро хуб медонад. Бинобар ин, ӯ пеш аз шуруъ кардан ба кор ба саргаҳи об рафта, ба сӯи осиёбаш миқдори зарурии обро чӣ кор мекунад? Сар медиҳад, мегардонад, на ин ки мерезад.
– Далелатон бисёр пухта, домулло Абдусалом, – аз ҷой бархоста назди Деҳотӣ омаданд Сотим Улуғзода. – Агар ман ҳам папиросро шумо барин дамбадам дуд кунам, ба сарам ҳамин хел фикри бикр меояд, – хандиданд устод. – Ин шарофати дуди папирос аст. Вай ҷӯйчаҳои каҷу килеби майнаро гузашта, барои пайдо шудани фикри тоза роҳравҳояшро дизинфексия мекунад, – папиросро он кас низ ба даҳон монда гӯгирд заданд.
– Ана Эммануил, ки папирос намекашад, роҳҳои майнааш ғуборолуд аст, – ба сӯи Муллоқандов рӯ гардонданд Сотим Улуғзода.
– Рост мегӯед, домулло, – иқрор карданд Муллоқандов. – Воқеан, ҳамин мақолро устод Айнӣ дар романашон «Ғуломон» ба тарзи гуфтаи домулло Деҳотӣ кор фармудаанд. Нав ба хотирам омад.
– Агар мо барин папироскаш мебудед, аз хотиратон намебаромад, – шӯхиомез гуфтанд Сотим Улуғзода.
– Хайр, чӣ кор мекунем? – саволро кӯндаланг ба миён монданд Деҳотӣ.
– Ба ислоҳ кардан мекунем, лекин ба бечора Раҳим Илёбоев ҷавр мешавад-дия! – дилсӯзӣ намуданд Ҳабиб Аҳрорӣ. – Аз нав он қадар металро тагурӯ карда, ислоҳро дароварданаш даркор. Кошки дастонаш соғ бошад. Ғариб, ду дасташ чор ангушт дораду халос.
– Зарур бошад, раво бошад, – овоз баланд карданд Самад Ғанӣ. – Истетон, ки барои ёрӣ шогирдамонро ба назди Илёбоев фиристонем чӣ?
– Маслиҳат хубу аммо майлу хоҳиши шогирдро ба назар гирифтан лозим, – ба сӯям нигоҳ карданд Деҳотӣ.
– Ман тайёр! – зуд аз ҷо бархостам. – Аз ин пеш ҳам ба он кас дастёрӣ карда будам, – розигиамро изҳор намудам.
– Абдулҳамид, он ҷумларо ба таври нав таҳлил кунед. Ба ҷои калимаи «рехтан» «сар додан» нависеду ба дасти шогирдатон супоред, ки зуд ба матбаа рафта, ислоҳ кунонда, оттискашро гирифта биёранд, – супориш доданд Сотим Улуғзода.
Назрӣ ОБИДОВ