Аз ангушти Сайидалӣ Маъмур хун гирифтан мехоҳанд. Барои таҳлил. Ҳамшираи тиббӣ ба нӯки ангушти ӯ сӯзан мезанад ва… Аҷабо, барои чӣ хун намебарояд? Шояд нӯки сӯзан ба пӯст нахалид?
Ҳамшира боз сӯзан мезанад. Аз шиддати дард чинҳои пешонии Сайидалӣ гиреҳ хӯрда, лабҳояш баҳам меоянд, лекин… овоз намебарорад. Ба ҷои ӯ ҳамшира дод мезанад: «Ин чӣ гап? Барои чӣ хун нест?»
– Дастатонро ба гармкунаки барқӣ наздик баред. Аҷаб не, хун ях бастааст.
– Оё хун ях мебандад? – оҳанги тааҷҷуб мекунад Сайидалӣ, вале дастонашро ба гармкунак медорад.
Баъди чанд дақиқа ҳамшира бори дигар ба ангушти шоир сӯзан мезанад. Ин дафъа тоқати ӯ тоқ шуда, ба тамоми қувват… Овози ӯро шунида, мудири шуъба ҳозир мешавад. Ва ба воқиа бовараш намеояд.
Ҳамшира аз ангушти Сайидалӣ паи сӯзанро нишон дода, мегӯяд, ки… ана, се бор сӯзан задаст.
Ҳайрати духтур афзуда, саволомез ба рӯи Сайидалӣ менигарад ва ӯро… шинохта, механдад.
– Э чӣ ҷои тааҷҷуб! Хун надоштани шоир як чизи муқаррарӣ-ку…
Ҳар кӣ сухан бар сухане зам кунад,
Қатрае аз хуни ҷигар кам кунад!
Чандон мард нестем
Дар арафаи Иди занон – 8 март Ҳайрат гуфт:
– Фаҳмидӣ, ба занҳо даҳҳазорсӯмӣ идона медодаанд.
– Наход? – бовари ман наомад, зеро медонистам: дар он шабу рӯз нашриёт ба чунин «ҳиммат» қодир набуд.
– Ҳа… Инро аз манбаи боэътимод фаҳмидам.
Чашмони Ҳайрат барқ мезаданду аз умқи онҳо осори хушҳолӣ намоён буд.
– Аз манбаи боэътимод?.. Фақат ба занҳо медодаанд ё…
Ҳайрат табассум кард.
– Не, ба мардҳои занмизоҷ ҳам медодаанд.
Ман бо тааҷҷуб ба ӯ нигаристам.
– Ин тавр бошад, барои чӣ бепарво нишастаӣ? О рав, ба рӯйхати занҳо номи ҳардуямонро навис. Чунки мо ҳам чандон мард нестем. Яъне, ту пири фартут, ман – бемор…
Ҳайрат ба аломати таҳсин калла ҷунбонд.
– Пешниҳоди олиҷаноб, лекин… бе иҷозати Сайидалӣ намешавад. Вай мудир, яъне касе, ки дар мавридҳои зарурӣ метавонад ба мардони комил набудани мо – муҳаррирони шуъбааш кафолат диҳад.
Ин гап ҷон дошт, бедиранг аз ҷой хестем.
Сайидалӣ Маъмур арзи моро бодиққат шунида, каме пешонӣ молиду гуфт, ки… ин рӯзҳо масъалаи пул дар воқеъ ҳам бисёр ҷиддист ва зуд рафта, дар рӯйхат шомил шавем.
Мо пас гаштем.
– Истед, – паси сар хорид Сайидалӣ. – Марди бепул оё мард аст?! Номи маро ҳам ба рӯйихат нависед…
Раис шавед
Бо раиси Хазинаи башардӯстонаи дастгири публисистикаи Тоҷикистон («Таджикинтерпресс») Саттор Турсун дар чойхона чой менӯшидем. Димоғи ӯ аз чи бошад, чоқ буд, хушнудона ба чор тараф назар андохта, ҳазлҳои пурзарофати дилнишин мекард. Аз ҳама аҷиб ин буд, ки ҳар лаҳза ҳаворо бӯй кашида, ягон сухани лутфомез мегуфт:
– Оҳ, оҳ! Бӯи гули садбарг. Дар дунё аз садбарг хушбӯйтар гуле нест!.. Баҳ! Ба худо, девона шудан мумкин. Ин накҳати димоғпарвари гӯштбирён!.. Шумо чӣ тавр тоқат мекунед? О беҳуш шавед, ба замин афтед. Кадом як соҳибҷамол доманашро афшонд!..
Аз суханҳои Саттор дили Ҳасан Муҳаммадӣ гум заду малӯлона гуфт:
– Афсӯс, ки биниам маҳкам асту бӯеро намешунавам.
– Табобат кунед, – маслиҳат дод Сайидалӣ Маъмур. – То кай ин хел мегардед?..
Ҳасанбой оҳ кашид.
– Табобат карда истодам, вале… ҳеч не, ки кушода шавад.
– Медонед-чӣ, – ба худ қиёфаи ҷиддӣ гирифт Сайидалӣ, – як роҳи аҷиби табобат ҳаст. Бовар кунед, он димоғро зуд мекушояд. Агар як зиёфат диҳед, мегӯям.
– Гӯед, – дурахшиданд чашмони Ҳасанбой, – як не, ду зиёфат медиҳам.
Сайидалӣ тарафи Саттор Турсун назаре афканда, табассум кард.
– Раиси ягон хазина шавед!..
Ба соҳибаш расонам
Китоби нави Кӯҳзод дар дасти Сайидалӣ Маъмур буд.
– Аз матбаа доданд, ки ба Ӯрунбой расонам. Мо – ҳамсоя.
Пасу пеш ва даруну беруни китобро аз назар гузаронда, бо таассуф калла ҷунбондем. Он беҳунарона ширеш ва ҷузъбандӣ шуда буд.
Азбаски мо китобро бо шавқ тамошо доштем, Сайидалӣ бесаранҷом гардид.
– Ин қадар кушода мепӯшед? – саросема китобро аз дастамон гирифт. – О монед, ки саҳифаҳояш аз ҳам нарехта, ба соҳибаш расонам!..
Намедонам
Соли 1992. Аввали шаб. Ҳаракати нақлиёт кайҳо қатъ гардидааст. Шоирон Сайидалӣ Маъмур ва Гулназар Келдӣ сархушона қадам зада, аз ҷашни мавлуди кадом як ҳамқалами худ меоянд.
Дар маҳаллаи Қарияи Боло воқеаи хилофи чашмдоште рӯй медиҳад. Дар кӯчаи холию беодам ногаҳон як гурӯҳ ҷавонон пайдо мешаванд ва Гулназарро миёнагир карда, бо як овоз талаб менамоянд, ки нимтанаи чарминашро аз тан кашад.
Гулназар ҳайрон мешавад: чаро онҳо ӯро ба ҳалқаи худ гирифтанд? Барои чӣ нимтанаашро кашад? Оё чунин рафтори ношоям ба шаъни ҷавони имрӯза мезебад…
– Зудтар бош, – аз таъхири Гулназар ба ғазаб меояд сардори гурӯҳ. – Агар не, худамон мекашем!..
Ин дам Сайидалӣ ҳушёр шуда, саросема худро даруни ҳалқа мегирад ва дар гӯши сардори гурӯҳ чизе мегӯяд. Сардор як қад парида, дасту по мехӯрад ва бо овози ларзон ба ҳамроҳонаш амри фирор медиҳад. Ҳамин тариқ, ҷавонони нохост дар кӯча пайдошуда нохост ба куҷое ғайб мезананду шоирон ба роҳи худ мераванд…
Вақте ба хона расиданд, Гулназар аз Сайидалӣ мепурсад:
Сайидалӣ, ки акнун тамоман ҳушёр шуда буд, китф дарҳам мекашад.
– Ба Худо, дар ёдам нест. Чун дидам, ки онҳо туро миёнагир карданд, аз ғояти тарс ҳуш аз сарам парид ва намедонам чӣ гуфтам…
Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ